Бо дарназардошти эҳтиёҷоти калони иқтисодиёти кишвар ба мутахассисони тахассуси баланд дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатисионӣ, ки дар натиҷаи воридшавии технологияҳои рақамӣ ба иқтисодиёт ба вуқӯъ пайвстааст, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли 1998 ба омода кардани мутахассисон аз рӯи ихтисоси 220400 – “Таъминоти барномавии техникаи ҳисоббарор ва низоми автоматикунонидашуда” оғоз кард. Баъдан, дар соли 2000 дар заминаи ин таҷриба Факултети технологияҳои иттилоотию коммуникатисионӣ таъсис дода шуда, ки раванди омода кардани мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои “Низом ва технологияҳои иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)” ва “Таъминоти барномавии исеҳсолоти автоматикунонидашуда” дар Доишгоҳ идора мекард. Сипас, бо тадриҷ, бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат ба номгӯи ихтисосҳои факултет ихтисосҳои “Низоми таъмини бехатарии иттилоот”, “Муҳандисии барномавӣ” ва “Таъминоти иттилоотии бизнес” ворид карда шуданд.

Дар давраи солҳои 2008-2014 факултети имрӯза дар шакли ду факултетҳо – Факултети низом ва технологияҳои иттилоотии соҳавӣ ва Факултети технологияҳои инноватсионӣ ва компютерӣ, фаъолият мекард.

Аз соли хониши 2013-2014 оғоз карда, факултет ба омода кардани мутахассисон дар низоми дусатҳаи таҳсилоти олии касбӣ – бакалавр ва магистр, оғоз кард.

Айни замон факултети технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ мутахассисони сатҳҳои бакалавр ва магистрро аз рӯи ихтисосҳои зерин омода мекунад:

1-40010101 – «Системаҳои компютерӣ ва Интерент – технологияҳо»;
1-40010102 – “Системаҳои автоматикунонидашуда”;
1-40010103 - “Системаҳои компютерии бонкӣ”;
1-40010104 – «Низоми таъминоти бехатарии маълумот»;
1-40010107 - «Таъминоти математикӣ ва барномавии истеҳсолоти автоматонӣ»;
1-40010108 – «Муҳандисии барномавӣ»;
1-40010202 - «Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)».

1-4000301-«Интеллекти сунъӣ».

Декани нахустини факултет Юсупов М.Ч., номзади илмҳои физикаю математика, дотсент буд, ки айни ҳол дар вазифаи проректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба инноватсия ва техноогияҳои таълимӣ фаъолият мекунад. Баъдан, дар равнади рушди фаъолият вазифаи декании факултетро Исмоилов М.А. (номзади илмҳои физикаю математика), Негматова Г.Д. (номзади илмҳои физикаю математика), Мирзоахмедов Ф.М. (доктори илмҳои техникӣ), Турсунов Р. Ҷ. (номзади илмҳои физикаю математика), Кимсанов У. О. (номзади илмҳои иқтисодӣ) номзади илмҳои физикаю математика ва доктрои илмҳои иқтисодӣ, Ашуров Субҳониди Бурҳонович иҷро кардаанд.

Айни замон вазифаи декани факултет  номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Зарифбеков Мародбек вогузошта шудааст.

Айни замон дар сохтори факултет 3 кафедраҳо – Кафедраи низом ва технологияҳои иттилоотӣ; Кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии копмютерӣ; Кафедраи математикаи олӣ ва информатика фаъолият мекунанд. Кафедраи низом ва технологияҳои иттилоотӣ ва Кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии копмютерӣ – кафедраҳои тахассусии факултет мебошанд ва ба кафедраи якум ихтсосҳои 1-40010101 – «Системаҳои компютерӣ ва Интерент – технологияҳо»; 1-40010103 - “Системаҳои компютерии бонкӣ”; 1-40010104 – «Низоми таъминоти бехатарии маълумот» ва 1-40010202 - «Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)», ба кафедраи дуюм бошад, ихтисосҳои 1-40010107 - «Таъминоти математикӣ ва барномавии истеҳсолоти автоматонӣ»; 1-40010102 – “Системаҳои автоматикунонидашуда” ва 1-40010108 – «Муҳандисии барномавӣ» вобаста карда шудаанд. Кафедраи математикаи олӣ ва информатика – кафедраи умумидонишгоҳӣ маҳсуб меёбад.

