Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ

Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ 1-уми ноябри соли 1999 таъсис ёфтааст. Марказ фаъолияти худро аз рӯи нақшаи кории аз ҷониби Проректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ тасдиқ гардида, ба роҳ мондааст. Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ дар самти ташаккули технологияҳои иттилоотӣ-комуникатсионии равандаи таълим саҳми назарас дорад.

Секторҳои Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ:
- Сектори танзими техникӣ;
- Сектори таъминоти барномавӣ
- Сектори хизматрасонии шабакаҳои компютерӣ ва интернет;
- Сектори барономаҳои таълимӣ-сертификатсионӣ.

Вазифаҳои Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ:

- Таъмин намудани воситаҳои техологияҳои иттилоотӣ барои тамоми сохторҳои таркибии донишгоҳ;
- Аз ташхиси даврии техникӣ гузаронидани воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
- Иҷро намудани таъмири ҷории воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
- Таъмини барномавии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
- Аз худ намудан ва ҷорӣ кардани технологияҳои навини иттилоотӣ дар раванди таълим;
- Таъмин намудани ҳолати кории шабакаи умумидонишгоҳӣ ва шабакаи Интернет;
- Ташкил намудани тренинг ва семинарҳо оид ба омӯзиши кор бо воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ намудани технологияҳо ва барномаҳои навин;
- Пешниҳод намудани хизматрасониҳои техникаи иттилоотӣ;
- Таъмин намудани бехатарии иттилоотӣ;
- Ташкил ва таъмин намудани кори системаи назорати видеоӣ дар ҳудуди донишгоҳ;
- Ташкил ва батанзимдарории курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзии касбӣ;
- Ҳамоҳангсозии фаъолияти академияи шабакавии Cisco-и назди донишгоҳ бо дигар сохторҳо;

Сохтори идоравии марказ

- Сектори танзими техникӣ
- Сектори таъминоти барномавӣ
- Сектори хизматрасонии шабакаҳои компютерӣ ва интернет
- Сектори барномаҳои таълимӣ -сертификатсионӣ
- Озмоишгоҳи таъминоти барномавии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ
- Академияи шабакавии «CISCO»
- Маркази барномасозии «SoftLab»
- Озмоишгоҳи инноватсионӣ
- Озмоишгоҳи муҳандисии компютерӣ ва барномавӣ

Дастовардҳо

Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ дар самти таъмин бо технологияҳои мултимедӣ ва воситаҳои дигари муосири таълими саҳми хеле калон дорад. 57 синфхонаҳои махсусгардонидашудаи бо технологияиҳои мултимедӣ 24 синфхонаи компютерӣ; маркази барномасозони ҷавон «SoftLab»; азнавсозии сайти донишгоҳ бо тарҳи нави замонавӣ; ташкил ва ба кор андохтани «Маркази таҳсилоти фосилавӣ»; барномаи автоматикунонидаи қабули имтиҳонҳо ба тариқи тестӣ; компютери «TUTcomp»; барномаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии амволи воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ; барномаи автоматикунонидашудаи фаъолияти китобхонаи Донишгоҳ; барномаи автоматикунонидашудаи шуъбаи коргузорӣ ва кадрҳои Донишгоҳ; барномаи автоматикунонидашудаи батанзимдарории дархостҳои сохторҳои донишгоҳ оид ба иҷрои хизматрасониҳо; ба сертификатҳои байналмилалӣ соҳиб гардидани зиёда аз 300 нафар донишҷӯёни академаҳаллии «Сisco»-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;

Ҳамкориҳо

Ассотсиатсияи ТАРЕНА

Марказ бо Ассотсиатсияи ТАРЕНА ҳамкориҳои худро дар ду самт ба роҳ мондааст:

- дар самти таъмин намудани хизматрасониҳои шабакаи Интернет, ки Ассотсиатсияи ТАРЕНА ба мо суръати мубодилаи ахборотии 30 Мб/с-ро таъмин менамояд.

- дар самти тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи ТИК , ки мунтазам кормандони марказ дар семинару тренингҳои аз ҷониби ин ассотсиатсия гузарондашуда фаъолона ширкат варзида, маҳорат ва малакаи касбии худро сайқал медиҳанд.

Академияи шабакавии Cisco

Дар асоси ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Академияи шабакавии Cisco дар назди донишгоҳ моҳи майи соли 2012 Академияи маҳаллии Cisco таъсис дода шуд. Айни замон 12 нафар инструкторон баъд аз хатми курсҳои Академияи Cisco соҳиби Сертификатҳои байналмилалӣ гаштанд ва барои пеш бурдани машғулиятҳо сафарбар карда шудаанд. Шумораи умумии хатмкунандагони дараҷаи IT Essentials зиёда аз 120 нафарро ташкил медиҳад. Дар айни ҳол барои соҳиб гардидан ба Сертификатҳои байналмилалии дараҷаи IT Essentials зиёда аз 100 нафар шунавандагон ва 25 нафар шунавандагон барои дараҷаи CCNA ба машғулиятҳо фаро гирифта шудаанд. www.netacad.tut.tj (77.95.0.58) – Курсҳои бархатии (онлайнии) Академияи шабакавии Cisco-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

 

Сектори барномаҳои таълимӣ-сертификатсионӣ

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон курсҳои таълимӣ -сертификатсионӣ дар ҷаласаи Шӯрои Олимони ДТТ таҳти №3 аз 22-юми октябри соли 2013 тасдиқ карда шуда ва ба фаъолияти кори шурӯъ намудааст. Дар марказ Низомнома оиди курсҳои (хизматрасониҳои) муздноки таълимӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (минбаъд – ДТТ) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда ва Оинномаи ДТТ таҳия карда шудааст. То ин вакт дар марказ зиёда аз 465 нафар донишҷӯён ва шахсони беруна дар ин курсҳо омӯзиш намудан ва соҳиби сертификатҳои ДТТ гардидаанд. Баҳисобгирии бухғалтери 241 нафар,технологияи иттилооти ва барномасози -19н, асосҳои кор бо воситаҳои техники-11,таҳрези духти либос-39н,з-хитой-23н, муҳосиботи хурди комуникационии -106н, з-англисӣ-17н,барномасозӣ С#-8н, фаъолияти бонкӣ-21н, CISCO-12н. Ҳамаги дар курсҳои (хизматрасониҳои) муздноки таълимӣ аз соли 2014то 2016 -105235сомони маблағ супориданд. Ҳоло дар марказ зиёда аз 32 нафар донишҷӯи хонада истодаанд,11н –дар курси СISCO ва 21н-дар курси Баҳисобгирии бухгалтерӣ. Мақсади асосии ин марказ ҷалб кардани донишҷуён дар роҳи пешрафти илму техникаи муосир мебошад.Ба донишҷӯён дар марказ истифодаи озоди компютер ва интернет барои равон кардан ва сохтани презентацияҳо байни ҳамдигар иҷозат дода шудааст. Низомномаи мазкур тартиб, намуди хизматрасонӣ ва гузаронидани курсҳои (хизматрасониҳои) муздноки таълимиро дар ДТТ ба дигар шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ муайян менамояд.

