Муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Юсупов Мирзо Чўлиевич. Юсупов Мирзо Чўлиевич, 8 июни соли 1957 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Падараш, Юсупов Чўлибой, соли таваллудаш 1928, модараш, Ёқубова Инобат, соли таваллудаш 1937 ҳоло дар қайдиҳайт нестанд.

Дар солҳои 1964 – 1974 дар мактаби миёнаи рақами 1-и ба номи А.М. Горькии шањри Истаравшан таҳсил намуда онро бо баҳои «Аъло» хатм намудааст. Ҳангоми таҳсил дар синфи 10-ум дар олимпиадаи Ҷумҳуриявӣ аз фанни математика иштирок намуда, соҳиби  ҷои дуюм ва медали «Нуқра» гардидааст.

Соли 1974 ба курси якуми факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин қабул шуда онро соли 1979 бо дипломи «Аъло» хатм намуд. Баъди хатми Донишгоҳ  дар Маркази ҳисоббарории АИ ҶТ ба ҳайси таљрибаомўз- тадқикотчӣ ба кор қабул щуд. Аз моҳи ноябри соли 1980 то ноябри соли 1982 дар Маркази ҳисоббарории АИ ИҶШС (ш. Москва) таҷрибаомўзӣ намуда, баъди он дар муддати 3 сол  дар аспирантура таҳсил намуд. Рисолаи номзадии ў ба тарҳрезии риёзии сабзиши ниҳоли пахта бахшида шуда онро соли 1990 бомуваффақият ҳимоя намуд. Соли 1992 соҳиби унвони дотсент гардид.

Баъди хатми аспирантура солҳои 1986-1998 дар Институти математикаи АИ ҶТ дар вазифаҳои корманди илмӣ, мудири шӯъба, котиби илмӣ  фаъолият намудааст.

Моҳи августи соли 1998 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳайси мудири департаменти «Информатика ва фанҳои муҳандисӣ» фаъолияти меҳнатиашро давом дод. Аз сентябри соли 2000 то августи соли 2004 вазифаи декани факултети Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз сентябри соли 2004 то августи соли 2007 вазифаи декани факултети байналмилалӣ, аз сентябри соли 2007 то августи соли 2009 вазифаи декани факултети Система ва технологияҳои иттилоотӣ, аз сентябри соли 2009 то августи соли 2010 вазифаи мудири кафедраи Системаҳои иттилоотиро иҷро намуд. Аз сентябри соли 2010 то 25 феврали соли 2014 вазифаи декани факултети муштараки тоҷикӣ – украиниро иҷро намуд. Айни ҳол вазифаи муовини ректори ДТТ оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимиро ба ӯҳда дорад.

Моҳи июли соли 2002 дар кишварҳои Чехия, Полша, Эстония ва моҳи сентябри соли 2002 дар кишвари Хорватия оиди равнақи шабакаҳои компютерии илмию таълимӣ  дар Тоҷикистон дар сафарҳои хидматӣ  буд. Соли 2010 дар кишвари Шветсия ҳамчун роҳари лоиҳаи барномаи ERASMUS MUNDUS аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сафар намуд. Тайи солҳои 2011 – 2017 ба як қатор давлатҳои хориҷи, аз ҷумла Олмон, Шветсия, Чин, Литва оид ба барномаҳои таълимӣ федраи таҳлили риёзии факултети механикаю математикаи ДДТ ба номи В.И. Ленин оғоз намуд. Солҳои 1986-1997 ҳамчун ҳамкор дар кафедраи Механика ва усулҳои ҳисоббарории ДДТ ба номи В.И. Ленин фаъолият намудааст. Муаллифи 3 китоби таьлимӣ мебошад. Айни ҳол дар баробари вазифа ҳамчун дотсент дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолияти омӯзгорӣ дорад. Аълочии маорифи Тоҷикситон аст. Дар баробари кори омӯзгорӣ ба корҳои илмӣ дар самти моделсозии математикии равандҳои эколоӣ  ва иқтисодию иҷтимоӣ  машғул аст. Модели математикии динамикаи сабзиши пахта ва пешгӯии ҳосилнокии он дар соли 1990 аз тарафи мутахассион беҳтарин модели математикӣ дар ИҶШС эътироф гардида буд. Тайи солҳои 2009 -2012 дар ҳамкорӣ бо олимони Пажуҳишгоҳи биофизика ва физоилогияи растаниҳои АИ ҶТ бо супориши пажуҳишгоҳи генетикаи Италия як қатор корҳои илмиро оид ба омўзиши таъсири гармшавии иқлим ба ҳосилнокии гандум ба анҷом расонид. Айни ҳол ба тарҳрезии математикии равандҳои иҷтимоию демографии Тоҷикистон ҳамроҳи шогирдон як қатор корҳои илмиро ба анҷом расонида истодааст.