Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ (26 - 27 апрели соли 2024) ҚИСМИ 1

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ (26 - 27 апрели соли 2024) ҚИСМИ 2

Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ (24-25 ноябри соли 2023) ҚИСМИ 1

Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ (24-25 ноябри соли 2023) ҚИСМИ 2

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ (24-25 апрели соли 2023) Қисми 1

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ (24-25 апрели соли 2023) Қисми 2

Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ (18-19 ноябри соли 2022) ҚИСМИ 1

Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ (18-19 ноябри соли 2022) ҚИСМИ 2

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ Кисми 1 (22-23 апрели соли 2022)

 Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ Кисми 2 (22-23 апрели соли 2022)

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ Қисми 1 (15 - 16 октябри соли 2021)

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ Қисми 2 (15 - 16 октябри соли 2021)

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (27-феврали соли 2021)

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (23-24 апрели соли 2021) ҚИСМИ 1

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (23-24 апрели соли 2021) ҚИСМИ 2

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (20-21 ноябри соли 2020) ҚИСМИ 3

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (20-21 ноябри соли 2020) ҚИСМИ

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (20-21 ноябри соли 2020) ҚИСМИ 1

Конференсия байналмилалии илмӣ-амалӣ (ноябри 2019) Қисми 1.

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ (ноябр 2019) Қисми 2.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (28 апрели соли 2018) Қ 1

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (28 апрели соли 2018) Қ 2

Маводи конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ (17-18 - ноябри соли 2017)

Маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ (23-24-уми ноябри соли 2018)

Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (28-29 - апрели соли 2017)

Маводҳои Аввалин Форуми байналмилалӣ (15-17 майи соли 2015)

Маводҳои конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ (18-19 декабри соли 2015)

Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (13 - июнии соли 2015)

Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (13 - июнии соли 2015

Конф. апрел. Илм ва мухити инноватсиони

Маводҳои 5-умин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ (7-8 ноябри соли 2014)

МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ 3-ЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ 4-УМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (26-27 апрели соли 2013)

 

ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷаллаи “Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон” нашрияи илмӣ-амалӣ буда, дар он натиҷаҳои илмию таҳқиқотии рисолаҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ва доктори илм нашр мегарданд. Дар маҷаллаи мазкур мақолаҳои илмии ҳайати омӯзгорону профессорон, аспирантону унвонҷӯён ва докторантони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, инчунин мактабҳои олии мамлакат ва кишварҳои дуру наздик ба нашр мерасанд.

Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ ташкил медиҳанд. Маҷаллаи мазкур дар як сол 4 шумора ба нашр мерасонад. Бахшҳои асосии маҷалла, муҳтаво ва мундариҷаи мақолаҳо бо Феҳристи ихтисосҳои илмие, ки дар заминаи онҳо дараҷаҳои илмӣ дарёфт мегарданд, мувофиқат менамоянд. Феҳристи мазкур бо қарори раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2017, №1/3 ба амал бароварда шудааст.

Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки дар мувофиқа бо бахшҳои маҷалла барои чоп пешкаш мегарданд, бо мақсади баҳогузории экспертӣ барои гирифтани тақриз супорида мешаванд. Ҳамаи муқарризон мутахассисони варзидаи бахшҳои маҷалла мебошанд ва дар соҳаи худ маводи гуногуни чопнамуда доранд. Ба ҳамаи муаллифон нусхаи тақризи манфӣ бо нишон додани сабабҳои чоп нагардидани мақола ирсол мегардад.

Мутобиқи қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №3 аз 24 сентябри соли 2020 ва фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ №209 аз 26 октябри соли 2020 “Паёми ДТТ” ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Инчунин маҷаллаи илмӣ-амалии “Паёми ДТТ” ба рӯйхати Индекси иқтибосии илмии Россия (ИИИР), ки натиҷаҳои асосии илмии рисолаҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос,  номзад ва доктори илм бояд дар онҳо нашр карда шаванд, дохил карда шудааст (шартномаи № 818-12/2014 бо ҚЭИ оид ба воридшавӣ ба системаи ИИИР). Мундариҷаи маҷалла дар шакли фишурдаҳо ва калидвожаҳо ба ИИИР ворид карда мешавад. Бойгонии электронии маҷалла дар сомонаи расмии он дастрас мебошад. Ҳамаи маълумот дар сомонаи маҷалла дастрас мебошад.

Ҳайати таҳририяи маҷалла аз 3 академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 3 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 13 доктори илм ва 13 номзади илм иборатанд, ки ҳамаи онҳо кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ ва мутахассисони варзидаи соҳаи худ мебошанд.

Ҳамаи мақолаҳои илмии чопшаванда дорои рӯйхати адабиёти истифодашуда мебошанд, ки дар асоси қоидаҳои аз ҷониби маҷалла муқарраргардида тартиб дода шудаанд.

Ҳамаи мақолаҳои илмии чопшаванда дорои фишурда, вожаҳои калидӣ ва маълумот дар бораи муаллифон мебошанд, ки онҳо бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ тартиб дода шудаанд.

Маҷалла дорои рақами байналхалқии силсиланашрия мебошад (ISSN 2707-8000).

Сармуҳаррир:

АМОНЗОДА ИЛҲОМ ТЕМУР

докторӣ илмҳои техникӣ, дотсент

ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Ҷонишини сармуҳаррир:

доктори илмҳои техникӣ, профессор Ғафоров А.А.

Котиби масъул:

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Усмонова Т.Ҷ.

Ҳайати таҳририя

Ғаниев И.Н. – д.и.х., профессор, академики АМИТ;Холиқов Ҷ.Х. – д.и.х., профессор, академики АМИТ;Раҳмонов З.Ҳ. – д.и.ф.-м., профессор, академики АМИТ;Одиназода Ҳ.О. – д.и.т., профессор, узви вобастаи АМИТ;Мансурӣ Д.С. – д.и.т., профессор, узви вобастаи АМИТ;Кобулиев З.В. – д.и.т., профессор, узви вобастаи АМИТ;Усмонова Т.Ҷ. – д.и.и., профессор;Рауфӣ А.А. – д.и.и., профессор;Разумеев К.Э. – д.и.т., профессор;Рудовский П.Н. – д.и.т., профессор;Ғафоров А.А. – д.и.т., профессор;Ишматов А.Б. – д.и.т., профессор;Кубеев Е.И. – д.и.т., профессор;Бaйболова Л.К. – д.и.т., профессор;Иброгимов Х.И. – д.и.т., профессор;Сафаров М.М. – д.и.т., профессор;Муҳидинов З.Қ. – д.и.х., профессор;Иброҳимов М.Ф. – д.и. таъ., профессор;Комилиён Ф.С. – д.и.ф.-м., профессор;Тошматов М.Н. – н.и.и., и.в. профессор;Шобеков М.Ш. – н.и.и., и.в. профессор;Икромӣ М.Б.– н.и.х., и.в. профессор;Юсупов М.Ч. – н.и.ф.-м., дотсент;Ҳакимов Ғ.Қ. – н.и.т., дотсент;Икромӣ Х.И. – н.и.т., дотсент;Хушматов А.Т. – н.и.т., дотсентСафаров Ф.М. – н.и.т., дотсент;Яминзода З.А.– н.и.т., дотсент.Яминзода З.А.– н.и.т., дотсент.Камолиддинов С. – н.и.и., дотсент;Ҳасанов А.Р. – н.и.и., дотсент;Дарингов Қ.П.– н.и.и., дотсент;Сатторов А.А. – н.и.и., дотсент;Содиқов Р.Ҳ. – н.и.и., дотсент;Мирзоҷонзода Н.М. – н.и.и., дотсент;Муҳаррири матни забони русӣ: Самадова З.С. – н.и.ф., дотсент;Муҳаррири матни забони тоҷикӣ: Бобоева Т.Р. – н.и.ф., дотсент;Ороиши компютерӣ ва тарроҳӣ: Қодирзода Ш.А. – мутахассис - таҳлилгари шуъбаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ.

