ШУЪБАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ
Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ҳамчун сохтори таркибии Департаменти идораи ҷараёни таълим ва сифати таҳсилоти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад.
Шуъба бо мақсади ташкили назорат, таҳлил ва муайян намудани роҳҳои баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, ки дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазиранд, таъсис дода шудааст.
Шуъба бо мақсади таъмини фаъолияти низоми менеҷменти сифати таҳсилоти мутахассисон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Вазифаҳои шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот:
- мусоидат дар татбиқи рисолат ва сиёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар самти сифати таълим:
- таъмини фаъолияти самараноки низоми идоракунии сифат, сари вақт банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, дастгирии методӣ ва назорати корҳое, ки аз ҷониби тамоми шӯъбаҳои донишгоҳ ҷиҳати таъмини сифати таълим амалӣ карда мешаванд;
- гузаронидани санҷиш ва таҳлили сифати таълим дар кафедраҳои факултетҳои донишгоҳ;
- пешниҳод намудани маълумот оид ба сифати таълим ба роҳбарияти донишгоҳ ва Шӯрои олимони ДТТ;
- омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурии иттилоотию таҳлилӣ оид ба мониторинг ва арзёбии сифати таълим барои роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкил ва самаранок ба амал баровардани ҳамаи чораҳои зарурии назорати идоракунии сифат, андешидани тадбирҳои ислоҳӣ ва пешгирикунанда аз рӯи натиҷаҳои ба даст омада, ки ба баланд бардоштани сифати таълим нигаронида шудаанд.