Идораи корҳои илмӣ-татбиқотӣ

НАЗАРЗОДА Рустам Саидмурод

Cардори идораи корҳои илмӣ-татбиқотии Донишгоҳ
rustam_n@hotmail.com
#

ИДОРАИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДБИҚОТӢ

Идораи корҳои илмӣ-тадбиқотӣ яке аз зерсохторҳои калидии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, фаъолияти илмӣ ва тадқиқотии донишгоҳро ҳамоҳанг ва роҳнамоӣ менамояд. Фаъолияти идора ба рушди неруи илмии донишгоҳ, баланд бардоштани сифати таҳқиқотҳои илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ равона гардидааст.

Идора барои фароҳам овардани муҳити мусоиди илмӣ дар донишгоҳ, ҷалби устодон, муҳаққиқон, унвонҷӯён, докторантҳо ва донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ, инчунин дастгирии ташаббусҳои таҳқиқотӣ чораҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар доираи фаъолияти худ идора ҳамкориҳоро бо пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмии дохил ва хориҷи кишвар густариш дода, барои татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар амалия мусоидат мекунад.

Ҳадаф ва вазифаҳои асосӣ

Ҳадафи асосии идораи корҳои илмӣ-тадбиқотӣ ба рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар донишгоҳ ва ташаккули муҳити мусоид барои таҳқиқот ва эҷодкорӣ мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф раёсат вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

  • банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар тамоми сохторҳои донишгоҳ;
  • таҳия ва татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои илмӣ;
  • назорат ва таҳлили иҷрои нақшаҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
  • мусоидат ба рушди мактабҳои илмӣ ва ташаккули самтҳои нави таҳқиқот;
  • ҷалби донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон ба фаъолияти илмӣ;
  • ташкили конференсияҳо, форумҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои дигари илмӣ;
  • дастгирии нашри мақолаҳои илмӣ, монографияҳо ва корҳои дигари илмӣ;
  • мусоидат дар татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар истеҳсолот ва ҷомеа.

Самтҳои асосии фаъолият

Фаъолияти идораи корҳои илмӣ-тадбиқотӣ дар самтҳои зерини муҳими илмӣ ва ташкилӣ амалӣ карда мешавад:

  1. Ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ– таҳия ва иҷрои нақшаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳо ва марказҳои илмии донишгоҳ.
  2. Омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ– ҳамоҳангсозии фаъолияти докторантура ва унвонҷӯён дар самти омода кардани мутахассисони илмии босалоҳият ва рақобатпазир.
  3. Фаъолияти нашриявӣ– омода ва нашр кардани маҷаллаҳои илмии даврӣ, маҷмуаи мақолаҳо ва маводҳои конференсияҳою форумҳо ва маводи дигари илмӣ.
  4. Ҳамкориҳои илмӣ– рушди ҳамкориҳо бо пажӯшиҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои илмӣ ва таҳқиқотии дохил ва хориҷи кишвар.
  5. Татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ– дастгирии татбиқи натиҷаҳои корҳои таҳқиқотӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ва ҷомеа.

Сохтор

Сохтори идораи корҳои илмӣ-тадбиқотӣ аз ду шуъба, як марказ, китобхонаи илмӣ-электронӣ ва парки технологӣ иборат аст: