Илм

Департаменти илм ва татбиқот

Департаменти илм ва татбиқот мутасаддии асосии баланд бардоштани неруи зеҳнии донишгоҳ, филиал ва дигар ҷузъҳои сохтории он аз нигоҳи тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ буда, кафолати  самаранокии фаъолияти аспирантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD)  ва унвонҷӯёни кафедра ва факултетҳоро таъмин менамояд, роҳҳои дар муҳлатҳои нишондодашуда ҳимоя намудани рисолаҳои номзадӣ ва докториро ҷустуҷӯ намуда, онро дар амал татбиқ менамояд ва фаъолияти докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD)-ро ҳамоҳанг месозад. Департамент инчунин консепсияи ташкил намудани технопаркҳо, озмоишгоҳҳои фаннӣ ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотиро дар раванди омӯзиши фанҳо ва ҷалб кардани донишҷӯёну омӯзгорон ба фаъолияти инноватсионӣ, навоварию эҷодкорӣ, дар сатҳи кафедра ва факултетҳо ташкил намудани маҳфилҳои эҷодии худтакмилдиҳии донишҳои касбиро таъмин менамояд.

Аз рӯзи таъсисёбии Коллеҷи олии технологии саноати сабук ва хӯрокаи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) дар сохтори он департаменти илм ва татбиқот таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро муовини ректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ Наҷмиддинов С. Ҳ. ба уҳда дошт. Баъдан, соли 1992 н.и.ф.-м., дотсент Ашӯров С.Б., аввал, ба вазифаи муовини ректор оид ба илм, сипас, ба вазифаи муовини ректор оид ба таълим ва фаъолияти илмӣ таъин гардид.

Дар соли таҳсили 1993-94 ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ аллакай соҳиби иқтидори илмӣ гашта, зарурати муаррифӣ намудани ин иқтидор пеш омад. Бо ин мақсад н.и.т., дотсент Шоев Н.Н. ба вазифаи муовини ректор оид ба илм таъин гардид. Соли 1994 масъалаи таъсис ва интишори «Маҷмуи корҳои илмии ДТТ» 2 маротиба дар як сол ба миён омад. Ин иқдом ба мақсади баланд бардоштани мақоми илм дар фаъолияти донишгоҳ ва кормандони он равона гашта буд. Акнун омӯзгорон, махсусан мутахассисони ҷавон имкон пайдо карданд, ки дар маҷмуаи мазкур мақолаҳои илмии хешро чоп кунанд ва дар рушди касбии худ ҳамчун олимони оянда замина гузоранд.

Солҳои 1995-1997 ба вазифаи муовини ректор оид ба илм н.и.ф.-м., профессор Ли И. Н. таъин гардид.

Тайи солҳои 1997-2000 дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ д.и.и., профессор Усмонова Т.Ҷ. фаъолият кардааст.

Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолият дар самти тарбияи кадрҳои илмӣ аз 1 ноябри соли 1999 дар назди донишгоҳ шуъбаи аспирантура кушода шуд. Акнун омӯзгорони донишгоҳ, пеш аз ҳама мутахассисони ҷавон, имкон пайдо намуданд, ки дар машғулиятҳои мақсаднок аз фанни забони хориҷӣ ва фалсафа иштирок намуда, имтиҳонҳои минимуми номзадиро аз ин фанҳо бевосита дар донишгоҳ супоранд. Дар тӯли солҳои фаъолияти аспирантура даҳҳо нафар аспирантон ва унвонҷӯён аз чунин имконият истифода бурданд.

Дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ аз 16.10.2000 то соли 2009 д.и.т., профессор Азизов Б. С. фаъолият намудааст.

Тайи солҳои 2009-2019 дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва татбиқот номзади илмҳои техникӣ, и.в. профессор Ҳакимов Ғ.Қ. кор кардааст.

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тибқи Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 барои тайёр намудани доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) аз рӯйи 10 ихтисос қабули довталабонро ба докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) оғоз намуд.

Аз 01.02.2019 то ҳол доктори илмҳои техникӣ, и.в. профессор, академики Академияи байналмилалии таҳсилоти аграрӣ Ғафоров А.А. ба ҳайси муовини ректор оид ба илм ва татбиқот фаъолият дорад.

Департаменти илм ва татбиқот аз воҳидҳои сохтории зерин иборат мебошад:

  • шуъбаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;
  • шуъбаи магистратура;
  • шӯрои диссертатсионӣ;
  • китобхонаи илмӣ;
  • парки технологӣ – инноватсионии “Фановар”.