Сохтори мазкур соли 1991 ҳамчун кафедраи тарҳрезии бадеӣ таъсис ёфтааст. Ташаббускорони таъсисдиҳии он Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев ва дизайнери шинохта, профессор А.Н. Заневский буданд, ки дар солҳои 1990-ум сарварии кафедраро ба уҳда доштанд.Ҳоло кафедра барои ташкили раванди таълими панҷ ихтисос масъул аст:1-19010105 – Дизайни костюм  ва газвор. 1-19010105 02 дизайни пойафзол ва махсулоти чарчинвори1-50010201 - Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ1-50010202 –Тарҳрезии маснуоти дӯзандагӣДар ҳайати кафедра олимон: доктори илми таърих М.Ф. Иброҳимов, доктори илмҳои техникӣ А.Б. Ишматов, доктори илмҳои техникӣ Д.С. Мансурӣ, номзади илми санъатшиносӣ Г.А. Умарова, номзади илми меъморӣ Ҷ.Ш. Ғанизода ҳамроҳ бо дигар омӯзгорони собиқадор ва мутахассисони ҷавон дар тайёр кардани дизайнерону тарроҳон саҳми арзанда мегиранд.Хатмкардагони ихтисоси 1-19010105 ва 1-50010107 ба дараҷаи касбии бакалаври рассом- стилист  соҳиб мешаванд ва онҳое, ки ихтисоси 1-500102–ро хатм мекунанд, соҳиби дараҷаи касбии бакалаври технолог ва тарроҳ дар истеҳсолоти дӯзандагӣ мегарданд.Тадриси фанҳои тахассусӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои номбурда дар синфхонаҳои махсусгардонидашуда - студияҳои таърихи санъат, қаламқашӣ, рангкашӣ, дизайн, инчунин озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ-истеҳсолии саноати дӯзандагӣ сурат мегирад. Дар давоми таҳсил онҳо қоидаю усулҳои таҳияи тамсилаҳои (моделҳои) нави асосашон таърихӣ, анъанавӣ ва муосир, шаклбурӣ (пора) намудани матоъ ва дигар масолеҳ барои дӯхтани либоси шакл ва андозааш гуногун, инчунин нозукиҳои дар шароити хона, ателйе  (тибқи супоришҳои фардӣ) ва фабрика (бисёрадад) дӯхтани онҳоро меомӯзанд.Таълими фанҳои тахассусӣ  дар кафедраи дизайни либос ва санъати мӯд имкон медиҳад, ки донишҷӯён бо таърихи сару либос ва мӯди миллию ҷаҳонӣ, асосҳои интихоби масолеҳи либосвор, технологияи тайёр кардани ҷузъҳои гуногуни сару либос, лавозимот ва ороишот, ҳисоб кардани арзиши аслӣ ва нархи маҳсулот, инчунин ташкили истеҳсолоти дӯзандагӣ шинос шаванд. Дар машғулиятҳо ва маҳфилҳои беруназдарсӣ ба истифодаи сабтҳои телевизионии намоишҳои дастовардҳои дизайнерон ва тарҳрезони маъруфи гузашта ва ҷаҳони муосир диққати калон дода мешавад. Пас аз ҳар як нимсолаи таҳсил дар сатҳи кафедра намоиши корҳои семестрӣ баргузор карда шуда, аз рӯи натиҷаи он ба малакаи касбии донишҷӯён баҳои воқеи гузошта мешавад. Ҳар ду-се моҳ дар толори асосии донишгоҳ намоиши моделҳои аз ҷониби донишҷӯён тарҳрезӣ ва дӯхташуда баргузор мегардад. Бахусус ҷараёни ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ ва корҳои ниҳоии хатмкунандагон басо дилангез сурат мегирад. Донишҷӯёни алоҳида бо сарварии омӯзгорони кафедра ҳанӯз дар рафти таҳсил ба таври фардӣ берун аз донишгоҳ намоишҳои эҷодӣ доир менамоянд ва ба ин васила донишу малакаи соҳибгаштаи худро тарғиб мекунанд. Теъдоди зиёди хатмкардагони кафедра имрӯзҳо ба сифати дизайнер ва моделйерҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он шуҳрат пайдо кардаанд.

