Кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии компютерӣ

Ғуломсафдаров Абдулназар Ғуломназарович

мудири кафедра

Номзади илмҳои техникӣ, и.в.дотсент.

E-mail: abdulnazarg80@gmail.comabdulnazar80@mail.ru.

 

Кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии компютерӣ (пештар, барномасозӣ ва технологияҳои иттилоотӣ) ҳамчун ҷузъи сохтории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз соли 2000-ум амал мекунад.

Дар солҳои муайян вазифаи мудирии кафедраро нафарони зерин иҷро кардаанд:

  • солҳои 2000-2002: ЮСУПОВ Мирзо Чулиевич – номзади илмҳои физикаю математика, дотсент;
  • солҳои 2002-2005: ИСМОИЛОВ Мизроб Ахмедович – номзади илмҳои физикаю математика, дотсент;
  • солҳои 2005-2008: ЗАРИПОВ Сайдаҳмад Асрорович – номзади илмҳои физикаю математика, и.в. дотсент;
  • солҳои 2008-2011: ТУРСУНОВ Раҳматулло Ҷалолович – номзади илмҳои физикаю математика, и.в. дотсент;
  • солҳои 2011-2012:НАЗАРЗОДА Рустам Саидмурод – номзади илмҳои педагогика, муаллими калон;
  • солҳои 2012-2015: ЗАРИПОВ Сайдаҳмад Асрорович – номзади илмҳои физикаю математика, и.в. дотсент;
  • солҳои 2015-2022: ТУРСУНОВ Раҳматулло Ҷалолович – номзади илмҳои физикаю математика, и.в. дотсент.

Аз соли 2022 вазифаи мудирии кафедраро номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент ҒУЛОМСАФДАРОВ Абдулназар Ғуломназарович ба уҳда дорад.

Тайи солҳои фаъолияти кафедра, дар заминаи он 4 нафар кормандон рисолаҳои номзадии худро омода ва ҳимоя карданд.

Кафедра аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассисонро омода месозад:

1-40 01 01 01 – «Системаҳои компютерӣ ва Интернет-технологияҳо»;

1-40 01 01 02 – «Системаҳои автоматикунонидашуда»;

1-40 01 01 07 – «Таъминоти математикӣ ва барномавии истеҳсолоти автоматонӣ»;

1-40 01 01 08 – «Муҳандисии барномавӣ»;

1-40 03 01 01 – «Зеҳни сунъӣ».

Фанҳои таълимӣ:

  1. Амалияи барномасозӣ
  2. Асосҳои алгоритмсозӣ ва барномарезӣ
  3. Барномасозӣ дар JAVA Script
  4. Барномасозӣ дар ИНТЕРНЕТ
  5. Барномасозии самти объектӣ
  6. Барномасозии функсионалӣ ва мантиқӣ
  7. Забонҳои  барномасозӣ ва таҳияи дастаи барномаҳои амалӣ
  8. Тархрезии таъминоти барномавӣ
  9. Назарияи иттилоот
  10. Назарияи идоракунии автоматӣ
  11. Технологияи сохтани шабакаҳои компютерӣ
  12. Технологияи барномасозӣ (С++)
  13. Сохтор ва алгоритмҳои коркарди додашудаҳо
  14. Таҳияи замимаҳои мизоҷ-серверӣ
  15. Таъминоти барномавии  графикӣ
  16. Технологияи коркарди таъминоти барномавӣ
  17. Усулҳои тафаккури сунъӣ
  18. Симулятсияи компютерӣ
  19. Таҳияи ВЕБ-замимаҳо
  20. Таҳлили системавӣ
  21. Таҳия ва таҳлили талаботи таъминоти барномавӣ