Кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии компютерӣ (пештар, барномасозӣ ва технологияҳои иттилоотӣ) ҳамчун ҷузъи сохтории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз соли 2000-ум амал мекунад.

Дар солҳои муайян вазифаи мудирии кафедраро нафарони зерин иҷро кардаанд:

  • солҳои 2000-2002: ЮСУПОВ Мирзо Чулиевич – номзади илмҳои физикаю математика, дотсент;
  • солҳои 2002-2005: ИСМОИЛОВ Мизроб Ахмедович – номзади илмҳои физикаю математика, дотсент;
  • солҳои 2005-2008: ЗАРИПОВ Сайдаҳмад Асрорович – номзади илмҳои физикаю математика, и.в. дотсент;
  • солҳои 2008-2011: ТУРСУНОВ Раҳматулло Ҷалолович – номзади илмҳои физикаю математика, и.в. дотсент;
  • солҳои 2011-2012:НАЗАРЗОДА Рустам Саидмурод – номзади илмҳои педагогика, муаллими калон;
  • солҳои 2012-2015: ЗАРИПОВ Сайдаҳмад Асрорович – номзади илмҳои физикаю математика, и.в. дотсент;
  • солҳои 2015-2022: ТУРСУНОВ Раҳматулло Ҷалолович – номзади илмҳои физикаю математика, и.в. дотсент.

Аз соли 2022 вазифаи мудирии кафедраро номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент ҒУЛОМСАФДАРОВ Абдулназар Ғуломназарович ба уҳда дорад.

Тайи солҳои фаъолияти кафедра, дар заминаи он 4 нафар кормандон рисолаҳои номзадии худро омода ва ҳимоя карданд.

Кафедра аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассисонро омода месозад:

1-40 01 01 01 – «Системаҳои компютерӣ ва Интернет-технологияҳо»;

1-40 01 01 02 – «Системаҳои автоматикунонидашуда»;

1-40 01 01 07 – «Таъминоти математикӣ ва барномавии истеҳсолоти автоматонӣ»;

1-40 01 01 08 – «Муҳандисии барномавӣ»;

1-40 03 01 01 – «Зеҳни сунъӣ».

 

 

Ғуломсафдаров Абдулназар Ғуломназарович

мудири кафедра

Номзади илмҳои техникӣ, и.в.дотсент.

E-mail: abdulnazarg80@gmail.com; abdulnazar80@mail.ru.

Маълумот: Соли 2002 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро  бо ихтисоси математик-барномасоз хатм намудааст. Аз соли 2007 то соли 2010 аспирантураи Донишгоҳи ш.Хоруғ таҳсил намуд. Соли 2021 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таҳияи зерсистемаҳои коркарди  автоматии матнҳои забони шуғнонӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникии ихтисоси 05.13.11. – “Таъминоти математикӣ ва барномавии мошинҳои ҳисоббарорӣ, маҷмааҳо ва шабакаҳои компютерӣ”дифоъ кардааст.

 

Фанҳои  таълимӣ :

- “Технологияи компютери ва графикаи компютерӣ, технологияи мултимедиявӣ”

- “Асосҳои Web тазйин (HTML, CSS, Bootstrap)”

- “Барномасозии консолӣ ва самти объектӣ (Visual Basic, C++, C#, Java, Python, )”

- “Барномасози дар интернет (PHP, JAVA SCRIPT, JQuery)”

-“Манбаи додашудаҳо (SQL, XML, JSON)”

-“Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ”

-“Тафаккури сунъӣ, Таҳлили маълумотҳои калон ва омӯзиши мошинӣ”

-“Амнияти иттилоотӣ, криптография ва стеганография”

Самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ:

  1. Усулҳои стохастикии мурратабсозии қонуниятҳои морфологии калимасозӣ дар забони шуғнонӣ (зудии вохурии ҳафҳо, ҳиҷоҳо ва калимаҳо дар матни забони шуғнонӣ);
  2. Усулҳои омории математикӣ, барномасозӣ, лоиҳакашии СИМД ва озмоиши ҳисобкунӣ;
  3. Омӯзиши сохти марфологии забони шуғнонӣ барои таҳияи барномаҳои автоматикунонии морфологии коркарди матн;
  4. Таҳия кардани алгоритмҳои таҳлили морфологӣ, синтез, меъёрноккунии калимаҳо, овозкунии матнҳо, ёфтан ва ислоҳи хатогиҳо дар забони шуғнонӣ.

