Парки технологии «Фановар»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 1-уми сентябри соли 2011 дар асоси Низомномаи аз тарафи ректори Донишгоҳ тасдиқшуда таъсис ёфта, дар кушодашавии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок варзида буданд. Парк ҳамчун маркази озмоишӣ, амалию илмӣ ва инноватсионӣ мавриди истифода қарор дорад.
Парки технологии “Фановар” шахси ҳуқуқӣ буда, дар Бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз санаи 04.04.2019 ба қайд гирифта шудааст.
Парки технологӣ дар ҳайати 3 нафар коргари доимӣ – директор, мутахассис-технолог, муҳосиб фаъолият мекунад.
Шарипов У.Қ. – директори Парки технологии “Фановар” – муҳандис-технологи саноати хӯрокворӣ, маълумот олӣ – Институти политехникии шаҳри Тошканд, факултети химия ва технология;
Қурбонова Н.Н. – мутахассис-технолог – муҳандис-технологи саноати хӯрокворӣ, маълумот олӣ – Донишгоҳи политехникии Краснодар;
Аҳмадҷонов И. – муҳосиб – иқтисодчӣ, маълумот олӣ – Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон.
Дар Парки технологии “Фановар” ғайр аз кормандони бастӣ боз як нафар донишҷӯӣ факултети муҳандисӣ-технологии Донишгоҳ дар ҳаҷми 0,5 басти корӣ мутахассис-технолог фаъолият менамояд.
Технопарки «Фановар» барои равнақу ривоҷи корҳои илмиву инноватсионӣ бо корхонаҳову ташкилоти хориҷиву дохилӣ ҳамкориҳои судманд дорад.
Номи расмии Парки технологии “Фановар” – и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон:
– бо забони тоҷикӣ: Парки технологии “Фановар” – и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
– бо забони русӣ: Технологический парк “Фановар” при Технологического университета Таджикистана;
– бо забони англисӣ: Technology Park “Fanovar” of the Technological University of Tajikistan.
Номи мухтасари Парки технологии “Фановар” – и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон:
– бо забони тоҷикӣ: ПТ “Фановар” ДТТ;
– бо забони русӣ: ТП “Фановар” ТУТ;
– бо забони англисӣ: TP “Fanovar” TUT.
Парки технологии “Фановар” фаъолияти худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи бо тартиби муқарраршуда аз қайди давлатӣ гузаштанаш, ба амал мебарорад.
Суроғаи ҳуқуқии мақомоти роҳбарикунандаи доимоамалкунандаи Парки технологии “Фановар” дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон:
734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кучаи Н. Қаробоев 163/3,
тел.: (992-37) 234-79-87, (992-37) 234-79-89, факс: (992-37) 234-79-88,
E-mail: rectorat@tut.tg, rektorat-favri-tut@mail.ru, vestnik-tut@mail.ru,
Web: www.tut.tj.
Сохтори Парки технологии “Фановар” ва тағйирот дар онро муассиси Парки технологӣ тасдиқ менамояд;
Сохтори Парки технологии “Фановар” вобаста ба самтҳои асосӣ ва хусусияти фаъолияти он муайян карда шуда, дар он метавонад зерсохторҳое мавҷуд бошанд, ки иҷрои масъалаҳои асосии Парки технологиро, аз ҷумла ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, патентию иҷозатномадиҳӣ (литсензионӣ), муҳандисӣ, маркетинг, рекламавӣ ва ғайраҳоро таъмин намояд.
Барои коркарди лоиҳаҳои мушаххаси илмию техникӣ ва инноватсионӣ, иҷро намудани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, инчунин дар рафти тайёр намудани истеҳсолот гурӯҳҳои илмию эҷодии муваққатӣ дар муҳлати амалӣ намудани шартномаҳо ташкил дода мешавад, ки аъзои онҳо аз рӯйи шартномаҳои меҳнатии муҳлаташ муайянгардида кор мекунанд.
5.1. Роҳбари Парки технологии “Фановар” бо фармоиши Ректори Донишгоҳ дар доира ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда, Оинномаи Парки технологӣ ва Низомномаи мазкур ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.
5.2. Фаъолияти молиявӣ ба воситаи бахши корҳои илмию таҳқиқотӣ, муҳосиботи марказӣ ва бахши корҳои илмию таҳқиқотии раёсати банақшагирию молиявии Донишгоҳ гузаронида мешавад, ки аз рӯйи шаклҳои тасдиқкардашуда ҳисобот мебаранд ва тавозуни Парки технологиро ба тавозуни умумии Донишгоҳ мебошад, пешниҳод мекунанд.
5.3. Ҷадвали штатии Парки технологии “Фановар” бо пешниҳоди роҳбари Парки технологӣ аз ҷониби Донишгоҳ тасдиқ карда мешавад.
5.4. Бақайдгирӣ ва гузаронидани мавод, таҷҳизот ва арзишҳои техникӣ (маводи хароҷоти)-и Парки технологӣ ба воситаи бахши корҳои илмию таҳқиқотии шуъбаи муҳосиботи худи технопарк ва муҳосиботи марказии Донишгоҳ бурда мешавад.
5.5. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои роҳбари Парки технологӣ мутобиқи дастури вазифавӣ муайян карда мешавад, ки бо фармоиши муассис тасдиқ карда мешавад. Роҳбари Парки технологии “Фановар” ба Донишгоҳ ҳисоботдиҳанда буда, аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои зерин бархурдор мебошад:
-роҳбарии умумии маъмуриро аз болои намудҳои фаъолияти илмию истеҳсолӣ ва инноватсионии Парки технологии “Фановар” амалӣ менамояд;
-воситаҳои молиявӣ ва моддии дигари Парки технологиро мувофиқи қонунгузории амалкунанда ва ӯҳдадориҳои вазифавӣ идора мекунад;
-ҷадвали штатии Парки технологии “Фановар” ва тағйирот ба онро барои тасдиқ ба раёсати Донишгоҳ пешниҳод менамояд;
-интихоб ва ҷобаҷокунии кадрҳоро ташкил намуда, аттестатсияи кормандони Парки технологиро мегузаронад, барои қабул ва озод намудани ҳайати Парки технологӣ ба раёсати Донишгоҳ пешниҳод манзур менамояд;
– аз рӯйи боваринома манфиати муассисро аз рӯйи масъалаҳои фаъолияти инноватсионӣ дар назди шахсони дигари ҳуқуқӣ ва ташкилоту идораҳо намояндагӣ мекунад;
-қарори комиссияи аттестатсиониро оид ба аттестатсияи кормандони илмию техникии қисмҳои сохтории Парки технологии “Фановар” тасдиқ менамояд.