Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ
Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон воҳиди муҳими сохтории донишгоҳ ба ҳисоб рафта, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои марҳилавии рушди инноватсионии донишгоҳ таъсис ёфтааст. Марказ фаъолияти худро дар самти таъмини хизматрасонии техникӣ, ташкили шабакаҳои маҳаллии компютерӣ, танзими дастрасӣ ба Интернет, рушди Академияи шабакавии Cisco ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар раванди таълим ба роҳ мемонад. Инчунин, марказ барои такмили низоми идоракунии электронии донишгоҳ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии кормандон ва омӯзгорон, инчунин таҳкими базаи моддию техникии муассиса саҳми назаррас мегузорад.
Ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” соли 2024 Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ ба Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ табдил дода шуд.
Дар сохтори марказ се бахш фаъолият мекунад: бахши хизматрасонии техникӣ ва таъминоти барномавӣ ва бахши хизматрасонии шабакаҳои корпоративӣ ва интернетӣ. Марказ таъминоти техникӣ ва барномавии воситаҳои иттилоотиро ба роҳ монда, барои амнияти иттилоотӣ, фаъолияти устувори шабакаҳои дохилӣ ва низоми назорати видеоии донишгоҳ масъул мебошад. Илова бар ин, марказ таҳияи барномаҳои автоматикунонӣ, нақшаҳои хариди таҷҳизоти компютерӣ, ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти Академияи шабакавии Cisco-ро анҷом медиҳад. Бо ин роҳ Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ ба рушди рақамии Донишгоҳ ва татбиқи самараноки технологияҳои инноватсионӣ мусоидат мекунад.
Ҳоло дар раванди таҷким баҷшидани пояи моддиву техникии љараёни таълим дар Донишгоҷ 42 синфхонаи лексионӣ, 20 синфхонаи компютерӣ, 33 озмоишгоҷ, 30 синфхона барои дарсҷои амалӣ, 94 адад тахтаи анъанавӣ ва 90 адад тахтаҷои электронӣ, 4 адад трибунаи электронӣ, 108 адад проектор ва дигар таљҷизоти мултимедиявию аккустикӣ мавриди истифода ќарор дода, айни замон дар љараёни таълим зиёда аз 801 адад компютерҷои замонавӣ истифода шуда истодаанд.
