РАҲМОНЗОДА ЗОИР ФАЙЗАЛӢ

Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Раҳмонзода Зоир Файзалӣ 8-уми январи соли 1981 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1998 ба факултети соҳибкорӣ ва менеҷменти Донишкадаи сохибкорӣ ва хизмат (ДСХ) дохил шуда, соли 2003 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ-информатик хатм намудааст. Баъд аз бомуваффақият хатм намудани Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар вазифаҳои зерин адои вазифа намудааст:

Солҳои 2003-2004 – Устод – коромўзи кафедраи риёзиёти олӣ ва информатикаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Солҳои 2004-2005 – Ассистенти кафедраи риёзиёти олӣ ва информатикаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Солҳои 2006-2007 – Муҳандис – барномасози компютерҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Солҳои 2006-2011 – Омӯзгори калони кафедраи тарҳрезӣ ва технологияҳои иттилоотии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Солҳои 2011-2012 – Декани факултети соҳибкорӣ ва бизнеси Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Солҳои 2012-2013 – Мудири кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Солҳои 2013-2017 – Директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, дотсенти кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2017-2020 – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дотсенти кафедраи технология ва системаҳои информатсионӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Аз 1.03.2020  – Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи технология ва системаҳои информатсионӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Аз 15.04.2024 то ҳол – Ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

Дастовардҳои илмӣ

Рисолаи номзадиашро моҳи октябри соли 2011 дар мавзуи «Ҷиҳатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии тадбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя намуда, соҳиби дипломи номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст. Барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи илм ва таълифу чопи корҳои илмӣ- методӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ соли 2019 соҳиби унвони илмии дотсент гаштааст. Айни ҳол доктарант соли охири Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, дар мавзуи “Ташаккул ва рушди низоми идоракунии сифати хизматрасониҳои таълимӣ дар заминаи тадбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва усулҳои амсиласозӣ” рисолаи докториашро омода намуда истодааст.

Муаллифи як монографияи илмӣ, 10 китоби дарсӣ ва зиёда аз 120 мақолаҳои илмию-тадқиқотӣ буда, дастурҳои таълимӣ-методӣ дар мавзуҳои тадбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи маориф ва илми ҶТ аз чоп баровардааст.

Соли 2005 курси такмили ихтисосро бо забони англисӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон (45 рӯз), дар ассоси шартномаи ду кишвар оиди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, гузаштааст.

Соли 2009 бо гурӯҳи кории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, дар конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Моликияти зеҳнӣ» дар шаҳри Занҷони Ҷумҳурии исломии Эрон иштирок намуда, сазовори дипломи дараҷаи 1 гаштааст.

Аз соли 2012 ҳамчун аъзо дар Лоиҳаи Темпус-Ҳайка, ки курси такмили ихтисос бо забони англисӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон (18 рӯз) шуда гузашт, ширкат варзидааст. Инчунин, бо сафарҳои расмӣ дар симпозиумҳо ва конференсияҳои байналмилалӣ дар Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Туркия, Беларусия, Армения, Озарбойҷон, Аморати Араб ва Ҷумҳурии мардумии Чин ширкат варзидааст.

Мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо

Раҳмонзода Зоир Файзалӣ барои фаъолияти пурсамар дар ҷодаи илм ва таълиму тарбияи насли наврас ва барои иштироки фаъолона дар озмуни олимони ҷавон, ихтирокори беҳтарин, бахшида ба 20 солагии иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012, бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника дар соли 2013, аълочии Маориф ва илми ҶТ дар соли 2014, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017, бо Сипосномаи раиси шаҳри Ваҳдат ба муносибати 24 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015, бо Ифтихорномаи раиси шаҳри Ваҳдат ба муносибати 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016, Ифтихорномаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи омӯзгор дар соли 2016, бо Дипломи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ш. Ваҳдат бахшида ба 24 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ дар соли 2017, бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ дар соли 2017, бо Сипосномаи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2017, бо Ифтихорномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар соли 2018, бо Медали Ҷашнии 10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018, бо Медали ҷашнии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар соли 2021, бахшида ба 30 солагии АБД ИДМ бо Нишони сарисинагӣ аз номи В. И. Матвиенко соли 2022, бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Таҷикистон соли 2022, бо Медали ҷашнии «30 солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2023 ва бо Диплом ва Нишони сарисинагии «Бењтарин корманди илмӣ дар соли 2023» дар Иттињоди Давлатњои Мустаќил соли 2023 сарфароз гаштааст.

Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.