Номгӯи курсҳои кӯтоҳмуддати сертификатсионӣ

  1. Баҳисобгирии бухгалтерӣ
  2. Бизнес-нақша ва омори иқтисодӣ
  3. 1С-бухгалтерия
  4. Муҳосиб 1С корхона
  5. Технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ
  6. Таъмир ва ташхиси техникаи компютерӣ
  7. Хизматрасонии шабакавӣ ва ҷиҳозонидани техникӣ
  8. Омӯзиши фанҳои дақиқ ва асосҳои компютер
  9. Тарҳрезӣ ва духти либос
  10. Омӯзиши малакаҳои пешхизмат
  11. Барномаҳои фарҳангӣ ва намоиши муди донишҷӯён, шоу-намоишҳо
  12. Омӯзиши шоҳмот
  13. Тарзи тайёр намудани хӯришҳо
  14. Омӯзиши забонҳои хориҷи (англисӣ, русӣ, олмонӣ, хитоӣ ва ғ)
  15. Курсҳои омўзишии забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ
  16. Технологияҳои инноватсионии педагогии таълим
  17. Худтакмилдиҳии касбӣ
  18. Бозомӯзии касбии кормандони соҳаи энергетика ва саноат
  19. Курсҳои тайёрӣ маркази миллии тести назди президенти ҶТ( аз рӣи 6 фанни таълимӣ)
  20. Машғулиятҳои такрории фаннӣ (1кредит-16 соат)
  21. Курсҳои таълимӣ дар доираи академияи шабакавии Cisco назди ДТТ

 

 

Ҷафаров Аҳрор Саидолимович

Сардори маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ

E-mail:ahror_j@mail.ru

Тел:(+992) 917 22 33 15 

 

 

 

 

Муминов Амрулло Зайдуллоевич

Сармутахассис (Менеҷери Академияи CISCO)

E-mail:amrullo_06@mail.ru

Тел:(+992) 985 45 10 02

 

 

 

 

 

Қаюмова Ҳалима Исмоилхоновна

Муҳандиси САЛ

E-mail: halima_1@list.ru

Тел:(+992) 915 04 22 44 

 

 

 

 

 

Резвонов Некруз Саломатшоевич

Мутахассис-систематехник

E-mail:rezvonov_91@mail.ru

Тел:(+992) 93 940 76 96

 

 

 

 

 

Юсупов Ҷасур Тоҳирович

Мутахассиси пешбар (Маъмури WEB)

E-mail:jasur94.12@mail.ru

Тел:(+992) 985 67 87 77

 

 

 

 

 

Турсунов Азиз

Техник

E-mail:

Тел:(+992) 915 75 9090

 

 

 

 

 

Самадов Фирдавс

Cармутахассис (Маъмури шабакаҳо)

E-mail:

Тел:(+992) 

 

 

 

 

 

Саидов Муҳаммад

Cармутахассис (Маъмури шабакаҳо)

E-mail:

Тел:(+992) 

 

 

 

 

 

 

 

 

Лоиҳаҳои инноватсионии байналмилалӣ

Марказ дар амалӣ намудани лоиҳаи HEICA «Ташаббуси таҳсилоти олӣ дар соҳаи информатика дар Осёи Марказӣ»-и барномаи TEMPUS (аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад) фаъолона ширкат намуда, аз ҳисоби лоиҳа озмоишгоҳи тахассусии «муҳандисии компютерӣ ва барномавӣ» бо теъдоди 20- адад компютерҳо, 1-адад сервер, 2 адад принтерҳо, 1 адад проектор, 30 –адад программаторҳо, таҷҳизоти гуногуни шабакавӣ ва теъдоди 78- адад китобҳои тахассусӣ дар марказ побарҷо намуд.

