То соли 1984 кор дар вазифаҳои мухандиси пешбурд ва мудири лабораторияи баҳодиҳии истифодабарӣ ва самаранокии мошинҳо дар стансияи давлатии минтақавии озмоиши мошинҳои Точикистон.
Аз соли 1984 дар аспирантураи мақсадноки Донишкадаи кишоварзии Ленинград дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург). Баъд аз ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ дар мавзўи «Повышение эффективности технологического процесса культиватора-растениепитателя за счет оперативного контроля расхода минеральных гранулированных удобрений», аз соли 1988 то сентябри соли 2012 фаъолият дар факултети Механиконии кишоварзии Донишгоҳи агарарии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур.
Фаъолият дар Донишгоҳи агарарии Тоҷикистон: соли 1988 вазифаи устои таълимии истеҳсолӣ, соли 1989 ходими илмӣ, сентябри соли 1989 ассистенти кафедраи «Муҳофизати меҳнат ва идоракунии техникаи кишоварзӣ», сентябри соли 1990 ассистенти кафедраи «Мошинҳои кишоварзӣ ва мелиоративӣ», омўзгори калон (1992), иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра (1993) ва аз соли 1994 аз рўи озмун дар вазифаи мудири кафедраи «Мошинҳои кишоварзӣ ва мелиоративӣ» то 30 сентябри соли 2012.
Аз октябри соли 2012 дотсенти кафедраи «Ҳаракатдиҳандаи роҳи оҳан»-и факултети «Нақлиёт»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, аз апрели соли 2013 дар вазифаи сардори Идораи илм ва инноватсияи, аз феврали соли 2014 сардори Идораи корҳои илмӣ-таҳқиқотии ДТТ, аз сентябри соли 2016 сардори Идораи корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва аз феврали соли 2019 то ҳол муовини ректор оид ба илм ва татбиқоти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Шумораи мақолаҳои илмӣ – зиёда аз 110 номгўйро ташкил менамояд, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Санкт-Петербург, Саратов инчунин дар ш. Кострома ба чоп расидаанд.