Маълумотнома дар бораи озоишгоҳи иқтисодӣ оид ба рушди соҳибкории саноатӣ, ки дар доираи амалигардонии лоиҳаи лоиҳаи “MIETC – Таҳияи барномаи магистрӣ оид ба идоракунии соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои дар давраи гузариш”- и барномаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шудааст.

Мақсади асосии лоиҳа

тақвият додани тавонмандии илмии мактабҳои олӣ дар соҳибкории саноатӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути таҳия ва амалигардонии барномаи магистрии байнисоҳавӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои устувор байни донишгоҳҳои ҳамшарик ва бозори меҳнат ба шумор меравад.

Озмоишгоҳи мазкур натиҷаи амалӣ аз татбиқи лоиҳа ба шумор рафта, он дар партави сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкиистон оид ба рушди соҳибкорӣ ва ташаббуси Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди сохибкории саноатӣ тариқи тақвият ва такмил додани барномаҳои таълимӣ ва дар ин асос тайёр намудани мутахассиссони соҳавии дорои қобилият ва малакаҳои соҳибкорӣ, ташкил ёфтааст.

Мақсадҳои асосии озмоишгоҳ:

Озмоишгоҳ бояд мусоидат намояд:

– ба фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди фазои соҳибкории саноатӣ;

– ба ташаккул додани заминаҳои рушди соҳибкории саноатӣ;

– ба мутобиқгардонии системаи таҳсилоти олии кишвар ба таълимоти касбии ба соҳибкории саноатӣ нигаронидашуда;

– ба такмил додани заминаҳо оид ба рушди соҳибкории эҷодӣ;

– ба татбиқ ва рушди технологияҳо ва моделҳои муосир дар соҳибкории саноатӣ;

– ба гузаронидани тадқиқотҳои илмиасос оид ба рушди соҳибкорӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ба рушди соҳибкории саноатӣ дар шароити гузариш ва татбиқи иқтисодиёти рақамӣ;

– ба роҳандозии системаҳо ва технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим ва тадқиқотҳо.

Вазифаҳои озмоишгоҳ:

Озмоишгоҳ бояд вазифаҳои зеринро иҷро намояд:

– ташхис ва таҳлили контенти барномаҳои таълимии тамоми ихтисосҳо оид ба мутобиқат ба таҳвили малакаҳои соҳибкорӣ;

– гузаронидани экспертизаи фазои мусоиди соҳибкорӣ бо ҷалби донишҷуён ва омӯзгорон;

– макаммал намудани доираи ва салоҳиятҳои касбии ихтисосӣ дар вобастагӣ бо малакаҳои соҳибкорӣ;

– гузаронидани чорабиниҳои гуногуни илмию таълимӣ оид ба рушди соҳибкории саноатӣ;

– барқарор намудани алоқа байни корхонаҳои саноатӣ ва донишгоҳ дар самти рушди соҳибкории гуногунҷабҳа;

– ташкил намудани маҳфилҳо ва чорабиниҳои гуногун оид ба самтҳои нави соҳибкорӣ аз ҷумла соҳибкории технологӣ;

– роҳандозӣ намудани технологияҳои инноватсионии таълимӣ, аз ҷумла моделҳои маҷозии таълимӣ оид ба рушди соҳибкории эҷодӣ ва саноатӣ;

– мусоидат намудан дар таҳияи маводҳои таълимӣ барои фанҳои ихтисосӣ бо истифода аз технологияҳои интерактивии таълимӣ ва иттилоотӣ;

– мусоидат намудан дар тиҷоратикунонии дастовардҳои илмии соҳавӣ;

Муҷаҳҳазоти озмоишгоҳ:

– Таҷҳизоти видеоконфронсии тамғаи Logitech ConferenceCam Rally Plus Ultra HD (960-001224):

– Веб-камера бо иқтидори 3840 x 2160 пиксел;

– Микрофони беруна бо қобилияти муайянкунии автоматии сарчашмаи садо, пайгирӣ ба шахс, воситаи механикии пайгирикунанда.

– Принтери тамғаи  HP LaserJet Pro 400 MFP M425dn (Print, copy, scan, fax, walk-up USB, Standard (built-in Gigabit Ethernet), 3.5″ (8.89 cm) touchscreen control panel, CGD (Color Graphic Display)

– Телевизори тамғаи TV LED SAMSUNG Full HD ‘43 1080P

– Мизу курсиҳои трансформерӣ барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун барои 12 нафар

– Чевон барои китоб ва маводҳои таълимӣ

– Флипп чарт барои намоиши нақшаҳо ва ангораҳо

– Роллап барои ҷойгир намудани баннерҳои иттилоотӣ

Аксҳо аз озмоишгоҳ: