Шуъбаи стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ

Шуъбаи стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ

Шӯъбаи стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ мутасаддии татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, омӯзишу таҳияву таҳлилу баҳодиҳии стандартҳои давлатӣ, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, таҳлили масъалаҳои маориф ва такмили мазмуни таҳсилот ба ҳисоб меравад.

Шӯъба дар раванди фаъолияташ корҳои зеринро иҷро мекунад:

 – Таҳияи нақшаҳои таълимӣ ва стандартҳо барои ихтисос ва равияҳои нав дар асоси талаботи Стандартҳои давлатии таълимоти олӣ;
– таъмини ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии кафедраҳои донишгоҳ дар раванди тадбиқи барномаҳои таълимии маълумоти олии касбӣ (барои зинаҳои бакалавр ва магистр);
– назорати ташкили раванди таълим дар асосии стандартҳои давлатӣ ва нақшаҳои таълимии маълумоти олии касбӣ (барои зинаҳои бакалавр ва магистр) дар доираи иҷозатномаи донишгоҳро ба ӯҳда мегирад;
– назорати мунтазами талабот ба ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ вобаста ба шароити амалӣ гардонидани онҳо аз ҷумла аттестатсияи ниҳоии хатмкунандагон ва дараҷаи тайёр намудани онҳо аз рӯи соҳаҳои алоҳидаи таълимро таъмин менамояд;
– назорати ташкили раванди таълим дар асосии стандартҳои давлатӣ ва нақшаҳои таълимӣ (барои зинаҳои бакалавр ва магистр) дар доираи иҷозатномаи донишгоҳро ба ӯҳда мегирад;
– ташкили корҳои бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва ба воҳидҳои сохтории донишгоҳ интиқол додани ҳуҷҷатҳои лозимаи ба шуъба таълуқдошта;
– ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотҳо тибқи иҷозатномаи донишгоҳ барои фаъолияти таълимӣ ва шаҳодатномаҳои давлатии аккредитатсияи марбут ба татбиқи барномаҳои таълими таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр, магистр);
– бо шӯъбаҳои таълимии донишгоҳ ва муассисаҳои давлатӣ оид ба литсензия, аккредитатсия мукотиба мекунад;
– саривақт бо тартиби муқарраршуда супоридани ҳуҷатҳои шуъба ба бойгонии донишгоҳ.