Лоиҳаи дигаре, ки дар айни замон марказ дар амалӣ намудани он фаъолона иштирок варзида истодааст, лоиҳаи eINTERASIA «Интиқоли натиҷаи тадқиқотҳои давлатҳои Аврупо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ барои мутобиқгардонӣ ва истифодабарӣ дар Осиёи Марказӣ»-и барномаи Sp7 (аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад) мебошад. Дар доираи амалӣ намудани он дар назар дошта шудааст, ки аз ҳисоби маблағгузориҳои ин лоиҳа дар донишгоҳ “SHOUROM” – намоишхонаи дастовардҳои илмию амалӣ ва зеҳнии донишҷуёну омӯзгорон дар самти ТИК, муҷаҳҳазбо технологоияҳои муосири иттилоотии таблиғӣ ташкил карда шуда, дастовардҳо ба маррази намоиш гузошта мешаванд.Маҳфили эҷодии баномасозони ҷавон “Softlab” ва Маҳфили мехатроника ва робототехникаҶиҳати ба ҷараёни пешрафти илму техника ворид намудани ҷавонони донишҷӯ ва аз дастовардҳои навтарини илм ва технологияи иттилоотӣ бархурдор гардонидани онҳо дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тадбирҳои зиёде андешида шуд. Аз ҷумла дар самти ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмию тадқиқотӣ, эҷодиёти техникӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ, навовариҳо ва ихтироотҳо корҳои назаррасе ба сомон расонида шуд. Маҳз дар ҳамин самт Маркази сайқали маҳорати касбии донишҷӯён ва дастгирии иқдоми донишҷӯён, Озмуни беҳтарин лоиҳаҳои инноватисонии донишҷӯён, маҳфилҳои фаннию тахассусӣ дар назди ҳар як кафедра вобаста аз самти фаъолият таъсис дода шуданд.Дар ҳамин радиф, бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ба фазои техника ва технологияи муосир, марказ ва маҳфилҳои махсуси зерин дар назди Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ таъсис дода шуданд:Маҳфили мехатроника ва робототехника – фароҳам овардани шароити мусоид дар пешрафти тафаккур ва эҷодиёти техникии донишҷӯён, тарғиб намудани техника ва технолгияҳои муосири ҷаҳонӣ дар байни донишҷӯён, ташкил намудани шароити созгор барои эҷодиёти техникии донишҷӯён, ҷорӣ намудани машғулиятҳо амалӣ оид ба техника ва технологгияҳои муосир барои донишҷӯёни ҳавасманд ва болаёқат, гузаронидани нишастҳои иттилоотӣ оид ба бархурдор намудани донишҷӯён ба навигариҳои илму техникаи ҷаҳонӣ, ташкил намудани мубоҳисаҳои тахассуси оид ба бархурд ва омезиши технологияҳои гуногун.Маҳфили эҷодии баномасозони ҷавон “Softlab” – ҷалб намудани донишҷӯёни болаёқат ба таҳрезӣ ва амалӣ намудани барномаҳои гуногуни компютерии соҳавӣ, ташкили фазои эҷодӣ барои барномасозони ҷавон ва хоҳишмандон, ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ оиди интегронидани имкониятҳои барномавии компютер бо истеҳсолот ва техника, тарғиби барномаҳои муосири компютерӣ дар байни ҷавонон ва донишҷӯён.Маҳфили эҷодии графикачиёни компютерӣ “WEB & Grafics” – ҷалб намудани донишҷӯёни болаёқат ба таҳрезии компютерии лоиҳаҳои техникӣ, сохтмонӣ, бадеӣ, ландшафтӣ, фазоӣ ва дигар амсилаҳо бо истифода аз барномаҳои муосири графикии компютерӣ. Бандубастсозии компютерии аскҳо, наворҳо ва тарҳрезии объектҳои аниматсионӣ. Тарҳрезӣ ва ороиши бадеии нишонаҳо, логотипҳо ва дигар маводҳои ба ороиши графики вобастагидошта, тарҳрези ва сохтани сайтхои иттилоотӣ, ташкили фазои эҷодӣ барои донишҷӯёни ба графикаи компютерӣ таваҷҷуҳдошта, ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ оиди интегронидани имкониятҳои графикии барномаҳои компютерӣ бо истеҳсолот ва техника, тарғиби барномаҳои муосири графикии компютерӣ дар байни ҷавонон ва донишҷӯён.Телевизиони маҳаллии дохилидонишгоҳӣ (ТВТУТ) – Ҳамчун маркази ягонаи иттилоотӣ барои ҳамарӯзи бо итттилооти навини илмию техникӣ ва маданию фароғатӣ таъмин намудани донишҷӯёну устодони донишгоҳ чи дар раванди дарс ва чи фориғ аз он хизмат мекунад. Дар доираи барномаҳои он ташкил ва гузаронидани барномаҳои махсус оид ба дастовардҳои навини ҷаҳонии илму техника ва технологияҳои иттилоотдар назар дошта шудааст.