Бисёр омӯзгорон – олимони ҷавони кафедраҳои факултет дар марказҳои илмию таълимии пешрави давлатҳои Аврупо, Россия ва Осиё такмили ихтисос кардаанд.

Дар факултет озмоишгоҳҳои таълимии компютерию иттилоотӣ таъсис дода шудаанд, синфхонаҳои бо дастгоҳҳои муосири иттилоотӣ ва мултимедӣ таҷҳизонидашуда амал мекунанд.

Донишҷӯёни факултет дар бонкҳои тиҷоратӣ ва корхонаҳои пешрави мамлакат, ки истеҳсолоташон автоматӣ кунонида шудаанд, провайдерҳои алоқаҳои мобилии кишвар ва дигар корхонаҳою ташкилотҳо таҷрибамӯзӣ мекунанд. Хатмкардагони занаи бакалавр, ки онро бо баҳоҳои хубу аъло ба итмом расонидаанд, одатан таҳсили худро дар барномаҳои магистрии худи факултет ва дигар марказҳои илмӣ ва мактабҳои олии мамлакат ва шаҳрҳои Санкт –Петербург ва Томски Федератсияи Россия идома медиҳанд.

 

Зарифбеков Мародбек Ширинбекович                                                                                          

Декани факултет

номзади илмҳои физика ва математика, дотсент

E-mail:marodbek76@mail.ru

Тел:(+992)936-00-13-76,  (+992 37) 2345870 

 

 

 

Назаров Ҷамшед Юсупович

Муовини декан оид ба таълим

E-mail:

тел: (+992 37) 2344932

 

 

 

 

 

Саидов Абдуҷаббор Ғафурович

Муовини декан оид ба тарбия

E-mail:abdujabbor075@gmail.com

тел: (+992 37) 2344932  +992 559003304

 

 

 

 

 

 

 

Насруллаева Дилафруз Ҳикматуллоевна

Муовини декан оид ба илм ва инноватсия

E-mail:kafedra_skvait@mail.ru

тел: (+992) 372345870  987-07-96-55

 

 

 

 

 

 

 

 

 

1-40 01 01 01 “Системаи компютерӣ ва Интерент – технологияҳо”
1-40 01 01 02 “Системаҳои автоматикунонидашуда”
1-40 01 01 03 “Системаҳои компютерии бонкӣ”
1-40 01 01 04 “Низоми таъминоти бехатарии маълумот”
1-40 01 01 07 “Таъминоти математикӣ ва барномавии истеҳсолоти автоматонӣ”
1-40 01 01 08 “Муҳандисии барномавӣ”
1-40 01 02 02 “Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)”

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Усулҳои интелекти сунъӣ»

 Бо мақсади иҷрои банди 1 протоколи №3 ҷаласаи машваратии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабир бо роҳбарони муассисаҳои илмию таълимии зертобеи вазорат аз 15 апрели соли 2021 оид ба таъсиси факултаи интелекти сунъӣ ва технологияҳои раќамии иттилоотӣ дар факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ санаи 05.05.2021с. мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар аъзои раёсати донишгоҳ, омӯзгорони кафедраҳо, коркунони маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимии донишгоҳ инчунин донишҷӯёни фаъоли факултет иштирок доштанд.

Оид ба масъалаи мазкур дар рӯзнома баромад карданд:

  1. Ғафоров Ф.М. н.и.и., кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ «Омилҳои ҳифзи иттилоот дар раванди татбиќи интелекти сунъӣ»;
  2. Юсупов М.Ч. н.и.ф-м., дотсенти кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ «Гузориш оид ба омода нумудани муттахасисони соҳаи интелекти сунъӣ»;
  3. Зарифбеков М.Ш. н.и.ф-м., дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва информатика «Омода нумудани муттахасисони соҳаи интелекти сунъӣ дар факултет ТИК»;
  4. Зарипов С.А. н.и.ф-м., и.в. дотсенти кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии компютерӣ дар мавзуи «Шарҳи мухтасар оид ба усулҳо ва воситаҳои интелекти сунъӣ»;
  5. Ҷалилов М. мутахассиси маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимии донишгоҳ дар мавзуи «Истифодаи интелекти сунъӣ бо омилҳои табии инсонӣ».