ТАЛАБОТИ АСОСӢ БА МАҚОЛАҲОИ ИЛМИЕ, КИ БА МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ «ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН» БАРОИ ЧОП ПЕШНИҲОД МЕГАРДАНД

Муаллиф бояд тақризи соҳавии номзадон ва ё докторони илмро на кам аз як саҳифа (ҳам дар шакли чопӣ ва ҳам дар шакли электронӣ, бо муҳр ва имзо) пешниҳод намояд.Мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд,  пешакӣ аз ҷониби мутахассисон - корбарони маҷалла нисбат ба мундариҷа ва риояи талаботи асосӣ ба муаллиф хабар медиҳанд ва он норасогиҳое, ки дар мақола ҷой доранд, то оғози ташхис аз ҷониби муаллиф бояд бартараф карда шаванд.Пас аз бартараф намудани камбудиҳо, мақолаи пешниҳодшуда бояд аз санҷиши барномаи  “Антиплагиат” гузаронида шавад ва на камтар аз 75% аслиятро дар бар гирад.  Бояд қайд намуд, ки санҷиши “Антиплагиат”-ро бояд дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, гузаронанд.Мақолаи илмӣ дар доираи талаботи ҷорӣ аз ҷониби ҳайати таҳририя ва ё мутахассисони соҳаи дахлдор (номзадҳо ва докторони илм) ташхис гардида, ба он тақризи ниҳоӣ дода мешавад.Дар тақриз бояд хусусиятҳои муҳимми мақола асоснок карда шаванд. Аз ҷумла, навоварии илмӣ, муҳиммияти омӯзиши масъала, арзиши таърихӣ ва фактологии мақола, дурустии иқтибосҳои нишондодашуда, услуби матн, истифодаи адабиёти солҳои охир ва камбудию норасогиҳои мақола. Дар охири тақриз нисбат ба мақола баҳои умумӣ дода мешавад ва ба ҳайати таҳририя дар мазмунҳои зерин хулосаи муқарриз пешниҳод мегарданд:ба чоп тавсия карда шавад;баъди ислоҳи камбудиҳо ба чоп тавсия карда шавад;барои тақриз иловатан ба мутахассиси дигари масъалаи дахлдор фиристода шавад;барои чоп тавсия карда намешавад.Мақолаҳои илмии барои чоп қабулгардида, аммо ба тағйирот ниёздошта, бо нишон додани тавсияҳои муқарриз ва муҳаррир ба муаллифон фиристода мешаванд. Муаллифон бояд камбудию норасогиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, шакли ниҳоии матни чопӣ ва электронии мақоларо бо дастхати пештарааш ба маҷалла пешниҳод намоянд. Баъди ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мақолаи илмӣ такроран барои тақриз супорида мешавад ва сипас, аз ҷониби ҳайати таҳририя ба чопи он иҷозат дода мешавад.Мақолае, ки ба он тақризи мусбат дода шудааст ва чопи он аз ҷониби ҳайати таҳририя ҷонибдорӣ гардидааст, барои нашр қабулгардида ба ҳисоб меравад.Раванди тақриздиҳӣ аз ҷониби ҳайати таҳририя ба мақолаҳо махфӣ мебошад.