Санаи 27.03.2020 дар саҳни хобгоҳи ДТТ оид ба вазъи зист, таҳсил, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва одобу маърифати донишҷӯён, вохӯрӣ бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур мудири хобгоҳ Қузибоева Оиша, мудири шуъбаи тарбия Ҳусенов Н.Б. табиби ДТТ Ҳамидова Озода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шеров М.Н. мудири бахши кор бо занон ва духтарон Комилова Н.Д. роҳбари Шӯрои донишҷӯёни ДТТ Алимардонов Ш.Р. кормандони шуъбаи масоили иҷтимоӣ ва истиқоматкунандагони хобгоҳ иштирок доштанд.