Шуъбаи рушди касбият ва мониторинги хатмкунандагон

АШУРОВА Нодирабегим Эркиновна

Мудири шуъбаи рушди касбият ва мониторинги хатмкунандагони
nodirabegim0485@gmail.com
(+99237)2347990
More Detail

Шуъбаи рушди касбият ва мониторинги хатмкунандагон

          Шуъбаи рушди касбият ва мониторинги хатмкунандагон воҳиди сохтории муҳими Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар асоси Оинномаи Донишгоҳ ба роҳ мемонад. Самти асосии фаъолияти шуъба дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷӯён ва хатмкунандагон дар ҷодаи рушди касбият, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат ва мусоидат дар пайдо намудани ҷойҳои кори мувофиқ мебошад. Шуъба фаъолияти худро дар асоси қонунҳо ва стратегияҳои давлатӣ оид ба бозори меҳнат ва рушди кадрҳо ба роҳ монда, барои татбиқи сиёсати миллии омодасозии мутахассисони баландихтисос саҳм мегузорад.

          Бо мақсади тавсеаи имкониятҳои касбии донишҷӯён ва хатмкунандагон, шуъба як қатор чорабиниҳои амалиро роҳандозӣ менамояд, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ, семинарҳо, тренингҳо, курсҳои омӯзишӣ ва рӯзҳои имкониятҳои рушди касбият. Илова бар ин, шуъба бо корфармоён, соҳибкорон, муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд, то ки хатмкунандагон тавонанд бо талаботи бозори меҳнат мутобиқ шаванд. Дар доираи фаъолияти худ, шуъба инчунин ба ҷамъоварӣ, коркард ва паҳн намудани маълумот оид ба шуғл, идомаи таҳсил ва таҷрибаомӯзии хатмкунандагон машғул буда, ба рушди устувори захираҳои инсонӣ дар Донишгоҳ мусоидат мекунад.