Маркази интишороти илмӣ– оммавӣ
Маркази интишороти илмӣ – оммавии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон воҳиди сохтории Донишгоҳ буда, моҳи сентябри соли 2024 таъсис ёфтааст.
Маркази интишороти илмӣ–оммавӣ зерсохтори Раёсати илм ва татбиқоти Донишгоҳ маҳсуб ёфта, ба муовини ректор оид ба илм ва татбиқот тобеъ мебошад.
Дар сохтори Марказ шуъбаи таҳрир, тарҷума ва нашр, нашриёти “Фановар” ва ҳафтаномаи “Фановар” фаъолият менамоянд. Марказ нашри “Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон”, ҳафтаномаи “Фановар”, инчунин чопи монография, рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, баргардон, таҳия ва тарҷумаи осор, барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои таълимӣ – методӣ, брошюра, фишурдаву маҷмӯаи мақолаҳои илмии устодону аспирантон ва кормандони Донишгоҳро таҳти назорат қарор медиҳад.
Маркази интишороти илмӣ–оммавӣ фаъолияташро дар асоси қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот”, фармоишу қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, Оинномаи Донишгоҳ ва фармоишу дастурҳои ректори Донишгоҳ ба роҳ мемонад.
Вазифаи асосии Маркази интишороти илмӣ–оммавӣ роҳбарӣ ва назорати амалигардонии фаъолияти зерсохторҳои он дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маркази интишороти илмӣ–оммавӣ якҷоя бо сохторҳои худ, яъне шуъбаи таҳрир, тарҷума ва нашр, ҳафтаномаи “Фановар” ва нашриёти “Фановар” дар ҳайати 10 нафар: Сардори марказ, мудири шуъбаи таҳрир, тарҷума ва нашр, самутахассиси рӯзномаи “Фановар”, мутахассис- таҳлилгари корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва таъбу нашр, мутахассиси тарҷумон (таҳриргари нашрияҳои илмӣ) ва ду нафар корманди беруна ба ҳайси мутахассиси тарҷумон (таҳриргари нашрияҳои илмӣ), мудири нашриёти “Фановар” ва ду нафар коргари он – мутахассиси чопӣ ва корманди техникӣ (оператор нусхабардор) фаъолият мекунад.
Роҳбарии Маркази интишороти илмӣ-оммавии Донишгоҳро аз 1-уми ноябри соли 2024 то имрӯз аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсари интернатсионалист Шарифов Раҷабалӣ Сафарович ба уҳда дорад.