Муаллифи дастурҳои таълимии зерин мебошад:

  1. Мавлоназаров С., Ғуломсафдаров А., Султонҳайдаров Н. Информатика (бо забони тоҷики) - Душанбе, ДДЗТ, 2013
  2. Ғуломсафдаров А., Зарипов С.А. Барномасозӣ дар С++ BULDER (бо забони тоҷики)
  3. Зарипов С.А., Ғуломсафдаров А. Нишондоди методӣ оиди иҷрои корҳои озмоишӣ аз фанни “Амалияи барномасозӣ”. Матбааи “ДТТ”, Душанбе 2019.
  4. Ғуломсафдаров А., Қадамшоев Н.У. Барномасозӣ дар С# (бо забони тоҷики), Душанбе 2021

Интишороти илмӣ, таълимӣ ва илмӣ – методӣ: зиёда аз 15 номгӯ

 

ТУРСУНОВ  Раҳматулло Ҷалолович

номзади илмҳои физикаю математика , дотсент

Аълочии маорифи Тоҷикистон

E-mail:tursunov1958@list.ru

 

 

 

 

 

Фанҳои  таълимӣ :

  1. Технологияи барномасозӣ
  2. Тарҳрезии математикӣ
  3. Забонҳои барномасозӣ
  4. Сохтор ва алгоритмҳои коркарди додашудаҳо

Самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ:

  1. Тарҳрезии матемактикии равандҳои экологӣ
  2. Технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим

Корҳои  илмӣ – методӣ:

  1. Турсунов Р.Ҷ., Шарипов Ш.А. Дастури методӣ оид ба MS Access. Қисми 1. Душанбе, “Промт”, 2003.- 100 с.
  2. Турсунов Р.Ҷ., Шарипов Ш.А., Раҳмонов П. Қ. Дастури методӣ оид ба MS Access.Қисми 2. Душанбе, “Промт”, 2005.- 100 с.
  3. Турсунов Р.Д., Шарипов Ш.А. Программирование на Visual Basic. Для экономистов.- Душанбе, «Эр - граф», 2005.- 48 с.
  4. Турсунов Р.Д. Методическое пособие по “Основы алгоритмизации и программирования”. -Душанбе, “Эр-граф”, 2017. -180с.
  5. Исмоилов М.А., Турсунов Р.Ҷ. Асосҳои алгоритмикунонӣ ва барномасозӣ (дастури таълимӣ). – Душанбе, “Эр-граф”, 2018. -220с.

 

Зарипов Сайдаҳмад Асрорович

дотсенти кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии компютерӣ

Номзади илмҳои физикаю математика, и.в.дотсент

E-mail: szaripov65@mail.ru

 

 

 

 

 

 

Фанҳои таълимӣ:

- барномасозӣ дар забони сатҳи баланд;;
- муқаддимаи тафаккури сунъӣ;
- системаҳои автоматии идоракунӣ;
- технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаҳо;
- технологияҳои коркарди таъминоти барномавӣ;
- усулҳои тадқиқоти илмӣ

Самти илмӣ: моделиронии ҷузъҳои имлои забони табиӣ.

