Департаменти равобити хориҷӣ ва масоили иҷтимоӣ

Департаменти равобити хориҷӣ дар соли 1992 баҳри танзиму таҳкими равобити хориҷӣ ва рушди фаъолияти байналмилалии ДТТ таъсис дода шудааст.

Шуъбаи равобити хориҷӣ аз замони таъсис бар дӯши кормандони ботаҷриба ба мисли  Наҷмиддинов Х. (1992-1993), профессор Исмоилов А.А. (1993-1994), д.и.и Ашуров С.Б., Абдуллоева М. (1994-1996), д.и.и. Усмонова Т.Ҷ., Бобоҷонова Ҳ. (2000-2001), д.и.ф-м. Каримов Ф.Х. (2001-2004), доктори илмҳои техникӣ Азизов Б.С. (2004-2006), д.и.ф. Хоҷамуродов О.Ҳ. (2006-2009) вогузор шуда буд. Аз соли 2010 то инҷониб департаменти муносибатҳои байналхалқӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ таҳти роҳбарии д.и.т., проф. Х. Бобоев қарор дорад.

Самтҳои асосии шуъба:

-ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок бо  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар;

-кор бо сафоратхонаҳо, созмонҳо ва фондҳои байналмалалӣ дар ш. Душанбе;

-таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо ҷиҳати  ба даст овардани  грантҳои Иттиҳоди Аврупо;

-таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома, созишнома ва протоколҳои байнидонишгоҳӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм;

-таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома ва созишномаҳо оид ба ҳамкории байни созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишвар;

-назорати татбиқи созишномаҳои байнидонишгоҳӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо кишварҳои хориҷӣ;

-назорати раванди таҳсили донишҷўён, коромўзон, аспирантон ва устодони хориҷӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;

-таъмини назорати риояи реҷаи раводид ва қоидаҳои иқомати донишҷўён, аспирантҳо, коромўзон ва устодони хориҷӣ  дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ;

-таъмини ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таълимӣ ва коршиносони соҳа ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти байналмиллалӣ дар соҳаи маориф ва роҳҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба;

-Ҳамкориҳои зич дар доираи лоиҳаи барномаҳои  Эрасмус+, FP7  ва Горизонт 2020-и Иттиҳоди Аврупо.

-ҷустуҷў ва дарёфти барномаҳо, лоиҳаҳо ва фондҳои байналмилалие, ки грантҳои соҳаи маориф ва илм;

-таҳияи барномаҳои муштарак оид ба фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи таҳсилот, таълиму тарбия, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон дар заминаи технологияҳои муосир;

-муаррифии лоиҳаҳои инноватсионии байналмилалии грантӣ;

-таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи инноватсионии байналмилалии грантӣ.

Тибқи созишномаҳои ҳамкорӣ, як қатор лоиҳаҳои илмӣ амалӣ карда шуданд, ки донишҷӯён ва устодон бо мақсади таҷрибаомӯзӣ ва иштирок дар симпозиумҳо ва конфронсҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд. Дар ин муддат 1280 донишҷӯи тоҷик аз ҷумлаи донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия, кишварҳои ИДМ ва дигар кишварҳои хориҷӣ таҳсил карданд.

Дар доираи як созишномаи дуҷонибаи ДТТ ва Донишгоҳи давлатии Полотски Ҷумҳурии Беларус, аз 1 сентябри соли 2019 дар Донишгоҳи Технологияи Тоҷикистон як факултаи муштарак фаъолият мекунад, ки дар он мутахассисон дар ду соҳа таълим мегиранд: 1360701-Мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати кимиёӣ ва корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ ва 1700501-Тарроҳӣ, сохтмон ва истифодаи қубурҳои газу нафт ва иншооти нигоҳдории газу нафт. Таҳсил дар ин факултет дар ду марҳила сурат мегирад: ду соли аввал дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ду ё се соли дигар дар Донишгоҳи давлатии Полотски Ҷумҳурии Беларус.

Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо  муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар ва иштироки фаъолона дар лоиҳаҳои грантӣ беш аз 200 нафар омўзгорону кормандон ва 50-нафар донишҷўён курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисосро аз худ намуда,  соҳиби сертификатҳову дипломҳои байналмилалӣ гаштанд. Инчунин аз буҷети лоиҳаҳои грантӣ барои донишгоҳ таҷҳизот ва маводи дарсӣ харидорӣ шудааст, ки дар раванди таълим самаранок истифода мегарданд.

Мубодила

Шуъбаи равобити хориҷии Донишгоҳои технологии Тоҷикистон дар доираи Барномаи Erasmus + аз рӯи самти KA1 – International Credit Mobility мубодилаи донишҷӯён, устодон ва кормандони донишгоҳро бо муассисаҳои таҳсилоти оли касбии Иттиҳоди Аврупо ба роҳ мондааст. Дар доираи барномаи мазкур бо муассисаҳои таҳсилоти оли касбии зерини Иттиҳоди Аврупо созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст:

Донишгоҳи технологии Силесия, Лаҳистон

http://www.polsl.pl/en/strony/0_welcome.aspx

Донишгоҳи Лас Палмас де Гран Канария, Испания

http://www.english.ulpgc.es/

Донишгохи техникии Рига, Латвия

http://www.rtu.lv/en/

Донишгоҳи техникии Вилнюс, Литва

http://www.vgtu.lt/index.php?lang=2

Донишгоҳи техникии Карадениз, Трабзон, Туркия (Karadeniz Technical University, Trabzon, TURKEY)

http://www.ktu.edu.tr/rus

http://ec.europa.eu/education/opportunities/higher-education/study-mobility_en.htm

Донишгоҳи Аҳи Эвран, ш. Кирсехир, Туркия

Донигоҳи Беут оид ба фанҳои дақиқ, Берлин, ҶФ Олмон

Донишгоҳи Ангел Канчев,Булғористон

ДАСТОВАРДҲОИ ДТТ ДАР РАВАНДИ АМАЛИШАВИИ ЛОИҲАҲОИ ГРАНТИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ(2010-2019)

Теъдоди умумии донишҷўён, омўзгорон ва кормандони ДТТ, ки аз тарафи лоиҳахои Барномаи Темпус, Эрасмус Мундус ва Эрасмусбарои тахсил ба хорича  сафарбар гаштаанд (нафар)

Рафти корҳои тарғиботӣ дар Вилояти Хатлон н. Восеъ, ш. Кӯлоб ва н. Ш.Шоҳин дар доираи амалисозии лоиҳаи “Таҳсилоти духтарон ва рақобатпазрии онҳо дар бозори меҳнат”

ҚАДАМЕ БА ПЕШ БАҲРИ АМАЛИШАВИИ ТАЛАБОТИ СТРАТЕГИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН “ҲАМОҲАНГИИ ИЛМ ВА ИСТЕҲСОЛОТ”

Давраи омӯзишӣ оид ба тарроҳии либос тавассути барномаи комютерии “GRAFIS” дар Душанбе

Ташрифи меҳмонон аз Ҷумҳурии Индонезия ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) дар доираи ҳамкорӣ

Ташрифи меҳмонон ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи KOICA

Самараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Дастовардҳои лоиҳавии ДТТ

Кущодашавии Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар ДТТ

Симпозиуми байналмилалӣ

Маркази тайёр намудани таъомҳои халқҳои ҷаҳон

Ҷиҳати иҷрои  супориши  Протоколи  маҷлиси  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 25.10.2017 таҳти рақами №10 оид ба омода намудани ошпазҳо ва пешхизматҳои касбӣ бо ҷалби мутахассис аз хориҷи кишвар

Бо  мақсади  тайёр  намудани  ошпазон  в  пешхизматҳо  донишгоҳ  корро дар ду самт ба роҳ монд: азнавсозии озмоишгоҳҳои тайёр намудани  хӯрокҳои гуногун ва ҷалби мутахасис аз хориҷи кишвар. Барои ташкили озмоишгоҳи тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ ва Аврупоӣ донишгоҳ ба маблағи зиёда аз 133 000 сомонӣ таҷҳизотро харидорӣ ва насб  намуд, ки дар натиҷа имконияти омӯзонидани кормандон ва донишҷӯён  ба тайёр намудани таомҳои халқҳои ҷаҳон пайдо шуд. 

