ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ-ИННОВАТСИОНИИ “ФАНОВАР”

Парки технологӣ-инноватсионии “Фановар”-и Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон 1 сентябри соли 2011 дар асоси низомномаи аз ҷониби ректори донишгоҳ тасдиқшуда таъсис ёфта, дар кушодашавии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок варзид. Парки технологӣ- инноватсионии «Фановар» аз рузи ташкилёбиаш то ҳол  фаъолияти молиявии мустақил надошт. Соли 2018 ҳуҷҷатҳои  парки технологӣ-инноватсионии «Фановар» дар назди Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда, суратҳисоби алоҳидаи парки технологии «Фановар» кушода шуд.

Аз соли 2018 масъалаи истеҳсоли нушокиҳои ғайри алкоголӣ, маҳсулоти хушккардашуда, макаронҳою консерваҳои гуногунро бо истифода аз растаниҳою гиёҳҳои шифобахши минтақаҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ва истеҳсоли ҳасибу ҳасибчаҳо ба роҳ монда шудааст.

Мақсад ва вазифаҳои парки технологӣ- инноватсионии «Фановар»:

Мақсад: Тавассути парки технологӣ – инноватсионии «Фановар» татбиқ  намудани дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ғояҳои инноватсионии донишчӯёни боистеъдод, аспирантону унвонҷӯён, докторантон (PhD) аз рӯи ихтисосҳо ва омӯзгорон дар истеҳсолот дар назар дошта шудааст.

Вазифаҳои технопарки «Фановар»:

  • гузаронидани мониторинги таъмини технопарк бо ашёи хом вобаста аз хусусияти минтақаҳои кишвар;

  • дар амал татбиқ намудани талаботи ҳадди аққали дониши касбии донишҷӯ нисбати касби интихобкардааш;

  • ҷалби донишҷӯёни боистеъдод ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва эҷодӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ-татқиқотӣ ва ғояҳои инноватсионии омӯзгорон ва аспирантону унвонҷӯён дар истеҳсолот;

  • ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти касбӣ дар сехҳои технопарк бо мақсади тақвият бахшидан ба сатҳи донишандӯзии касбии онҳо;

  • гузаронидани таҷрибаҳо ва корҳои илмӣ дар озмоишгоҳи технопарк;

  • истеҳсоли таҷрибавии маҳсулот (нӯшокиҳои ғайриспиртӣ ва макаронҳои навъи нав) бо истифода аз ашёи хоми  минтақаҳои кишвар;

  • ҳамкориҳои судманд бо корхонаҳои саноатӣ оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ-инноватсионӣ дар истеҳсолот.

Дастовардҳо:

Парки технологӣ-инноватсионии «Фановар» ҳамчун маркази озмоишӣ, амалию илмӣ ва инноватсионӣ мавриди истифода қарор дорад. Аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз технопарк ба якчанд дастовардҳо муваффақ гардидааст. Яъне, истеҳсоли таҷрибавии обҳои маъданӣ ва нушиданӣ, истеҳсоли таҷрибавии навъҳои нави макаронҳо бо иловаҳои   растаниҳои шифобахши ҳамаи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ  монда шуда, дастурамалҳои нав  оиди истеҳсоли обҳои маъданӣ ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, роҳи хушк кардани меваю сабзавот, макаронҳо, кефиру йогуртҳои мевагӣ, навъҳои гуногуни маҳсулоти соҳаҳои қаннодӣ тартиб дода шуда, истеҳсоли таҷрибавии онҳо ташкил карда шудааст ва барои омӯзиши донишҷӯён аз ин манбаъ шароитҳо муҳайё карда шудаанд.

Фаъолияти инноватсионии технопарк бо ҷалби хонандагону донишҷӯён.

Барои донишҷӯёни хоҳишманди донишгоҳ ва хонандагони литсейи инноватсионии «Душанбе» дарсҳои назариявӣ ва амалии омӯзиши дастгоҳҳои истеҳсолӣ ва технологияи истеҳсоли  консентратҳои хӯрока, истеҳсоли макаронҳо ва нӯшокиҳои ғайриспиртию обҳои ошомидании  маъданӣ дар муддати аз 10-рӯз то 1-моҳ курсҳои кӯтоҳмуддат мунтазам гузаронида мешаванд. Дар ин давра, хонандагони литсейи инноватсионӣ фаъолона иштирок намуда, тарзи тартиб додани дастурамалҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, истеҳсоли корхонавии он, тарзи ҳисоби арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшаванда ва инчунин, бо тарзи кори дастгоҳҳо ва хатҳои технологии истеҳсолкунанда аз наздик шинос мешаванд.