 
«ELBA – Таъсиси марказҳои омӯзишию тадқиқотӣ ва таҳияи курсҳо оид ба таҳлили зеҳнии Додаҳои Калон (BigData) дар Осиёи Марказӣ.
Муфассалтар...
HiEdTec – “Модернизатсияи системаи таҳсилоти олӣ дар осиёи марказӣ тавассуси технологияҳои нав”
Муфассалтар...

Системаҳои электронии ахборотӣ ва идоракунии ДТТ

www.tut.tj – саҳифаи иттилоотии донишгоҳ дар шабакаи Интернет буда, дар он иттилооти статиткӣ оида ба номгӯи сохторҳои донишгоҳ, фаъолияти муқарраргардидаи онҳо, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунанда, ҳайати кормандон ва дастовардҳо гирд оварда шудаанд. Ба сифати  иттилооти динамикӣ бошад руйдоҳои навини илмӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва эълонҳои ҷорӣ ҷой дода шудаанд.

www.lms.tut.tj – (Learning Management System) Системаи мазкур системаи локалӣ ба ҳисоб рафта, он танҳо дар ҳудуди шабакаи дохилидонишгоҳӣ истифода бурда мешавад. Системаи номбурда барои идоракунии раванди таълим пешбинӣ гардида, дар он вобаста ба талабот ва меъёрҳои танзимкунандаи раванди таълим модулҳои алоҳида барои коркард ва натиҷагирӣ тарҳрезӣ гардидаанд. Аз ҷумла, модулҳои кормандон, шуъбаҳо, фанҳои таълимӣ, сохтани саволномаҳои тестӣ, идоракунии тестҳо, идоракунии контингент, сессияи имтиҳонӣ, триместерҳо, журнали деканат, журнали омӯзгор, рейтингҳои фаннӣ, дарсҳои маҳорат ва шуъбаи таълим  барои пурра зери назорат гирифтан ва идора кардани раванди таълим ва бойгонӣ намудани маълумот дар воситаҳои электронӣ, фаъол мебошанд.

www.Is.tut.tj  - Системаи мазкур системаи локалӣ ба ҳисоб рафта, он танҳо дар ҳудуди шабакаи дохилидонишгоҳӣ истифода бурда мешавад. Ин система ба хотири таъмини бехатарӣ ва дастрасии ваколатдор ба кабинетҳои инфиродии донишҷӯён пешбинӣ гардида, тариқи он донишҷуён баъди аз ҷониби маъмурони имтиҳонӣ дар асоси ҷадвали имтиҳонот фаъол намудани санҷишҳо ба система ворид гардида вобаста ба муҳлати муайяни вақт имтиҳон месупоранд. Система имконияти дар як маврид қабул ва натиҷагирӣ намудани санҷишҳоро дорад ва метаваонад натиҷаҳои ниҳоии санҷишҳоро дар баробари ба охир расидани вақти таъингардида пешкаш намояд.