Корҳои илмӣ-методӣ:

1. Алгоритм компьютерного перевода английского ПНП на таджикский язык. Докл. АН РТ, т. 45, № 3 – 4, 2002 г., с. 66-71 (Усмонов З.Д., Исмаилов М.А., ЗАрипов С.А.)
2. Элементы компьютерных грамматик некоторых естественных языков (монография), Технологический университет Таджикистана (ТУТ), Душанбе, 2007, 124 с.
3. Элементы компьютерных систем в обучении русскому языку. Сб. матер. Дней русского языка в РТ, МГУ им. М.В. Ломоносова, Москва, 2007, с.62-67
4. Компьютерная обучающая система «Падежное склонение». Прогр. межд. конф. «Повыш. кач-ва обра-зов. на основе использ. ИКТ» ТГНУ, Д-бе: 2008.
5. Модели межсловных связей таджикского предложения. Материалы Междун. НПК ТУТ «ВТО: развитие науки, техники и образования» (Душанбе, 8.11. 2014 ), с.33-35
6. Мушкилоти таҳлил ва синтези компютерии матн. Маводҳои конференсияи илмӣ-техникии ДМТ, Душанбе, 22-28 декабри с. 2018., с. 107-110 (ҳаммуаллиф: Ризвонова У.М.)
7. Нуфузи насри мусаҷҷаъ дар боби аввали “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ. Маводи конф. илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ «Рушди ТИ дар ҶТ: самтҳои афзалиятнок ва инноватсионӣ», Институти соҳибкорӣ ва хизмати ҶТ РТ, 29 сентябри соли 2018, с.125-128 (ҳаммуаллиф: Ниёзбоқиев О.С.)
8. О графической омонимии и полиграфии слов. Материалы республиканской НТК «Проблемы информационной лингвистики, учебные и инновационные технологии», Душанбе, ТУТ, 23февраля 2019 г., с. 19-22 (ҳаммуаллиф: Ризвонова У.М.)
9. Барномасозӣ дар забони С++. Дастури методӣ, ДТТ, 2017 (ҳаммуаллиф: Ғуломсафдаров А.Ғ).
10. Нишондоди методӣ оиди иҷрои корҳои озмоишӣ аз фанни “Амалияи барномасозӣ”. Матбааи «Донишгоҳи технологии Тоҷикистон», Душанбе, 2019. (ҳаммуаллиф: Ғуломсафдаров А.Ғ).
11. О классификации и моделировании саджа/Зарипов.С.А., Ниёзбокиев О.С., Вестник ТНУ, серия филологических наук, №5, 2020, с.300
12. Амсилаи синтези ҷумлаи соддаи тоҷикӣ, Паёми ДДТТ, 1(30),2020, с.288.
13. Об информативности текста естественного языка, Вестник ТУТ, №5, 2021, с.300
14. Модели компьютерного анализа и синтеза таджикского простого предложения/ монография, ТУТ, Душанб , 2021, 136 с.
15. Созиши компютерии графики функсия, Маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, 23.04.21, с.145

 

 

НАЗАРЗОДА Рустам Саидмурод

номзади илмҳои педагогӣ, и.в. дотсенти кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии компютерӣ

E-mail: Rustam_N@hotmail.com

Таҳсилот

Соли 1995 аз рӯйи ихтисоси 170600 – «Мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока» ба факултети муҳандисӣ-технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2000 онро аз рӯйи ихтисоси 220400 – «Таъминоти барномавии техникаи ҳисоббарор ва низомҳои худкор» (дар заминаи филиали хуҷандии донишгоҳ) бо гирифтани касби «муҳандис-системотехник» хатм намудааст.

Тайи солҳои 2015 - 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси «Идораи давлатӣ» таҳсил карда, соҳиби касби «менеҷер – иқтисодчӣ» шудааст.

Соли 2021 рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳамчун воситаи арзёбии сифати таҳсилот (дар мисоли низоми таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон)» ҳимоя карда, дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогиро аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – «Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот» дарёфт кардааст.