ТАЛАБОТ НИСБАТ БА МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ:Маводи чопшавандаро дар ҳаҷми аз 4 то 10 саҳифаи пурра, дар қоғази сафеди андозааш А4 (210х297) бо ҳошияҳои боло, поён, чап ва рост андозааш - 2 см ҷойгир кардан лозим аст. Рақамгузорӣ карда нашавад. Маводро бо шрифти Times New Roman бо андозаи 14 таҳия кардан лозим аст, байни сатрҳо 1,15. Муҳтавои асосӣ (Аннотатсия) на кам аз 7-10 ҷумла, калимаҳои калидӣ на кам аз 10 калима ва маълумот дар бораи муаллиф (рақами телефон ва е-mail) бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.Мавод бояд ҷавобгўи чунин талабот бошад: номи мақола, ному насаби муаллиф, номи ташкилот, шаҳр, давлат, тексти асосӣ, хулосаҳо ва рӯйхати адабиёт. (Рӯйхати адабиёти истифодашуда на зиёда аз 10 номгӯйи адабиёти илмӣ.) Номи мақола бояд бо ҳарфҳои калон (сиёҳкардашуда) чоп шуда, сатҳи ҳошияи боло нигоҳ дошта шавад. Номи мақоларо дар марказ ҷой додан лозим аст. Ҷойи як сатрро холӣ гузошта ному насаби муаллифро (бо ҳарфҳои сиёҳкардашуда) сабт намудан лозим аст. Гузаронидани қисми калима ба сатри нав манъ аст. Дар қавс, ба намуди курсив, намуди кӯтоҳкардашудаи ташкилот, шаҳр, давлат (бо вергул, дар марказ) ҷойгир кардан лозим аст.Расмҳо, тасвирҳо, диаграмма ва нақшаҳоро бо формати *bmp, *gif, *jpg,  *dwg андозаи на камтар аз 60х60мм, бо объектҳои (мавод) дохил карда, дар рафти ҷойгиршавии мавод ҷо ба ҷо кардан лозим аст.Ҷадвалҳо бояд ном дошта бошанд. Дар объекти (мавод) ҷойгиркардашуда дар зери ҳар як расм ё дар болои ҷадвал рақам ва номҳои он сабт карда мешавад. Ҳар расм ё ҷадвал  аз боло ё поён аз матн бояд бо 1 фосилаи байнисатрӣ ҷудо карда шавад.Формулаҳо бо курсив навишта шуда, бояд аз матни асосӣ як фосила ҷойи холӣ дошта бошанд ва дар марказ ҷой дода шуда, рақамгузорӣ карда шаванд (дар ҳолати овардани иқтибос аз матн). Рақамҳо дар қавсҳои нимдавра оварда шуда, бо сарҳади аввали ҳошия баробар карда шаванд.Матни мақола, расм ва тақризро дар диски CD-RW (флеш) сабт намуда, дар зери он ному насаби муаллифон ва номи мақоларо овардан зарур аст.Муайян кардани УДК - и мақола.Навиштани рӯйхати адабиёт аз рӯйи алифбо бо талаботи ГОСТ.Маводе, ки ба талабот ва ба тематикаи маҷалла ҷавобгӯ нест, инчунин маводе, ки  ба кумитаи тадорукот бо камбудиҳо дастрас мешаванд, қабул карда намешаванд.Маълумот дар барои муаллиф ба тартиби зайл оварда мешавад: насаб, ном, номи падар, дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошад), вазифа ва ҷойи кор, телефон ва почтаи электронӣ, инчунин суроғаи почтаи ҷойи кор;Мақолаи аспирант/докторанти PhD/ унвонҷӯ танҳо бо тавсияи роҳбари илмӣ/мушовири илмӣ қабул карда мешавад;ЭЗОҲ:Мақолаи ба маҷалла воридшуда аз ҷониби ҳайати таҳририяи силсиламаҷаллаҳои илмии ДТТ дар муддати 30 рӯз баррасӣ мегардад;Маблағи чопи мақола пас аз тавсия шудани мақола ба нашр қабул карда мешавад.

ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН 

ТАРТИБИ ТАҚРИЗДИҲӢ БА МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ

Мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бояд бо тақризи олими пешбари соҳа пешниҳод карда шаванд. Сипас мақола аз ташхиси пешакӣ гузаронида мешаванд (ташхис аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя – мутахассисони соҳаи дахлдор анҷом дода мешавад) ва баъд аз он дар доираи тартиботи ҷорӣ барои чоп қабул мегарданд. Талабот барои тартиб додани шакли ниҳоии матни мақола дар ҳар як шумораи маҷалла чоп карда мешавад.

Ҳангоми қабули шакли дастнависи мақола, корбарони маҷалла нисбат ба мундариҷа ва риояи талаботи асосӣ ба муаллиф хабар медиҳанд ва он норасогиҳое, ки дар мақола ҷой доранд, то оғози ташхис аз ҷониби муаллиф бояд бартараф карда шаванд.

Сипас мақолаи илмӣ дар доираи талаботи ҷорӣ аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя ва ё мутахассисони соҳаи дахлдор (номзадҳо ва докторони илм) ташхис мегарданд.

Дар тақриз бояд хусусиятҳои муҳими мақола асоснок карда шаванд. Аз ҷумла, навоварии илмӣ, муҳимияти омӯзиши масъала, арзиши илмӣ, дурустии иқтибосҳои нишондодашуда, услуби матн, истифодаи адабиёти солҳои охир ва камбудию норасогиҳои мақола. Дар охири тақриз нисбат ба мақола баҳои умумӣ дода мешавад ва ба ҳайати таҳририя дар мазмунҳои зерин хулосаи муқарриз пешниҳод мегарданд: ба чоп тавсия карда шавад; баъди ислоҳи камбудиҳо ба чоп тавсия карда шавад; барои тақриз иловатан ба мутахассиси дигари масъалаи дахлдор фиристода шавад; барои чоп тавсия карда намешавад.

Мақолаи илмии барои чоп қабулгардида, аммо ба тағйирот ниёздошта, бо нишон додани тавсияҳои муқарриз ва муҳаррир ба муаллифон фиристода мешаванд. Муаллифон бояд камбудию норасогиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, шакли ниҳоии матни чопӣ ва электронии мақоларо бо дастхати пештарааш ба маҷалла пешниҳод намояд. Баъди ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мақолаи илмӣ такроран барои тақриз супорида мешавад ва сипас аз ҷониби ҳайати таҳририя барои чопи он иҷозат дода мешавад.

Мақолае, ки ба он тақризи мусбӣ дода шудааст ва чопи он аз ҷониби ҳайати таҳририя ҷонибдорӣ гардидааст, барои нашр қабулгардида ба ҳисоб меравад.

Раванди тақриздиҳӣ ба мақолаҳои дастнавис махфӣ мебошад. Паҳн намудани хабар дар бораи раванди тақриздиҳии мақолаи дастнавис боиси поймол гардидани ҳуқуқи муаллиф мегардад. Муқарризон барои нусхабардорӣ намудани матни мақола ва истифода намудани он барои эҳтиёҷоти худ ҳуқуқ надоранд.

Тақризҳо дар нашрияи маҷалла дар муддати 5 сол нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳангоми дархост нашрияи маҷалла нусхаи тақризҳоро ба Комиссия олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.

 

Маълумот барои иртибот

Муассиси маҷалла: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Нишонии муассиси маҷалла:
734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Н.Карабоев, 63/3
Тел.: (+992-37) 234-79-89
Факс: (+992-37) 234-79-88
E-mail: rectorat@tut.tj
Сомонаи расмӣ: Паёми ДТТ  http://tut.tj

Нашриёт: Шӯъбаи табъу нашри Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Маҷалла: Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (Паёми ДТТ).

Нишони маҷалла:

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Н.Карабоев, 63/3

(8-992-37)234-79-89 к; 234-94-26 к;  915 48 03 85 моб.
E-mail: vestnik-tut@mail.ru