Санаи 20.02.2020 дар толори Шӯрои олимони  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Танзим – осудагии ҳар як хонавода” баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З.Р., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шеров М. Н., роҳбари Шӯрои донишҷӯён Алимардонов Ш.Р. мудири бахши занон ва духтарон Комилова Н., ва донишҷӯёни донишгоҳ  иштирок доштанд.

Муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З.Р. сухани ифтитоҳи намуда доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардада сухан намуданд. Қонуни мазкур пеш аз ҳама баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум таҳия гардида, мақсаду мароми он осон намудани рўзғор, зиндагӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ ва маънавии мардум равона карда шудааст. Ҳамзамон, ин Қонун дар доираи арзишҳои фарҳанги миллӣ, дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардидааст, ки метавон бе чуну чаро ин Қонунро қонуни миллӣ номид. Баҳри дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонун пеш аз ҳама омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд ва ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд, муҳим аст,  маърӯзаи худро ироа намуданд.

Вобаста ба  фарҳанг ва ифодагарии рўҳияи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шеров М.Н. маърӯзаи худро ироа намуда, қайд намуданд, ки фарҳанг муҳофизаткунандаи муҳит аст, аз  хурдсолӣ моро ба тариқи оддитарин муқоисакуниҳо тарбия мекунанд: “Ин аз ту беҳтар аст, вай аз ту боодобтар аст, дигаре озодатар аз ту” гуфта, маҷбур месозанд, ки рафтору кирдору гуфтору одоби худро дигар намоем. Дар натиҷа ба қадри имкон ё маҷбуран рафтори хешро мутобиқ ба дигарон месозем. Ноилоҷ ва гоҳо бехабар, нафаҳмида мемонем, ки чи гуна тақлидкор гардидаем. Дар натиҷа мо рў ба бегонапарастӣ меорем ва либос, ки нишони одамият, маданият ва фарҳанг аст, «Одаму либос хонаю палос» гуфтаанд, тақлидкорӣ менамоем (зоҳирпарастӣ менамоем). Чунки аз хурдсолӣ дар ниҳоди мо тақлидкорӣ реша давондааст. Ҳамин сабаб мегардад, ки бархе аз ҷавонону ҷавондухтарони мо на он қадар иродаи қавӣ доранд, ба воситаи тақлидкорӣ рў ба беобрўию зоҳирпарастӣ меоранд. Ҳамзамон зикр гардид, ки дар раванди тӯю маросимҳо исрофгарои ба назар мерасад, ки ин масраф ба буҷаи оила зарари манфи мерасонад. Ҳозирини гиромӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки исрофгарои накунед, бар ивази ин зиндагии хешро пеш баред!

Сипас зимни баромади хеш роҳбари Шӯрои донишҷӯёни донишгоҳ Алимардонов Ш.Р., зикр намуд, ки иҷрои талаботи Қонун вазифаи ҳар фарди ҷомеа аст. Аз рўи мушоҳидаҳо ва таҷриба мебинем, ки пеш аз ҳама  худшиносию худогоҳии худи  баъзе масъулон, сарварон, мутасаддиён, тарбиядиҳандагон, таълимдиҳандагон дар сатҳи хеле пасти маданию ахлоқӣ қарор дорад.    Дар ҳаёт татбиқ намудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, маданияти меҳнат, сухангўӣ, муносибатҳои фардӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Дар баробари кўшиш барои ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки ниёгонамон, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо ба хусус қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ба ору номуси Ватан мебошад. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 16 модда иборат буда, «…рушди ҷомеа, анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд  бардоштани сатҳи иҷтимоию иқттисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст».

Дар қисмати музокирот иштирокчиён ба маърӯзачиён саволҳо дода, ба он ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.