ММБНКТ Низомнома ШОГУРЕЗОВ Худоёр Алушиевич Сардори марказ Тел: (+992) 2345943 Моб. (+992) E-mail: khudoer@mail.ru МАРКАЗИ БАҚАЙДГИРӢ, МАШВАРАТ ВА ТЕСТӢ Маркази бақайдгирӣ, машварат ва тестӣ (МБ, М ва Т) – одатан бо бақайдгирӣ ва сабти маълумоти шахсӣ ва дастовардҳои академии донишҷӯён дар давоми таҳсил ва ҳифзи онҳо дар махзани маълумот, инчунин ташкил ва баргузор намудани ҳамагуна санҷишу имтиҳонҳо машғул мебошад. Баҳри ташкил ва ба роҳ мондани низоми кредитии таҳсилот дар донишгоҳ ва назорати сифати таълими донишҷӯён дар марказ системаи автоматии идораи ҷараёни таълим мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ҳама ҷиҳатҳои идораи раванди таълимро фаро мегирад. МБ,М ва Т яке аз зерсохторҳои донишгоҳ ба ҳисоб рафта зери идораи Департаменти идораи ҷараёни таълим ва сифати таҳсилот фаъолият менамояд. МБ, М ва 1-уми сантябри соли 2006 таъсис ёфтааст. Мақсадҳо: - татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон; - такмили системаҳои автоматии идораи ҷараёни таълим «LMS + Dean»; - беҳтаргардонии системаҳои автоматии баҳодиҳии дастовардҳои донишҷӯён; - такмили кори журнали электронии омӯзгорон. Вазифаҳо: - ҳамкорӣ дар ташкил ва ба роҳ мондани низоми кредитии таҳсилот; - таҳияи нақшаҳои кории инфиродӣ ва таълимӣ ; - таҳияи тақвими академӣ; - банақшагирии сарбории таълимии донишгоҳ; - тартибдиҳии ҷадвали имтиҳонотӣ ; - татбиқи бақайдгирии автоматии ҳамаи дастовардҳои таҳсилкунандагон; - ташкили автоматии феҳрасти фанҳои интихобӣ ; - ба таври автоматӣ дар асоси фанҳои таълимии азхудкардаи таҳсилгирандагон таҳия намудани замимаи диплом (транскрипт); - иштирок дар амалӣ кардани интиқоли (мобильност) академӣ. - баҳисобгирии дастовардҳои академии таҳсилгирандагон; - баҳисобгирии рейтинги академии таҳсилгирандагон; - баҳисобгирии кредит/ соатҳои фанҳои таълимӣ - таҳияи варақаҳои барои баргузории имтиҳонҳои фосилавӣ ва ниҳоӣ; - тартибдиҳии варақаҳои ҷамъбастӣ вобаста ба натиҷаҳои санҷишҳои фосилавӣ ва ниҳоӣ; - баҳисобгирӣ ва пешниҳоди транскрипт ва илова ба диплом, инчунин ҳисоби холи миёнаи таҳсилгирандагон (GPA) ва ҳифзи онҳо дар махзани маълумот; - ташкил ва назорати раванди интихоби фанҳои интихобӣ; - ташкил ва баргузор кардани сабти таҳсилгирандагон ба фанҳои интихобӣ; - иштирок дар баргузории семестрҳо; - иштирок дар таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои дохилидонишгоҳие, ки ба фаъолияти марказ дахл доранд; - ба роҳ мондани фаъолият дар мувофиқа бо мақсаду маром ва дурнамои фаъолияти донишгоҳ; - назорати кори журнали электронӣ. Низомномаи МБ, М ва Т