НАЗАРЗОДА Рустам Саидмурод

rustam_n@hotmail.com
#

НАЗАРЗОДА Рустам Саидмурод

Сардори маркази омӯзишӣ, сертификатсионӣ ва рушди инноватсия

Тарҷумаи ҳол

Соли 1995 аз рӯйи ихтисоси 170600 – «Мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока» ба факултети муҳандисӣ-технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2000 онро аз рӯйи ихтисоси 220400 – «Таъминоти барномавии техникаи ҳисоббарор ва низомҳои худкор» (дар заминаи филиали хуҷандии донишгоҳ) бо гирифтани касби «муҳандис-системотехник» хатм намудааст.

Тайи солҳои 2015 – 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси «Идораи давлатӣ» таҳсил карда, соҳиби касби «менеҷер – иқтисодчӣ» шудааст.

Соли 2021 рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳамчун воситаи арзёбии сифати таҳсилот (дар мисоли низоми таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон)» ҳимоя карда, дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогиро аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – «Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот» дарёфт кардааст.

Самти илмӣ: «Асосҳои назариявӣ, воситаҳои таҷҳизотӣ ва таъминоти математикию барномавии низоми иттилоотии идоракунии раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ:

Шуруъ аз соли 2000 – соли хатми донишгоҳ, Назарзода Р. С. дар баробари фаъолияти асосии меҳнатӣ, инчунин бо иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул аст. Мавзӯъҳои таҳқиқотии ӯ, асосан ба самтҳои:
– андозагириҳои педагогӣ: тестгузаронӣ, коркарди риёзию омории натиҷаҳои тестгузаронӣ, арзёбии объективонаи натиҷаҳои таҳсилот;
– татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуниктсионӣ дар таҳсилот: истифодаи тестгузаронии компютерӣ ва бархат дар раванди арзёбии дастовардҳои таълимии омӯзандагон, забонҳои барномасозӣ ва муҳитҳои ҳамгирои таҳияи барномаҳо, низомҳои худкори санҷиши дурустии кори барномаҳои таҳиякардаи омӯзандагон, озмоишгоҳҳои маҷозӣ, воситаҳои таълимии электронӣ, дарсҳои видеоӣ ва бархат;
– забоншиносии иттилоотӣ: усулҳои коркарди забонҳои табиӣ, муайянсозии қонуниятҳои забони табиӣ (дар мисоли забони тоҷикӣ), алгоритмҳои коркарди додаҳои матнӣ ва омӯзиши вижагиҳои ҷузъҳои забони тоҷикӣ алоқаманданд, ки дар доираи онҳо “беш аз 90 мақолаи илмӣ“, методӣ, иттилоотӣ ва оммавӣ, инчунин, дастурҳои таълимию методӣ таълиф намуда, соҳиби “6 шаҳодатнома” дар бораи бақайдгирии давлатии захираҳои иттилоотӣ низ мебошад.