Фанҳои таълимӣ:

- асосҳои алгоритмсозӣ ва барномарезӣ;
- барномасозии ба объектҳо нигаронидашуда;
- барномасозии функсионалӣ ва мантиқӣ;
- коркарди омории додаҳо;
- муҳандисии барномавӣ;
- сохтор ва алгоритмҳои коркарди додаҳо;
- технологияи барномасозӣ

Самти илмӣ: «Асосҳои назариявӣ, воситаҳои таҷҳизотӣ ва таъминоти математикию барномавии низоми иттилоотии идоракунии раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ:

Шуруъ аз соли 2000 – соли хатми донишгоҳ, Назарзода Р. С. дар баробари фаъолияти асосии меҳнатӣ, инчунин бо иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул аст. Мавзӯъҳои таҳқиқотии ӯ, асосан ба самтҳои:
- андозагириҳои педагогӣ: тестгузаронӣ, коркарди риёзию омории натиҷаҳои тестгузаронӣ, арзёбии объективонаи натиҷаҳои таҳсилот;
- татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуниктсионӣ дар таҳсилот: истифодаи тестгузаронии компютерӣ ва бархат дар раванди арзёбии дастовардҳои таълимии омӯзандагон, забонҳои барномасозӣ ва муҳитҳои ҳамгирои таҳияи барномаҳо, низомҳои худкори санҷиши дурустии кори барномаҳои таҳиякардаи омӯзандагон, озмоишгоҳҳои маҷозӣ, воситаҳои таълимии электронӣ, дарсҳои видеоӣ ва бархат;
- забоншиносии иттилоотӣ: усулҳои коркарди забонҳои табиӣ, муайянсозии қонуниятҳои забони табиӣ (дар мисоли забони тоҷикӣ), алгоритмҳои коркарди додаҳои матнӣ ва омӯзиши вижагиҳои ҷузъҳои забони тоҷикӣ алоқаманданд, ки дар доираи онҳо "беш аз 90 мақолаи илмӣ", методӣ, иттилоотӣ ва оммавӣ, инчунин, дастурҳои таълимию методӣ таълиф намуда, соҳиби "6 шаҳодатнома" дар бораи бақайдгирии давлатии захираҳои иттилоотӣ низ мебошад.

 

Шарипов Шарип Ашуралиевич

иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи Барномасозӣ ва муҳандисӣ –компютерӣ

E-mail: sh_sharif@mail.ru

тел: (+992) 91 879 70 50(моб)

 

 

 

 

 

 

Фаъолияти педагогӣ:

Аз соли 2001 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Аз фанҳои зерин дарс мегӯяд:

Технологияи барномасозӣ (VB 6.0, C#), асосҳои алгоритмсозӣ ва барномарезӣ, барномасозии самти объектӣ (дар асоси забони барномасозии С#), барномасозӣ дар забонҳои сатҳи баланд, технологияи Web – барномасозӣ(технологияи MVC5), манбаи додашудаҳо.

Самтҳои асосии татқиқот:

  1. Моделронии раванди технологӣ (Назорати ҳарорат дар ваннаҳои электролизер)
  2. Таҳияи системаҳои таъмини иттилоот
  3. Лингвистикаи компутерӣ

 Фаъолияти илмӣ:

Муқоисаи баъзе омилҳои забонӣ дар забонҳои агглютинативӣ (дар мисоли забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ).

Интишори илмӣ, таълимӣ ва илмӣ – методӣ: зиёда аз 30 номгӯ, аз ҷумла:

  1. Дастури таълимӣ аз забони барномасозии Visual Basic 6.0 (Дастури таълимӣ), 140с., 2018 с
  2. Фикрронии алгоритмӣ дар раванди ҳалли машқҳо(дар мисоли забони барномасозии C#) / тарҷумаи Ш.А. Шарипов – Душанбе: ДТТ, 2019. – 172 с.
  3. Нишондоди методӣ барои иҷрои кори курсӣ аз фанни «Технологяҳои барномасозии муосир» Тартибдиҳанда Шарипов Ш.А., Душанбе - 2019. — 36 с.

