Китобхонаи илмӣ-электронӣ

КИТОБХОНАИ ИЛМӢЭЛЕКТРОНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

Фаъолияти китобхонаи илмӣ-электронӣ дар асосӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ”, “Дар бораи иттилоот”, “Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он”, “Дар бораи табъу нашр”, “Дар бораи фарҳанг” Оинномаи донишгоҳ, Низомнома ва нақшаи кории китобхона, ба роҳ монда мешавад.

Китобхона ҳамчун маркази асосии таъминкунандаи раванди таълим бо иттилоот дар ташаккули салоҳияти касбии донишҷўён нақши муҳим дорад.

Бинои нави китобхонаи илмӣ-электронӣ Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо тарҳи замонавӣ дар соли 2021 сохта ба истифода дода шудааст.

 Китобхона дар самтҳои зерин фаъолияти худро ба роҳ мондааст:

  • ҳамарӯза вориднамоии адабиётҳо ба феҳристи электронӣ;
  • ғанӣ гардонидани сомонаи китобхона;
  • зиёд намудани шумораи аъзоёни китобхона;
  • ҳамкорӣ бо дигар китобонаҳо;
  • намоиши китобҳои тозанашр;
  • ҷалби донишҷўён ба китобхона;
  • ширкат дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ;
  • ташкили чорабиниҳои китобхонавӣ;
  • такмили ихтисоси кормандони китобхона ва ғайра;
  • Автоматизатсиякунонии раванди хизматрасонӣ;

Бо мақсади таҳким бахшидан бад дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати созмон додани ҳукумати электронӣ, дар китобхона системаи хизматрасонии автоматизатсионӣ ба роҳ монда шудааст. Системаи мазкур имконият медаҳад, ки донишҷӯёни донишгоҳ китобҳои электрониро ба ҷуз сомонаи китобхона http://elibrary.tut.tj/ боз ба воситаи library95@list.ru аз mail.ru ва тавассути library.tut.tj аз Телеграмм ҳамарӯза дастрас намоянд.

           Фонди китобхона: Фонди чопии китобхона айни замон 72624 нусха китобҳои соҳавиро ташкил медиҳад. Фонди электронии китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, дар соли 2024, ба 238 951 нусха расид, ки аз ин 118 951 нусха бо забони тоҷикӣ 89 670 бо забони русӣ ва 30 330 нусха бо дигар забонҳо мебошанд.

 Сомонаи электронӣ: Дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии созмондиҳии китобхонаҳои электронӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати вусъат додани хизматрасониҳои электронӣ  ва дар системаи электронӣ ба роҳ мондани фаъолияти Китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳ сомонаи китобхонаи электронӣ http://elibrary.tut.tj/ таъсис дода шуд.

Дар самти ҳамкори китобхонаи илмӣ-электронии ДТТ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи илмии Маркази миллии патентию иттилоотӣ, ва ҳамчунин бо китобхонаҳои донишгоҳҳои зерин робита дорад, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.


Таъмини базаи моддию техникии китобхона ба талоботҳои имрӯзаи истифодабарандагон ҷавобгӯ буда дар он тамоми шароитҳои барои донишҷӯён фароҳам оварда шудааст. Китобхона бо фонди электронӣ ва таҷҳизотҳои замонавӣ аз он ҷумла компютер, монитор, принтер, сканнер, таъмин ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

  1. Миқдори компютерҳо:
Дар умум Ба шабакаи Интернет пайваст Дар толори электронӣ

 

Дар дигар шуъбаҳо Панели интерактивӣ Телефизор
35 35 28 6 1 1

Саннерҳо

А4/А3

Сканнерҳои хурд

 

Принтерҳо

 

Принтери ранга
2/1 27/2 2 1
  1. Миқдори тақҳизотҳои нусхабардоранда. (сканнер ва принтерҳо); 3. Китобхона дорои 200 ҷойи нишасти бо мизу курсиҳои замонавӣ

муҷаҳҳазгардонида шуда мебошад.

Дар умум Толори хониш К. Электронӣ Т.Конференсияҳои онлайнӣ Дигар шуъбаҳо
200 112 39 43 7