www.unidoc.tut.tj (77.95.0.61) Системаи мазкур системаи локалӣ ба ҳисоб рафта, он танҳо дар ҳудуди шабакаи дохилидонишгоҳӣ истифода бурда мешавад. Системаи мазкур барои таъмини мукотибаи корреспондентӣ байни сохторҳо, назорати аз болои рафти иҷрои дастуру супориҳои вазоратхонаҳо ва сохторҳои дигари давлатӣ, мукотибаи корреспондентӣ бо дигар ташкилотҳо ва шарикон, динамикаи иҷроиш ва натиҷагирӣ намудани аз рафти иҷроиши мактубҳо ва супоришҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, дар система модули “супоришҳои даврӣ” пешбинӣ шудааст, ки дар вобастагӣ аз тобеияти сохторӣ роҳбарони сохторҳо имконият доранд, ки ба сохторҳои зертобеашон супоришҳои даврии кориашонро бо нишон додани муҳлати иҷрояшон таъин намуда, назорат намоянд. Системаи худкор метавонад бо хиҳиши истифодабаранда оид ба супориҳои муҳлаташон гузашташуда ва дар иҷроишбуда ҳисобот пешниҳод намояд.

www.acadmobility.tut.tj (77.95.0.57) Ин web-портал дар шабакаи Интернет фаъол буда, ҳамчун портали интерактивӣ барои рушди сайёрияти академӣ ба донишҷӯёни донишгоҳ ва донишҷӯёни дигар муассисаҳои таълимии дохилу хориҷи кишвар ҷиҳати истифода бурдани имкониятҳои байниякдигарии мубодилаи академии пешбинишуда сохта шудааст. Портали мазкур барои сайёрияти академии воридшаванда (incoming mobility) ва ҳам барои сайёрияти академии буруншаванда (outgoing mobility) модулҳои алоҳида дошта, вобаста ба талаботи ҷойгиркардашуда маълумоти лозимиро коркард ва натиҷагирӣ менамояд.  Ҳамчунин, ситема вобаста ба муҳлати нишондодашуда метавонад ҳисоботи мушаххасро барои корбарони система пешниҳод намояд.

www.fosilavi.tut.tj  Ин web-портал барои идоракунӣ ва назорати раванди таълим дар системаи таҳсилоти ғоибона ва фосилавӣ пешбинӣ гардида, ба таври интерактивӣ кор мекунад. Дар он модулҳои кабинети инфиродӣ, суҳбатхона (чат), ҷадвали дарсӣ, календари таълимӣ, китобхонаи электронӣ, санҷишҳои тестӣ, журнали баҳогузорӣ, журнали давомот, видеокурсҳо, курсҳои таълимӣ бо маводҳои методӣ,  фаъол мебошанд. Система дар заминаи системаи маъмули MOODLE, ки аслан барои системаҳои таҳсилотӣ пешбинӣ шудааст,  тарҳрезӣ гардидааст.

www.netacad.tut.tj  (77.95.0.58) – Курсҳои бархатии (онлайнии) Академияи шабакавии Cisco-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

www.service.tut.tj (77.95.0.62) – системаи мазкур ситемаи электронии локалии интерактивӣ ба ҳисоб рафта, аз се модели асосӣ иборат мебошад:

-модули “дархост”- ин модул барои сохторҳои хизматрасонандаи муассиаҳои таълимӣ пешбинӣ шуда ба истифодабарон имконият медиҳад, ки  ба марказҳо ва шуъбаҳо дархост навишта аз хизматрасонихои онҳо истифода баранд. Модули мазкур имконияти назорат аз рафти иҷроиши дархостҳо ва хизматрасониҳоро дошта, метавонад дар як вақт боз бо истифодабаранда дар тамос шуда, оид ба натиҷа ва сатҳу сифати хизматрасониҳо маълумот гирд оварад. Ин модул ҳоло дар "МТКваТ" фаол истифода бурда мешавад;

-модули “вазифаҳои даврӣ”-ин модул ба роҳбарон ва сардорони марказу шуъбаҳо имконият медиҳад, ки ба зердастонашон супориш дода иҷроиши онро дар вақти реалӣ назорат кунанд;

-модули “давомоти корӣ” – ин модул барои назорати давомоти кории кормандон пешбинӣ гардида, вақти ба кор ҳозиршавии кормандон ва вобаста ба он таҳия намудани табели баҳисобгирии вақти кории ҳармоҳаро пешниҳод намояд.