 

 

 

Хамидова Дилором Насруллоевна

доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси  6D070500 – «Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ», и.в.дотсент

E-mail: deya757@mail.ru

Маълумот: Соли 2012 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ихтисоси “Муҳандис-системотехник” бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 2014 ба магистратураи Донишгоҳи НИУ ИТМО ш. Санкт-Петербург  дохил шуда онро соли 2016  бо дипломи аъло бо ихтисоси “Биотехнология” хатм кардааст. Солҳои 2016-2019 докторанти PhD факултети механикаю математикаи Донишгоҳи  Миллии Тоҷикистон будаст. Соли 2020 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Амсиласозии компютерии фибрилҳои амилоидӣ ва таҷзияи онҳо бо ёрии дендримерҳо ва дендриграфтҳо бо истифода аз методи динамикаи молекулярӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор
аз рӯйи ихтисоси  6D070500 – «Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ» дифоъ кардааст.

Фанҳои таълимӣ:

- “Технологияи компютери ва графикаи компютерӣ, технологияи мултимедиявӣ”
- “Барномасозии консолӣ ва самти объектӣ (Visual Basic, C++, C#, Python, )”
- “Барномасози дар интернет (PHP, JAVA SCRIPT)”
-“Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ”

Самти илмӣ: «Амсиласозии компютерии фибрилҳои амилоидӣ ва таҷзияи онҳо бо ёрии дендримерҳо ва дендриграфтҳо бо истифода аз методи динамикаи молекулярӣ»

Корҳои илмӣ-методӣ:

1. Д.Н. Хамидова. Дастури методи барои ичрои корхои лаборатори аз фанни «Барномасози дар С#», Душанбе, 2020
2. Д.Н. Хамидова. Дастури методи барои ичрои корхои мустакилона аз фанни «Амалияи барномасози», Душанбе, 2020
3. Д.Н. Хамидова. Дастури методи барои ичрои корхои лаборатори аз фанни «Барномасози дар С#»Душанбе, 2021
4. Д.Н. Хамидова. Методические указания по выполнению магистерской диссертации, Душанбе, 2022

 

 

 

МУЛОҶОНОВ Баҳодур Абдуҷаборович

Муаллими калон

E-mail: Bahodur.mulojonov@gmail.com

 

 

 

 

 

Фанҳои таълимӣ:

  1. Tехнологияи сохтани шабакаҳои компютерӣ
  2. Технологияи Интернет барномасозӣ
  3. Инфоробита ва шабакаҳои компютерӣ

Самти илмӣ:Усулҳои математикӣ ва инструменталӣ дар иқтисодиёт.

Корҳои илмӣ-методӣ:

1. Мулоҷонов Б.А., Технологияи шабакаҳои компютерӣ (қисми 1) - Душанбе, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, 2018 сол.
2. Исмоилов М.А., Мулоҷонов Б.А., Луғати тафсирии (глосарий) технологияҳои иттилоотӣ (қисми 1) - Душанбе, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, 2019 сол.
3. Исмоилов М.А., Мулоҷонов Б.А., Луғати тафсирии (глосарий) технологияҳои иттилоотӣ (қисми 2) - Душанбе, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, 2021 сол.

 

 

 

Қадамшоев Ноибшо Улфатшоевич

Муаллими калони кафедраи барномасозисӣ ва муҳандисии компютерӣ

E-mail: nnoyob_77@mail.ru

 

 

 

 

 

Фанҳои таълимӣ:

 - “Технологияи компютери ва графикаи компютерӣ”
- “Асосҳои Web тазйин (HTML, CSS)”
- “Барномасозии самти объектӣ (C++ Bulder, Visual Basic, C#)”
- “Барномасози дар интернет (PHP, JAVA SCRIPT)”
-“Манбаи додашудаҳо (SQL)”

Самти илмӣ:

1. Тақсимоти статистикии зудии вохурии ҳафҳо ва ҳиҷоҳо дар матни забони рушонӣ;
2. Қонуни тақсимоти статистикии забони рушонӣ;
3. Оиди наздиккунии беҳтарин ҳамҷоияи функсияи полиномиалӣ ва ҳосилаҳои онҳо дар фазои Бергман.