Икроми М.Б., Мирзораҳимов Қ.К., Шарипова М.Б., Тураева Г.Н., Гулбекова Н.Б. «Способ получения желтого пищевого красителя из корня солодки» Патент РТ № TJ, 2018

1.Ташкили корҳои илмӣ-тадкикотӣ оиди омӯзиши ҳунарҳои  қадимии тоҷикон оиди ороиши матоъҳо ва  либосхои миллӣ. (олимони ҷавон ва омузгорон)

- сафарбар намудан ва ташкили экскурсияҳо ба осорхонахо, намоишгоҳҳо ,вохуриҳо бо ҳунармандандон ва устодон дар ноҳияҳои гуногуни ҷумхурӣ.

- ҳамкорӣ ва  ташрифи коллеҷи «Ҳунарҳои мардумии тоҷикон» дар шахри Истаравшан ва омузиши таҷрибаи кории якдигар

2.Гузаронидани «Мизи мудаввар» бо иштироки олимон, ҳунармандон, рассомон ,омузгорон, донишҷуен, намояндагони фарҳангу санъат дар мавзуъи «Исчезающие художественные промыслы: инновации из прошлого» ( Ҳунарҳои ороиши амалии аз байн рафта: навоварӣ аз гузашта).

- тартиб ва намоиш  додани диски мульти медиявӣ (видеоролик) оиди таҷрибаи кори ҳунармандон ва рассомон оиди ороиш ва фаъолияту технологияи кори онҳо.

3.Ташкили курсҳои кутохмуддат –(мастер-классы)

-матоъхо:  тарзи истифодабарӣ ва ороиши он дар либосҳои гуногун(вобаста ба синну сол,ҷинс, рузмарра ва ғайра)

-истифодаи нақшу нигорҳои анъанавӣ дар либосҳои миллӣ

-технологияи офаридани нақшу нигор дар матоъ(батик)

  1. Аз тарафи донишҷӯён ташкил намудани номоиш-конкурси либосҳои мардумии тоҷикон « Традиции – современность» («Анъанавӣ -муосир»)

  1. Дастури методии «Истилоҳоти «Истилоҳоти маҳсулоти ордӣ- нонӣ, макаронӣ ва қаннодӣ» (муаллифон Хубони Сорбон, Шарипова М.Б., Қурбонов Ф.Б.) таҳия ва барои чоп омода гардида дар ҷалассаи Шўрои илмӣ-методии донишгоҳ (суратмаҷлиси №8 аз 25.03.2016) ва бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (суратмаҷлиси №11 аз 5.04.2016). ҶДММ «Баҳманрўд» 50 нусха.Душанбе – 2017с. -27саҳ.
  2. Китоби дарсии «Кимиёи физикӣ ва коллоидӣ» бо забони тоҷикӣ (муаллифон Исмоилова М.А.. Камилов Х.Ч.. Чориева С.А.) (барои колеҷи тиббӣ) таҳия шуда бо қарори Шўрои олимони ДТТ (суратмаҷлиси №12 аз 17.05.2016)   ҶДММ «Балоғат»  100 нусха.Душанбе – 2017с. -230саҳ.
  3. Дастури методӣ барои гузаронидани корҳои озмоишӣ аз фанни кимиёи умумӣ ва ғайриузвӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ  «Корҳои озмоишӣ аз кимиёи умумӣ» (муалифон Б.С. Азизов, М.Б. Икроми, М.Б. Шарипова М.Б.) таҳия ва барои чоп омода гардида дар ҷалассаи Шўрои илмӣ-методии донишгоҳ (суратмаҷлиси №8 аз 25.03.2016) ва бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (суратмаҷлиси №11 аз 5.04.2016). ҶДММ «Баҳманрўд» 50 нусха.Душанбе – 2017с. -48саҳ.
v>