Соли 2004 мактаби миёнаи №8-и ноҳияи Файзободро хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба факултети саноати сабуки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2009 аз рӯи ихтисоси “Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия” хатм намудааст.
Солҳои 2008-2009 лаборанти кафедраи технологияи маснуоти нассоҷӣ ва тарҳрезии либоси ДТТ, солҳои 2009-2012 ассистенти кафедраи технологияи маснуоти нассоҷӣ ва тарҳрезии либоси ДТТ, солҳои 2011-2012 ҷонишини декан оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ дар факултети технология ва дизайни ДТТ, солҳои 2012-2013 ҷонишини декан оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот дар факултети технология ва дизайни ДТТ, солҳои 2012-2014 саромӯзгори кафедраи стандартизатсия, технология ва тарҳрезии маснуоти саноати сабук, солҳои 2014-2015 ҷонишини декан оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот дар факултети муштараки тоҷикӣ-россиягии технологияҳои соҳавӣ ва идораи инноватсияҳо фаъолият намудааст.
Аз соли 2015 то соли 2018 аспиранти кафедраи технология ва тарҳрезии маснуоти нассоҷии Донишгоҳи давлатии технологияи саноатӣ ва дизайни ш. Санкт-Петербург, аз соли 2018 то соли 2021 муовини декан оид ба таълим дар факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбии ДТТ, ҳамзамон муаллими калони кафедраи технологияи маснуоти нассоҷии ДТТ. Солҳои 2021-2024 мудири кафедраи технологияи маснуоти нассоҷӣ фаъолият намудааст.
Аз 28.09.2024 дар вазифаи декани факултети технология ва дизайни ДТТ кор ва фаъолият намуда истодааст.
Номзади илмҳои техникӣ, дотсент. Муаллифи зиёда аз 40 мақолаи илмӣ, 4 дастури таълимӣ, 1 дастури методӣ ва 6 патент оид ба ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.