Бо дарназардошти эҳтиёҷоти калони иқтисодиёти кишвар ба мутахассисони тахассуси баланд дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатисионӣ, ки дар натиҷаи воридшавии технологияҳои рақамӣ ба иқтисодиёт ба вуқӯъ пайвстааст, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли 1998 ба омода кардани мутахассисон аз рӯи ихтисоси 220400 – “Таъминоти барномавии техникаи ҳисоббарор ва низоми автоматикунонидашуда” оғоз кард. Баъдан, дар соли 2000 дар заминаи ин таҷриба Факултети технологияҳои иттилоотию коммуникатисионӣ таъсис дода шуда, ки раванди омода кардани мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои “Низом ва технологияҳои иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)” ва “Таъминоти барномавии исеҳсолоти автоматикунонидашуда” дар Доишгоҳ идора мекард. Сипас, бо тадриҷ, бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат ба номгӯи ихтисосҳои факултет ихтисосҳои “Низоми таъмини бехатарии иттилоот”, “Муҳандисии барномавӣ” ва “Таъминоти иттилоотии бизнес” ворид карда шуданд.
Дар давраи солҳои 2008-2014 факултети имрӯза дар шакли ду факултетҳо – Факултети низом ва технологияҳои иттилоотии соҳавӣ ва Факултети технологияҳои инноватсионӣ ва компютерӣ, фаъолият мекард.
Аз соли хониши 2013-2014 оғоз карда, факултет ба омода кардани мутахассисон дар низоми дусатҳаи таҳсилоти олии касбӣ – бакалавр ва магистр, оғоз кард.
Айни замон факултети технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ мутахассисони сатҳҳои бакалавр ва магистрро аз рӯи ихтисосҳои зерин омода мекунад:
1-40010101 – «Системаҳои компютерӣ ва Интерент – технологияҳо»;
1-40010102 – “Системаҳои автоматикунонидашуда”;
1-40010103 – “Системаҳои компютерии бонкӣ”;
1-40010104 – «Низоми таъминоти бехатарии маълумот»;
1-40010107 – «Таъминоти математикӣ ва барномавии истеҳсолоти автоматонӣ»;
1-40010108 – «Муҳандисии барномавӣ»;
1-40010202 – «Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)».
1-4000301-«Интеллекти сунъӣ».
Декани нахустини факултет Юсупов М.Ч., номзади илмҳои физикаю математика, дотсент буд, ки айни ҳол дар вазифаи проректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба инноватсия ва техноогияҳои таълимӣ фаъолият мекунад. Баъдан, дар равнади рушди фаъолият вазифаи декании факултетро Исмоилов М.А. (номзади илмҳои физикаю математика), Негматова Г.Д. (номзади илмҳои физикаю математика), Мирзоахмедов Ф.М. (доктори илмҳои техникӣ), Турсунов Р. Ҷ. (номзади илмҳои физикаю математика), Кимсанов У. О. (номзади илмҳои иқтисодӣ) номзади илмҳои физикаю математика ва доктрои илмҳои иқтисодӣ, Ашуров Субҳониди Бурҳонович иҷро кардаанд.
Айни замон вазифаи декани факултет номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Зарифбеков Мародбек вогузошта шудааст.
Айни замон дар сохтори факултет 3 кафедраҳо – Кафедраи низом ва технологияҳои иттилоотӣ; Кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии копмютерӣ; Кафедраи математикаи олӣ ва информатика фаъолият мекунанд. Кафедраи низом ва технологияҳои иттилоотӣ ва Кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии копмютерӣ – кафедраҳои тахассусии факултет мебошанд ва ба кафедраи якум ихтсосҳои 1-40010101 – «Системаҳои компютерӣ ва Интерент – технологияҳо»; 1-40010103 – “Системаҳои компютерии бонкӣ”; 1-40010104 – «Низоми таъминоти бехатарии маълумот» ва 1-40010202 – «Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)», ба кафедраи дуюм бошад, ихтисосҳои 1-40010107 – «Таъминоти математикӣ ва барномавии истеҳсолоти автоматонӣ»; 1-40010102 – “Системаҳои автоматикунонидашуда” ва 1-40010108 – «Муҳандисии барномавӣ» вобаста карда шудаанд. Кафедраи математикаи олӣ ва информатика – кафедраи умумидонишгоҳӣ маҳсуб меёбад.
Бисёр омӯзгорон – олимони ҷавони кафедраҳои факултет дар марказҳои илмию таълимии пешрави давлатҳои Аврупо, Россия ва Осиё такмили ихтисос кардаанд.
Дар факултет озмоишгоҳҳои таълимии компютерию иттилоотӣ таъсис дода шудаанд, синфхонаҳои бо дастгоҳҳои муосири иттилоотӣ ва мултимедӣ таҷҳизонидашуда амал мекунанд.
Донишҷӯёни факултет дар бонкҳои тиҷоратӣ ва корхонаҳои пешрави мамлакат, ки истеҳсолоташон автоматӣ кунонида шудаанд, провайдерҳои алоқаҳои мобилии кишвар ва дигар корхонаҳою ташкилотҳо таҷрибамӯзӣ мекунанд. Хатмкардагони занаи бакалавр, ки онро бо баҳоҳои хубу аъло ба итмом расонидаанд, одатан таҳсили худро дар барномаҳои магистрии худи факултет ва дигар марказҳои илмӣ ва мактабҳои олии мамлакат ва шаҳрҳои Санкт –Петербург ва Томски Федератсияи Россия идома медиҳанд.