Китобхонаи илмӣ-электронӣ

Ниёзов Алишер Маҳмадзарифович

Мудири китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
library95@list.ru
2345996, 938434364
More Detail

КИТОБХОНАИ ИЛМӢ-ЭЛЕКТРОНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

Фаъолияти китобхонаи илмӣ-электронӣ дар асосӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ”, “Дар бораи иттилоот”, “Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он”, “Дар бораи табъу нашр”, “Дар бораи фарҳанг” Оинномаи донишгоҳ, Низомнома ва нақшаи кории китобхона, ба роҳ монда мешавад.

Китобхона ҳамчун маркази асосии таъминкунандаи раванди таълим бо иттилоот дар ташаккули салоҳияти касбии донишҷӯён нақши муҳим дорад.

Бинои нави китобхонаи илмӣ-электронӣ Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо тарҳи замонавӣ дар соли 2021 сохта ба истифода дода шудааст.

 Китобхона дар самтҳои зерин фаъолияти худро ба роҳ мондааст:

  • ҳамарӯза вориднамоии адабиётҳо ба феҳристи электронӣ;
  • ғанӣ гардонидани сомонаи китобхона;
  • зиёд намудани шумораи аъзоёни китобхона;
  • ҳамкорӣ бо дигар китобонаҳо;
  • намоиши китобҳои тозанашр;
  • ҷалби донишҷӯён ба китобхона;
  • ширкат дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ;
  • ташкили чорабиниҳои китобхонавӣ;
  • такмили ихтисоси кормандони китобхона ва ғ;
  • Автоматизатсиякунонии раванди хизматрасонӣ;

Бо мақсади таҳким бахшидан бад дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати созмон додани ҳукумати электронӣ, дар китобхона системаи хизматрасонии автоматизатсионӣ ба роҳ монда шудааст. Системаи мазкур имконият медаҳад, ки донишҷӯёни донишгоҳ китобҳои электрониро ба ҷуз сомонаи китобхона http://elibrary.tut.tj/ боз ба воситаи library95@list.ru аз mail.ru ва тавассути library.tut.tj аз Телеграмм ҳамарӯза дастрас намоянд.  

  Фонди китобхона: Фонди китобхона айни њол 72 624 нусха буда аз ин 24160 номгӯй маводҳо ва китобҳои дарсии соҳави бо забони тоҷикӣ, 18980 нусха бо забони русӣ ва  29484 нусха адабиётҳои гуногунсоҳа мебошанд. Теъдоди китобҳои электронии Китобхонаи илмиӣ-электронӣ 259951 номгӯй буда аз ин 77 122 бо забони тоҷикӣ,  149 801 номгӯй бо забони русӣ ва 33 028 бо дигар забонҳо мебошанд.

Сомонаи электронӣ: Дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии созмондиҳии китобхонаҳои электронӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати вусъат додани хизматрасониҳои электронӣ  ва дар системаи электронӣ ба роҳ мондани фаъолияти Китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳ сомонаи китобхонаи электронӣ http://elibrary.tut.tj/ таъсис дода шуд.

Дар самти ҳамкори китобхонаи илмӣ-электронии ДТТ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи илмии Маркази миллии патентию иттилоотӣ, ва ҳамчунин бо китобхонаҳои донишгоҳҳои зерин робита дорад, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.

Таъмини базаи моддию техникии китобхона ба талоботҳои имрӯзаи истифодабарандагон ҷавобгӯ буда дар он тамоми шароитҳои барои донишҷӯён фароҳам оварда шудааст. Китобхона бо фонди электронӣ ва таҷҳизотҳои замонавӣ аз он ҷумла компютер, монитор, принтер, сканнер, таъмин ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

  1. Миқдори компютерҳо:

Дар умум

Ба шабакаи Интернет пайваст

Дар толори электронӣ

 

Дар дигар шуъбаҳо

Телефизор

35

35

28

7

3

  1. Миқдори тақҳизотҳои нусхабардоранда. (сканнер ва принтерҳо);

Саннерҳо

А4/А3

Сканнерҳои хурд

 

Принтерҳо

 

4/1

27/2

3

 3.Миқдори ҷойи нишаст дар китобхона

Дар умум

Толори хониш

К. Электронӣ

Т.Конференсияҳои онлайнӣ

Дигар шуъбаҳо

210

120

40

43

7