Китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи табъу нашр», Низомномаи китобхона ва Шуроӣ олимони донишгоҳ, дар асоси нақшаи корӣ амалӣ менамояд. Китобхонаи донишгоҳ ҳамчун маркази асосии таъминкунандаи раванди таълим бо иттилоот ва ташаккулдиҳандаи салоҳияти касбии донишҷӯён нақши муҳим дорад.

Китобхонаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ягҷоягӣ бо Донишкадаи технологии саноати сабук ва хӯрокворӣ соли 1991 дар асоси қарори Девони вазирони РСС Тоҷикистон аз 2.09.1991 № 26 “оид ба таъсиси Донишкадаи хизматрасонии маишӣ ва Донишкадаи саноати сабук ва хӯрокворӣ ” дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Соли 1993 бо қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 1993 № 80 “оиди табдил додани Донишкадаи технологии саноати сабук ва хӯрокворӣ дар шаҳри Душанбе” ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва кушодани филиали он дар шаҳри Хуҷанд Донишгоҳи технологии Тоҷикистон номи ҳозирадошта гирифт. Аз ҳамин вақт таърихи пайдоиш ва фаъолияти китобхонаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оғоз ёфт. Аз рӯзи таъсиси китобхона роҳбарии китобхонаро Бобохонова Галина Николаевна (солҳои 1991 – 2006) ба ӯҳда дошт, ки дар таъсисёбию рушди китобхона саҳми зиёд гузошт. Аз соли 2006 то соли 2012 Ҳусанова Тамара Қодировна сарварии китобхонаро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2012 то сентябри соли 2014 роҳбари китобхона ба зимаи Чагай Светлана Александровна ва аз сентябри соли 2014 то сентябри соли 2017 роҳбарии китобхонаро Саид Сангович ба ӯҳда доштанд. Имрӯз роҳбарии китобхонаро мутахассиси соҳаи китобдорӣ Абдумуминзода Ситора ба зима дорад..

Ҳайати кормандони китобхона айни ҳол 11 нафарро ташкил медиҳад, ки вазифаҳои ҳар яки онҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд ба амал баровардани хизматрасониҳои китобхонавӣ мушаххас карда шудааст. Дар китобхонаи донишгоҳ барои дарёфти саривақтии иттилоот ва дастрасии пурра доштан ба захираи китобӣ барои донишҷӯён шароити ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ фароҳам оварда шудааст.

Фаъолияти китобхонаи ДТТ ба хизматрасонии пурра ва самараноки китобхонавӣ ва иттилоотӣ – библиографии донишҷӯён, аспирантон, омӯзгорон ва дигар табақаҳои истифодабарандагони китобхона мувофиқи талаботҳои иттилоотии онҳо равона карда шуда, вазифаҳои аввалиндараҷа ин ташаккули захираи китобӣ аз рӯи ихтисосҳои донишгоҳ, таъминоти ҷараёни хониш бо китобҳои таълимӣ ва илмӣ, ташкил кардани системаи таъминоти иттилоотӣ, васеъ намудани доираи хизматрасонии китобхонавӣ, мустаҳкам намудани базаи моддӣ – техникии китобхона, ба иҷро расонида шудааст. Алалхусус, фаъолияти кормандони китобхона баҳри таъинот ва қабули адабиёти нав, воридоти маълумот ба феҳристи электронӣ, баҳри ҷалб намудани хонандагон ба китобхона, гузаронидани намоиши китобҳои нав, чорабиниҳо оиди имкониятҳои кунунии китобхона, равона карда шудааст.

Китобхонаи донишгоҳ фаъолияти худро дар самтҳои зерин ба роҳ мондааст:

  1. ташкили раванди самараноки хизматрасонӣ дар тамоми шуъбаҳои китобхона;
  2. такмили фонди китобхона;
  3. зиёд намудани шумораи аъзоёни китобхона;
  4. ғанӣ гардонидани захираҳои электронӣ;
  5. таҳрири феҳристи электронӣ;
  6. ҳамкори бо дигар китобонаҳо;
  7. муаррифии китобҳои тозанашр;
  8. ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ;
  9. ширкат дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ;
  10. муаррифии самтҳои афзалиятноки рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар;
  11. ташкили чорабиниҳои китобхонавӣ;
  12. такмили ихтисоси кормандони китобхона ва ғ.

Ташкили раванди сифатноки хизматрасонӣ яке аз ҳадафҳои асосии китобхонаи донишгоҳ ба ҳисоб меравад, ки масъулини кобтобхона баҳри амалинамоии ин ҳадаф тамоми кӯшишу ғайрати худро сарф менамоянд.

Яке аз вазифаҳои асосии китобхонаи донишгоҳ дар самти хизматрасонӣ ба хонандагон таҳияи дастурҳои библиографӣ ва картотекаҳои мавзӯӣ мебошад.

Доир ба ҷашну санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти талаботи касбии донишҷӯёну магистрон, омӯзгорон, аспирантону унвонҷӯён ва докторантон (PhD), картатекаҳои мавзӯӣ таҳия менамоянд.

Гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ яке аз самтҳои муҳими кори китобхонаи донишгоҳ ба шумор меравад, ки ҳамасола зиёда аз сад чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ – маърифати доир карда мешавад.

КИТОБХОНАИ ЭЛЕКТРОНӢ

Захираи бойгонии электронӣ – иттилоотии китобхонаи электронӣ зиёда аз 467000 ададро ташкил медиҳад. Радабандии манбаҳои электронӣ айни ҳол давра ба давра ба соҳаҳо ҷудо карда шуда истодааст. Аз шумораи умумии манбаҳои электронӣ 210000 адад китоби электронӣ вобаста ба соҳа то имрӯз ҷудо карда шудааст.

Аз китобхонаи электронӣ донишҷӯён маводҳои таълимӣ (лексия, силлабус, дастури методӣ) ва инчунин, китобҳои таълимию бадеиро истифода мебаранд.

Вориднамоии номгӯи адабиёт дар барномаи “Китоб”,  ки аз ҷониби масъули китобхонаи электронӣ ба роҳ монда шудааст, хуб фаъолият дорад. Тамоми адабиёти тозанашри ба шуъбаҳои китобхона воридшаванда саривақт ба ин барнома ворид карда шудааст. Барномаи “Китоб” дар китобхонаи донишгоҳ нақши феҳристи электрониро иҷро менамояд. Аз ин барнома хонанда танҳо доир ба номгӯи адабиёти дар китобхона мавҷуда иттилоъ пайдо менамояд.

Дар самти ҳамкорӣ бо китобхонаҳои дигар донишгоҳҳо ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобхонаи донишгоҳ фаъол аст. Ҳамзамон робитаи китобхонаи донишгоҳ бо Китобхонаи илмии Маркази миллии патенту иттилоот, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизматӣ Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва дигар китобхонаҳо назаррас аст. Ҳамчунин робитаи китобонаи донишгоҳ бо як қатор китобхонаҳои Федератсияи Россия ва дигар мамлакатҳои ба мо дӯст ба роҳ монда шудааст.