Корҳои илмӣ-методӣ:

1. Кадамшоев Н.У. Асосҳои алгорит ва барномасозӣ. ДТТ-2019
2. Кадамшоев.Н.У. Нишондоди методӣ оид ба иҷрои корҳои курси аз фанни «Асосҳои алгорит ва барномасозӣ» -ДТТ-2020
3. А.Г.Гуломсафдаров,. Кадамшоев.Н.У. Нишондоди методӣ оид ба иҷрои корҳои лаборатори аз фанни «Барномасозӣ дар С#»

 

 

  1. Амалияи барномасозӣ
  2. Асосҳои алгоритмсозӣ ва барномарезӣ
  3. Барномасозӣ дар JAVA Script
  4. Барномасозӣ дар ИНТЕРНЕТ
  5. Барномасозии самти объектӣ
  6. Барномасозии функсионалӣ ва мантиқӣ
  7. Забонҳои  барномасозӣ ва таҳияи дастаи барномаҳои амалӣ
  8. Тархрезии таъминоти барномавӣ
  9. Назарияи иттилоот
  10. Назарияи идоракунии автоматӣ
  11. Технологияи сохтани шабакаҳои компютерӣ
  12. Технологияи барномасозӣ (С++)
  13. Сохтор ва алгоритмҳои коркарди додашудаҳо
  14. Таҳияи замимаҳои мизоҷ-серверӣ
  15. Таъминоти барномавии  графикӣ
  16. Технологияи коркарди таъминоти барномавӣ
  17. Усулҳои тафаккури сунъӣ
  18. Симулятсияи компютерӣ
  19. Таҳияи ВЕБ-замимаҳо
  20. Таҳлили системавӣ
  21. Таҳия ва таҳлили талаботи таъминоти барномавӣ

Мавзӯҳои илмӣ-тадқиқотии аъзоёни кафедри барномасозӣ ва МК чунин мебошанд:

  1. Моделҳои ояндабинии равандҳои экологӣ (Турсунов Р.Ҷ., Зарипов С.А., Усмонқулова М.У.).
  2. Тарҳрезии математикии ҷузъҳои забонҳои агглютинативӣ (Исмоилов М.А., Зарипов С.А., Шарипов Ш.А., Ғуломсафдаров А.Ғ., Ҳамидова Д.Н.).
  3. Стратегияи рушди соҳибкорӣ ва хусусиятҳои ҳавасмандсозии идоракунии соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Мулоҷонов Б.А., Саидов И.Ҷ.).
  4. Татбиқи усулҳо ва воситаҳои муосири таълимӣ дар тадриси фанҳои равияи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (Турсунов Р.Ҷ., Зарипов С.А., Кимсанов У.О., Назаров Р.С., Мулоҷонов Б.А., Раҳмонов П.Қ.)

Мавзӯъҳо рисолаҳои номзадии дар кафедра иҷрошаванда ва иҷрокунандагони онҳо барои тасдиқ баъди вориди тағироту иловаҳо дар поён оварда мешавад:

  1. Коркарди компютерии омории матнҳои забонҳои агглютинативӣ (дар мисоли забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) (и.в. дотсент Шарипов Ш., роҳбар: академик Усмонов З.Ҷ.).
  2. Тарҳрезии стратегияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (саромӯзгор Мулоҷонов Б.А., д.и.и., профессор Ҷӯрабоев Ғ.Ҷ.).
  3. Хусусиятҳои ҳавасмандсозӣ дар идоракунии ташкилот дар соҳаи маориф (саромӯзгор Саидов И.Ҷ., роҳбар д.и.и., профессор Кошонова М.Р.).
  4. Коркарди модели самараноки математикии фонетика ва морфологияи забони шуғнонӣ (саромӯзгор Ғуломсафдаров А.Ғ., роҳбарон: академик Усмонов З.Ҷ., и.в.профессор Исмоилов М.А.)
  5. Коркарди модели математикии нерӯи репродуктивӣ дар асоси нишондиҳандаҳои устувори физиологии одам (саромӯзгор Усмонқулова М.У., роҳбар н.и.ф.м. Зарипов С.А.)