Пас аз баромад намудани маърӯзачиён аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет суолҳо оид ба интелекти сунъӣ пешниҳод гардид, ки аз тарафи маърӯзачиён посухҳои муфид дода шуд.

Ҳоло дар саҳифа мавод мавҷуд нест

Усулҳои ҳадафраси пешбурди корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯён

Садорати факултет тибқи фармони ректори донишгоҳ бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии тарбия намудани мутахассисони замони нав дар руҳияи ватандустӣ, меҳанпарастӣ, ташаккули зеҳнӣ ва ҳалли дигар масъалаҳое, ки дар «Дастурамали заминавии барномаи корҳои тарбиявӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» дар асоси нақша-чорабиниҳо ва масъалагузориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, парламенти донишҷӯёни факултетро аз ҳисоби донишҷӯёни аз нигоҳи таълимӣ ва пешбурди корҳои ҷамъиятӣ фаъол таъсис дод.

Фаъолияти парламенти донишҷӯёни факултет таҳти унвони «Тарбияи мутахассисони замони нав баҳри рушду нумўи Тоҷикистон» бо мақсади ҷалб намудани нерўи зеҳнию созандаи донишҷўён, омўзгорон, кормандони маъмурӣ ва дилхоҳ хоҳишмандон оиди баланд бардоштани корҳои тарбиявӣ дар факултет равона карда шудааст. Ба қатори вазифаҳо ва ваколатҳои ин парламент муқаррар гаштаанд:

- Пешниҳод намудани донишҷўён барои сарфароз гардидан бо ифтихорнома, титули фахрӣ оид ба изҳори минатдорӣ ба волидайн ва дигар ҷоизаҳо;
- Пешниҳод намудани донишҷўён ба огоҳии расмӣ оиди изҳори нигаронӣ;
- Дастгирии молиявӣ, маънавӣ ва дигар тарзҳои ҳавасмандгардонии донишҷўёну омўзгорон ва кормандон;
- Пешниҳод намудан ба хориҷшавӣ ва дигар ҷазоҳои маъмурию ҳуқуқӣ;
- Пешниҳод намудани донишҷўён барои расонидани кўмаки молиявӣ ва дигар тарзҳои дастгирии иҷтимоӣ;
- Ҳуқуқи баргузор намудани маҳфили озмунҳои тезҷавобӣ ва дигар тарзҳои ташаккули маънавӣ ва нерўи зеҳнии донишҷў.
- Ташкил кардани озмунҳои даврӣ дар сатҳи гуруҳҳои академӣ ва курсҳо.

Яке аз механизмҳои пешбурди корҳои тарбиявӣ – ин институти кураторӣ мебошад. Дар соли таҳсили ҳисоботӣ дар факултет 30 нафар омӯзгорону кормандон ба ҳайси кураторони гурӯҳҳои академӣ тайин гардида буданд, аз ҷумла, дар курси 1-ум 10 нафар, курси 2-юм 10 нафар, курси 3-юм 10-нафар.

 Иштироки донишҷўён дар озмуни ихтирокорони ҷавон дар  санаи 07.12.2018  донишгоҳ.

Дар санаи 2 ноябри соли 2018 Кафедра фанҳои гуманитарӣ бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултет семинар дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади тақдирсози миллат»  дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳ баргузор гардид.

Дарси кушоди тарбиявӣ бахшида ба истифода додани агрегати аввали НОБ-и Роғун.

