ИДОРАИ РАВОБИТИ ХОРИҶӢ
Дар пешрафту муаррифӣ ва эътироф гардидани ҳар як муассисаи олии таълимӣ ИДОРАИ РАВОБИТИ ХОРИҶӢ нақши муҳим дорад. ИДОРАИ РАВОБИТИ ХОРИҶӢ яке аз ҷузъи сохтории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, ҷиҳати татбиқи фаъолияти ташкилӣ ва ҳамоҳангсозии донишгоҳ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамгироӣ намудан ба системаи маорифи ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ равона гардидааст. ИДОРАИ РАВОБИТИ ХОРИҶӢ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷ робитаҳои ҳамкори дошта, яке аз самтҳои асосии он ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва Донишгоҳро ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби марказҳои пешқадами таълимӣ ва хориҷӣ барои муносибатҳои мутаносибан судманд мебошад.Талаботи замон ҳаст, ки мо бо ин ё он муассисаи таълими дохилӣё хориҷӣ дар бахшҳои гуногун бояд робита дошта бошем. Робитаҳои муваффақи донишгоҳ дар баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон дар соҳаи таълиму тарбия, илму инноватсия ва дар корҳои таҳқиқотӣ хеле муҳим мебошад. Мақсаду муҳтавои фаъолияти ИДОРАИ РАВОБИТИ ХОРИҶӢ Донишгоҳ аз таҳияю тасвиби шартномаҳо бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ, табодули омӯзгорону донишҷӯён, таҳияи адабиётҳои таълимию методӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, ташкилу баргузор намудани конференсияву семинарҳои муштарак, созмон додани вохӯрию мизҳои мудаввар бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ ва курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъмини раводиди омӯзгорону донишҷӯёни хориҷӣ ва робита бо донишҷӯёни хориҷие, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, иборат аст.