Барои  ташкили  курси  тайёр  намудани  хӯрокҳои  халқҳои  ҷаҳон мутахассиси ташкилоти олмонии SES Георг Мэдинг (Олмон) ҷалб карда шуд. Тайи рӯзҳои 13 апрел – 5 майи соли 2018 аз рӯи барномаи таҳияшуда,  дар ҳаҷми 64 соат 8 нафар омӯзгорону кормандон ва 12 нафар донишҷӯёни  факултети  муҳандисӣ  -технологӣ  ба  курси  тайёр  намудани  хӯрокҳои халқҳои  ҷаҳон  таҳти  роҳбарии  мутахасиссиси  байналмилалӣ  Георг Мэдинг ҷалб карда шуданд.

 

 

Лоиҳаҳои байналмилалии грантӣ, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
дар амалишавии онҳо аъзо буд ва иштироки фаъол дорад.

MIND«Менеҷмент-инноватсия–рушд”. Таъсиси Маркази ҷавонон оид ба  рушди малакаи  соҳибкорӣ ва инноватсионии донишҷуён дар ДТТ ва донишгоҳҳои хамшарик.

Муфассалтар…

PAWERБа роҳ мондани мубодилаи байниминтақавӣ ва таъмини аҳамиятнокӣ, сифат ва дастрасии баробар ба таҳсилот”. Мубодилаи таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои Осиё ва Россия дар самти таъмини ҳуҷҷатгузорӣ, эътирофи байнияк-дигарии ҳуҷҷатҳои таҳсилот ҳангоми мубодилаи академӣ.

Муфассалтар…

HiEdTec– “Модернизатсияи системаи таҳсилоти олӣ дар осиёи марказӣ тавассуси технологияҳои нав” .

Муфассалтар…

 

Иштирок дар лоҳаҳои ба анҷом расида

PROMIS – «Барномаи тадқиқоти касбии магистрии равияи информатика ҳамчун компетенсияи дуюм» 12.2013 – 12.2016 http://promisproject.kaznu.kz

Муфассалтар…

MFQSE –«Такмили маълумоти олии касбӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии озуқаворӣ» 12.2013 – 12.2016


Муфассалтар…

UNIWORK– «Тақвияти марказҳои рушди касбият дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоид ба хатмкунандагон дар дарёфти ҷойҳои корӣ» 12.2013 – 12.2016 uniwork-project.eu

Муфассалтар…

eINTERASIA – «Интиқоли натиҷаи тадқиқотҳои  давлатҳои Аврупо дар соҳаи ТИК  барои  мутобиқгардонӣ ва  истифода  дар Осиёи Марказӣ» 1.03.2013 – 28.08.2015 www.einterasia.eu

Муфассалтар…

INNOCAST – «Озмоишгоҳҳои инноватсионӣ дар ОсиёиМарказӣ – сабабгори рушди босуботи инноватсия дар сегонаи дониш» 12.2013 – 12.2016

Муфассалтар…

 

Лоиҳаи FP7 (Seventh Framework Program)

MAPREE – «Таҳияи барномаи магистрӣ аз рӯи ихтисоси манбаҳои барқароршавандаи энергия ва истифодабарии самараноки энергия дар сохтмони биноҳо барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Россия» 12.2012 – 12.2015 http://www.mapree.se

Муфассалтар…

DOQUP – «Ҳуҷҷатгузорӣ барои таъмини сифати барномаҳои таълимӣ» 12.2011 – 12.2014 http://tempus-doqup.unige.it

Муфассалтар…

CANEM II – «Ҳамкориҳои Донишгоҳҳои Осиёи Мараказӣ ва Аврупо дар соҳаи иқтисод ва менеҷмент 2» http://www.canem.ulpgc.es/canem2

Муфассалтар…

 
 
 

Ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Олмон

GIZ– «Ташкилоти хамкориҳои байналмилалии Олмон» Лоиҳаи «Барномаи минтақавии тахсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ», бахши технологияи коркарди мева ва сабзавот дар доираи барномаи технологияи истеҳсоли маводи хӯрока.

Муфассалтар…

LOGO.eV– Ташкилоти ҷамъиятии «Аграрӣ ва мувозинати экологӣ бо Аврупои Шарқӣ».

Муфассалтар…