Дар санаи 15.11.2018 куратори гуруҳ Карамалишоев К.Н. дар мавзӯи «НОБ-и Роғун - пояи давлат» баромад намуда қайд карданд, ки вақте зербинои аввали агретатро месохтем, орзу мекардем, ки кай чарх задани агрегатро тамошо кунем. Нирӯгоҳи Роғун ба иқтисоди Тоҷикистон хеле муҳим аст ва моро аз вобастагии кишварҳои дигар раҳо мекунад. Баъди ба истифода додани нирӯгоҳ корхонаҳоеро, ки ба сабаби набудани барқ кор намекарданд, ба истифода хоҳанд дод. Нирӯгоҳи Роғун аз 6 чарха иборат аст ва дар сурати такмили он солона то 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, натанҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои минтақаҳои васеъ дар Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд. Сарбанди нирӯгоҳи Роғун, ки баландиаш 335 метрро ташкил медиҳад, дар ҷаҳон баландтарин садд ба ҳисоб меравад. 

Чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун рӯзи 16-уми ноябр дар ҳузури меҳмонони зиёди дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла аз Узбекистону Русия ба кор андохта мешавад. Тугмаи оғози кори Роғунро президент Эмомалӣ Раҳмон пахш мекунад, ки таъмини истиқлоли энержии Тоҷикистон яке аз ваъдаҳои раёсаташ буд.

Иштироки донишҷӯён дар таҷлили  иди “Меҳргон” дар  санаи 07.10.2018.

Санаи 10-уми октябри соли 2018  дар боғи фарҳангу фароғати ба Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе идҳои қадимаи тоҷикон-Меҳргон бо тантана ҷашн гирифта шуд. Меҳргон, ки ҷашни меҳнат ва бардоштани ҳосил аст, ба шарофати Истиқлолияти кишвари азизамон  чун ҷашнҳои Наврӯз ва Сада дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.

Ташкили иштироки кормандон ва донишҷӯёни факултет дар чорабиниҳои ободонии шаҳри Душанбе

Семинар дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ташаккули давлатдории халқи тоҷик дар марҳалаи муосир» дар ФТИС

Факултетии технологияҳои иттилоотии соҳавӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои факултет дар санаи 15 ноябри соли 2017 бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ташаккули давлатдории халқи тоҷик дар марҳалаи муосир » семинар гузаронид.

Ҷалби донишҷӯён ба чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, аз ҷумла тамошои барномаҳои театрӣ, филмномаҳо.

28.09.2017 донишҷӯёни курси якуми гурӯҳи академии 1-40010202р  дар намоиши театрии “Қисаи ғамгину рангин” дар театри давлатии “Театри Лохути”

13.10.2017 донишҷӯёни курси якуми гурӯҳи академии 1-40010202р  дар намоиши театрии “Аруси ҷангара” дар театри давлатии “Ҷавонон” ба номи М. Воҳидов.

 

24.11.2017 иштироки донишҷӯён дар машқи пагоҳирӯзи дар назди Шаршараи Наврӯзгоҳ бахшида ба ҷашни Парчами Миллӣ. Донишҷӯёни курси якум 25  нафар иштирок доштанд

Боғи Ирам 15.10.2017 иштироки донишҷӯён дар ҷашни “Меҳргон” Иштироки донишҷӯён дар ҷашни “Меҳргон”

2 4.11.2017 иштироки донишҷӯён дар дави миллӣ  бахшида ба ҷашни Парчами Миллӣ. Донишҷӯёни курси якуми  гуруҳи 1-40010202р ва 1-40010108р  40  нафар иштирок доштанд.

24.11.2017 Иштироки донишҷӯён дар веламарафон  бахшида ба ҷашни Парчами Миллӣ

 

 

Иштироки донишҷӯёни курси якум гуруҳи 1-40010108р  дар шанбегии  ДТТ назди гӯлбоғи  25 нафар.

 

Семинар дар мавзӯи «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» дар ФТИС

Факултетии технологияҳои иттилоотии соҳавӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои зидди коррупсионии Вазорати маори ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонт барои солҳои 2013-2020  дар санаи 09 декабри соли 2017 бо иштироки ҳайати омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи « Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия » семинар гузаронид.