Мусоева Нуқра Мудири шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таҳсилот Тел: (+992) 917 50 78 83 E-mail:n.musoeva@mail.ru ШУЪБАИ МОНИТОРИНГ ВА ИДОРАИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ Шӯъбаи мониторинг ва идораи сифати таҳсилот бо мақсади ташкили назорат, таҳлил ва муайян намудани дурнамои беҳдошти сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар бозори дохилӣ ва берунии меҳнат рақобатпазир ҳамчун сохтори таркибии қисми таълим дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Шӯъбаи мазкур доир ба гузаронидани мониторинги низоми сифати тайёр намудани мутахассисон дар ДТТ фаъолият менамояд. Шӯъба бо ҳамаи сохторҳои ДТТ ҳамкорӣ менамояд. Фаъолияти шӯъбаи мониторинг ва идораи сифати таҳсилотро Оинномаи ДТТ ва Низомномаи мазкур муайян мекунад. Вазифаҳои шӯъбаи мониторинг: – ташкил ва гузаронидани кори доимӣ оид ба мониторинги сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, равона намудани фаъолияти устодон ба баланд бардоштани дараҷаи сифати таҳсилот дар ДТТ; – ташкили чорабиниҳо барои санҷиш ва баҳодиҳии сифати таҳсилот дар донишгоҳ; – таъминоти дастурию иттилоотии технологӣ барои амалӣ намудани тартиби назорат ва баҳодиҳӣ дар донишгоҳ; – гузаронидани санҷиш ва таҳлили сифати таҳсилот дар кафедраву шӯъбаҳо ва факултетҳои донишгоҳ.