Сохтори мазкур соли 1991 ҳамчун кафедраи тарҳрезии бадеӣ таъсис ёфтааст. Ташаббускорони таъсисдиҳии он Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев ва дизайнери шинохта, профессор А.Н. Заневский буданд, ки дар солҳои 1990-ум сарварии кафедраро ба уҳда доштанд.
Ҳоло кафедра барои ташкили раванди таълими панҷ ихтисос масъул аст:
1-19010105 – Дизайни костюм ва газвор.
1-19010105 02 дизайни пойафзол ва махсулоти чарчинвори
1-50010201 - Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ
1-50010202 –Тарҳрезии маснуоти дӯзандагӣ
Дар ҳайати кафедра олимон: доктори илми таърих М.Ф. Иброҳимов, доктори илмҳои техникӣ А.Б. Ишматов, доктори илмҳои техникӣ Д.С. Мансурӣ, номзади илми санъатшиносӣ Г.А. Умарова, номзади илми меъморӣ Ҷ.Ш. Ғанизода ҳамроҳ бо дигар омӯзгорони собиқадор ва мутахассисони ҷавон дар тайёр кардани дизайнерону тарроҳон саҳми арзанда мегиранд.
Хатмкардагони ихтисоси 1-19010105 ва 1-50010107 ба дараҷаи касбии бакалаври рассом- стилист соҳиб мешаванд ва онҳое, ки ихтисоси 1-500102–ро хатм мекунанд, соҳиби дараҷаи касбии бакалаври технолог ва тарроҳ дар истеҳсолоти дӯзандагӣ мегарданд.
Тадриси фанҳои тахассусӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои номбурда дар синфхонаҳои махсусгардонидашуда - студияҳои таърихи санъат, қаламқашӣ, рангкашӣ, дизайн, инчунин озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ-истеҳсолии саноати дӯзандагӣ сурат мегирад. Дар давоми таҳсил онҳо қоидаю усулҳои таҳияи тамсилаҳои (моделҳои) нави асосашон таърихӣ, анъанавӣ ва муосир, шаклбурӣ (пора) намудани матоъ ва дигар масолеҳ барои дӯхтани либоси шакл ва андозааш гуногун, инчунин нозукиҳои дар шароити хона, ателйе (тибқи супоришҳои фардӣ) ва фабрика (бисёрадад) дӯхтани онҳоро меомӯзанд.
Таълими фанҳои тахассусӣ дар кафедраи дизайни либос ва санъати мӯд имкон медиҳад, ки донишҷӯён бо таърихи сару либос ва мӯди миллию ҷаҳонӣ, асосҳои интихоби масолеҳи либосвор, технологияи тайёр кардани ҷузъҳои гуногуни сару либос, лавозимот ва ороишот, ҳисоб кардани арзиши аслӣ ва нархи маҳсулот, инчунин ташкили истеҳсолоти дӯзандагӣ шинос шаванд. Дар машғулиятҳо ва маҳфилҳои беруназдарсӣ ба истифодаи сабтҳои телевизионии намоишҳои дастовардҳои дизайнерон ва тарҳрезони маъруфи гузашта ва ҷаҳони муосир диққати калон дода мешавад. Пас аз ҳар як нимсолаи таҳсил дар сатҳи кафедра намоиши корҳои семестрӣ баргузор карда шуда, аз рӯи натиҷаи он ба малакаи касбии донишҷӯён баҳои воқеи гузошта мешавад. Ҳар ду-се моҳ дар толори асосии донишгоҳ намоиши моделҳои аз ҷониби донишҷӯён тарҳрезӣ ва дӯхташуда баргузор мегардад. Бахусус ҷараёни ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ ва корҳои ниҳоии хатмкунандагон басо дилангез сурат мегирад. Донишҷӯёни алоҳида бо сарварии омӯзгорони кафедра ҳанӯз дар рафти таҳсил ба таври фардӣ берун аз донишгоҳ намоишҳои эҷодӣ доир менамоянд ва ба ин васила донишу малакаи соҳибгаштаи худро тарғиб мекунанд. Теъдоди зиёди хатмкардагони кафедра имрӯзҳо ба сифати дизайнер ва моделйерҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он шуҳрат пайдо кардаанд.
Умарова Гулҳрухсор Абдусаломовна
мудири кафедра
Номзади илми санҳатшиноси, досенти кафедраи “Дизайни либос ва санъати муд”
аъзои Иттифоки хунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фанҳои таълими:
- санъатшиноси
- композитсияи костюм
- психологияи муд
- расм
- накшу нигори милли
- таърих ва фалсафаи дизайн
- таърихи костюм ва муд
Муаллифи дастурҳои таълимии зерин мебошад:
- Композитсияи костюм ( бо забони руси ва точики ) дастури таълими Худжанд: 220с
- Накшу нигори милли . Дастури таълимӣ /Хучанд , 2012. - 159 с.
- Расм . Дастури таълимӣ – Хучанд , 2012. - 190 с
Иброҳимов Муродалӣ Файзалиевич
Доктори илми таърих, профессор
Аълочии маорифи Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фанҳои таълими:
- Таърихи санъат
- Таърихи либос
Муаллифи монографияҳои зерин мебошад:
- Бофандагии анъанавии тоҷикон: таърих ва технология / Иброҳимов М.Ф. – Душанбе: Ирфон, 2006. – 210 с.
- Донишгоҳи технологии Тоҷикистон: таърих, тараққиёт, пешомад / Иброҳимов М.Ф. – 198 с.
- Илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар шароити ҷомеаи муосир / Андронова Н.Э., Голдман И.Л., Иброҳимов М.Ф., Раҷабова Д.Қ. ва диг. – Ставрополь: Логос, 2012.
- Касбҳои нассоҷии халқи тоҷик дар охири асри XIX – ибтидои асри XX / Иброҳимов М.Ф. - Душанбе: Ирфон, 2013. – 182 с.
Муаллифи дастурҳои таълимии зерин мебошад:
- Сохт ва тарҳрезии матоъҳо. Дастури таълимӣ / Иброҳимов М.Ф., Бобомуродова Ф.Р. - Душанбе, 2006. - 128 с.
- Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти бофандагӣ. Дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ / Ишматов А.Б., Иброҳимов М.Ф. – Душанбе: Ирфон, 2007. – 265 с.
- Фарҳанги русӣ - тоҷикии нассоҷӣ / Ишматов А.Б., Иброҳимов М.Ф. - Душанбе: Ирфон, 2010. – 602 с.
- Технология ва таҷҳизоти омодагардонии ресмонҳо барои бофт. Дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ / Ишматов А.Б., Иброҳимов М.Ф., Ҳакимова З.Ғ., Ҷалилов Ф.Р. – Душанбе: ЭР-Граф, 2011. – 104 с.
- Дастури заминавӣ оид ба татбиқи барномаи кори тарбиявӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон / Шоев Н.Н., Иброҳимов М.Ф., Раҷабова Д.Қ., Наботов Ю. - Душанбе: Ирфон, 2012. – 267 с.
- Тарҳрезии фабрикаи бофандагӣ. Дастури методӣ барои иҷрои лоиҳаи курсӣ ва дипломӣ / Иброҳимов М.Ф. - Душанбе: Ирфон, 2013. - 72 с.
Аҳророва Наргиза Аюбджановна
Фанҳои таълими:
- Каламкашӣ дар сару либос
- Рангакашӣ дар сару либос
Иштирокчии намоишгоҳҳои сершумори санъат, ба монанди: Аржанг 1998, Ирам 2003 Суруш 2005, Фонди Огохон Фарҳанг 2006, Гулдухтарони Тоҷик, 2012, 2013, 2014, 2015, Нигоҳ 2012, Ваҳдат миллӣ соли 2015 ва ғайра
Маҳкамов Насибҷон Азимович
Фанҳои таълими:
- Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти дӯзандагӣ
- Интихоби масолеҳи либосворӣ.
- Назорати техникӣ дар истеҳсолоти дузандагӣ
- Технологияи иттилоотӣ.
- Ташкили испеҳсолот
Валиева Мадина Ҷамоловна
Фанҳои таълими:
-Расмкашӣ ва рангакашӣ;
-Нақши техникӣ;
-Нақши касбӣ;
-Қаламкашӣ ва рангакашии сару либос;
-Асосҳои антропология ва биомеханика
Раҷабова Дилафрӯз Қудратшоевна
- Аз тарафи донишҷӯён ташкил намудани номоиш-конкурси либосҳои мардумии тоҷикон « Традиции – современность» («Анъанавӣ -муосир»)

- Дастури методии «Истилоҳоти «Истилоҳоти маҳсулоти ордӣ- нонӣ, макаронӣ ва қаннодӣ» (муаллифон Хубони Сорбон, Шарипова М.Б., Қурбонов Ф.Б.) таҳия ва барои чоп омода гардида дар ҷалассаи Шўрои илмӣ-методии донишгоҳ (суратмаҷлиси №8 аз 25.03.2016) ва бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (суратмаҷлиси №11 аз 5.04.2016). ҶДММ «Баҳманрўд» 50 нусха.Душанбе – 2017с. -27саҳ.
- Китоби дарсии «Кимиёи физикӣ ва коллоидӣ» бо забони тоҷикӣ (муаллифон Исмоилова М.А.. Камилов Х.Ч.. Чориева С.А.) (барои колеҷи тиббӣ) таҳия шуда бо қарори Шўрои олимони ДТТ (суратмаҷлиси №12 аз 17.05.2016) ҶДММ «Балоғат» 100 нусха.Душанбе – 2017с. -230саҳ.
- Дастури методӣ барои гузаронидани корҳои озмоишӣ аз фанни кимиёи умумӣ ва ғайриузвӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ «Корҳои озмоишӣ аз кимиёи умумӣ» (муалифон Б.С. Азизов, М.Б. Икроми, М.Б. Шарипова М.Б.) таҳия ва барои чоп омода гардида дар ҷалассаи Шўрои илмӣ-методии донишгоҳ (суратмаҷлиси №8 аз 25.03.2016) ва бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (суратмаҷлиси №11 аз 5.04.2016). ҶДММ «Баҳманрўд» 50 нусха.Душанбе – 2017с. -48саҳ.