Хонандагону донишҷӯён ҳамчунин, тарзи тайёр кардани нақеъҳоро, ки барои истеҳсоли нӯшокиҳо ва маводи қаннодӣ истифода мешаванд аз худ менамоянд. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ, бо истифода аз гиёҳҳои табиӣ маводи макаронии серғизо тайёр намуда, қурби ғизоӣ ва қимматнокии энергетикии онҳоро муайян менамоянд.

Донишҷӯёне, ки (духтарон) тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ қабул шудаанд, дар технопарк номнавис карда мешаванд ва курсҳои ройгони бозомӯзӣ оиди омӯзиши истеҳсоли маҳсулоти хӯрока ва ҳамзамон кадбонугӣ гузаронида  мешаванд.

Кормандони технопарк барои кӯмак ба сектори таълимӣ-тренингии таомҳои озмоишии донишҷӯӣ «Мини-макс бо Нархҳои хандаовар» ба истеҳсоли макаронҳо машғуланд ва барои пешравии кори ин сектор дастурамалҳои нави пухтани хӯрокҳо бо нархи на зиёда аз ду сомон тартиб медиҳанд. Айни ҳол дастурамали таом бо номи «Сырный суп от Натали»  бо нархи ду сомонӣ аз ҷониби Қурбонова Н.Н. тартиб дода шуда, таоми пухташуда дар назди раёсати донишгоҳ барои санҷиши  мумайзӣ пешниҳод шуд ва иҷозат барои пухтани ин таом дар сектори назди хобгоҳ иҷозат дода шуд.

Ҳамкориҳо.

Технопарки «Фановар» барои равнақу ривоҷи корҳои илмиву инноватсионӣ бо корхонаҳову ташкилоти хориҷиву дохилӣ ҳамкориҳои судманд дорад. Яке аз чунин ҳамкориҳо бо Ташкилоти Ҳамкории Олмон (GIZ) мебошад, ки тайи солҳои охир ин ташкилот  як қатор асбобу таҷҳизоти озмоиширо барои пешрафти корҳои илмӣ-истеҳсолӣ ва озмоишию инноватсионӣ аз хориҷи кишвар харидорӣ намуда, ба технопарки «Фановар» ва дигар озмоишгоҳҳои мавҷудаи донишгоҳ тақдим намуд. Айни замон бо он асбобу таҷҳизоте, ки Ташкилоти Ҳамкории Тоҷикистону Олмон (GIZ) тақдим намудааст, донишҷӯёну омӯзгорон корҳои илмиву инноватсионӣ мегузаронанд.

Ташкилоти дигаре, ки бо парки технологӣ-инноватсионии «Фановар» ҳамкорӣ дорад, Барномаи рушди кишоварзии «USAID» аз мардуми Амрико мебошад, ки дар семинару намоишгоҳҳое, ки ташкил менамояд, кормандони технопаркро бо дастовардҳояшон даъват намуда, бо дигар корхонаву ташкилот шинос карда, технопаркро ташвиқу  тарғиб менамояд.

Бо корхонаҳову ташкилотҳои ватанӣ низ ҳамкориҳо оид ба илова намудани иловаҳои гиёҳу растанӣ ва меваю сабзавотӣ ба консентрат табдилдода  ташкил карда шудааст, ки  ба таркиби маҳсулоти хӯрокаи дар он корхонаҳо истеҳсолшаванда, хокаҳову наҳеъҳои дар технопарк истеҳсолшуда илова карда мешаванд. Айни замон ҳамкорӣ бо корхонаи қаннодии «Амирӣ» ва «Комбинати шири шаҳри Душанбе»  ба роҳ монда шудааст.

Дар парки технологии «Фановар» аз ҳисоби «Ташкилоти хамкориҳои байналмилалии Олмон» – GIZ  дар асоси лоиҳаи «Барномаи минтақавии таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ» дар таърихи 22 октябри соли 2018 хатти технологии коркарди маҳсулоти гуштӣ, истеҳсоли ҳасиб ва ҳасибчаҳо васлу насб карда шуд. Хатти технологии коркарди маҳсулоти гуштӣ аз 16 номгӯи таҷҳизоту дастгоҳ иборат мебошад.