CirculEC

CirculEC – “Таҳияи барномаи таълимӣ ва модулҳои инноватсионӣ дар иқтисодиёти давравӣ ва рушди устувор”, дар соли 2023 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои маблағгузорӣ дастгирӣ шудааст

Максади лоиҳаи CirculEC  ба баланд бардоштани иқтидори сармояи инсонӣ дар муассисаҳои олии таълимии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти иқтисодиёти даврӣ бо мақсади фароҳам овардани малакаҳо ва салоҳиятҳое, ки ба кормандон, донишҷӯён ва ҷомеаи васеъ вобаста ба эҳтиёҷоти бозорҳои меҳнати маҳаллӣ ва мушкилоти экологии кишварҳои Осиёи Марказӣ, равона шудааст.

Лоиҳаи мазкур дар ба таҳияи барномаи таълимӣ ва модулҳои инноватсионӣ дар иқтисодиёти давравӣ ва рушди устувор нигаронида шуда, дар доираи амалигардонии он такмили ихтисос ва таҳия барнома ва маводҳои таълимӣ барои фанҳои таълимии ин самт дар назар дошта шудааст. Тамоми модулҳо ва супориҳои лоиҳавӣ дар асоси таҷрибаи пешрафтаи донишгоҳҳои Сантиаго декомпостеллаи Испания, Донишгоҳи Неаполи ба номи Федерико 2 –и Италия ва Донишгоҳи илмҳои татбиқии FHM – и Олмон амалӣ хоҳанд шуд.

Фаъолияти лоиҳаи мазкур аз санаи 1-уми ноябри соли 2023 оғоз гардидааст.

Буҷаи лоиҳа барои се соли амалигардонии он 40232 Евроро ташкил медиҳад ва то хол маблағгузориаш оғоз нагардидааст.

Шарикони лоиҳа:

  1. Донишгоҳи техникии Казокистони шарқӣ ба номи Д.Серикбоев, Қазоқистон
  2. Донишгоҳи Кокшетау ба номи Ш. Уалихонов, Қазоқистон
  3. Институти давлатии иктисодиёт ва идораи Туркманистон
  4. Донишгохи технологии Точикистон
  5. Донишгохи Алихон Бокейхон, Қазоқистон
  6. Донишгоҳи байналмилалии ВЕСТМИНСТЕР дар шаҳри Тошкент
  7. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
  8. Донишгоҳи Осиёи Миёна, Узбекистон
  9. Донишгоҳи Казпотребсоюзи Караганда, Қазоқистон
  10. Донишкадаи давлатии молияи Туркманистон
  11. Академияи илмҳои Туркманистон
  12. Маркази тадқиқотҳои иқтисодии AYECONOMICS, Испания
  13. Донишгоҳи Сантяго де Компостела, Испания,
  14. Донишгоҳи Неаполь ФЕДЕРИКО II (UNINA), Италия,
  15. Донишгоҳи илмҳои татбиқии Билефелд (FHM), Олмон

 

Ҳамоҳангсози лоиҳа                                                                 Ҷафаров А.С.