ВОХӮРӢ БО КОРФАРМОЁН ВА ПАҲНГАРДОНИИ БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ МАГИСТРӢ ДАР ДТТ  

Дар доираи лоиҳаи “MIETC – Таҳияи барномаи магистрӣ оид ба идоракунии соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои дар давраи гузариш” Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикони лоиҳа аз кишварҳои Аврупо –  Донишгоҳи Сантяго Де Компостелаи Испания, Донишгоҳи Неаполи Италия ба номи Федерико II ва як қатор шарикон аз Осиёи Марказӣ ба монанди: Донишгоҳи давлатии техникии шарқии Қазоқистон, Академияи илмҳои Туркманистон, Донишкадаи давлатии иқтисодиёт ва менеҷменти Туркменистон, Донишкадаи давлатии молиявии Туркманистон, Донишгоҳи иқтисодии Казпотребсоюзи шаҳри Карагандаи Қазоқистон, Парки технологии – CTAST-и Туркманистон, Маркази таълимии тиҷоратӣ (Educational Centre Business) – Pro (ECBP)-и Қазоқистон ва Парки технологии ФАНОВАР-и Тоҷикистон ҳамкориҳои зиҷ дорад.

Дар доираи ин ҳамкориҳо санаи 19.05.2023 бо мақсади тақвият додани тавонмандии илмии мактабҳои олӣ дар самти соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути таҳия ва амалигардонии барномаи магистрии байнисоҳавӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои устувор байни донишгоҳҳои ҳамшарик як гуруҳ аз намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии дар боло зикршуда ба ДТТ ташриф оварданд.

Сараввал, меҳмононро ректори ДТТ мӯҳтарам Амонзода Илҳом Темур ба ҳузур пазируфта оиди ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва зарурияти тайёр намудани мутахасисони рақобатпазир дар бозори озоди меҳнат бо назардошти талабои корфармоён мубодилаи афкор намуданд.муфассал

ВОХӮРӢ БО КОРФАРМОЁН – ДАР ДОИРАИ АМАЛИГАРДОНИИ ЛОИҲАИ “MIETС”-И БАРНОМАИ ЭРАСМУС+ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР МАВЗӮИ «ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ РАҚОБАТПАЗИР БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ КОРФАРМОЁН ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

Дар доираи лоиҳаи “MIETC – Таҳияи барномаи магистрӣ оид ба идоракунии соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои дар давраи гузариш” Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикони лоиҳа аз кишварҳои Аврупо –  Донишгоҳи Сантяго Де Компостелаи Испания ва як қатор шарикон аз Осиёи Марказӣ ба монанди: Донишгоҳи давлатии техникии шимоли Қазоқистон, Академияи илмҳои Туркманистон, Донишкадаи давлатии иқтисодиёт ва менеҷменти Туркменистон, Донишкадаи давлатии молиявии Туркманистон, Донишгоҳи иқтисодии Казпотребсоюзи шаҳри Карагандаи Қазоқистон, Парки технологии – CTAST-и Туркманистон, Маркази таълимии тиҷоратӣ (Educational Centre Business)- Pro (ECBP)-и Қазоқистон ва Парки технологии ФАНОВАР-и Тоҷикистон ҳамкориҳои зиҷ дорад.муфассал

 

ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ “ТАШКИЛ ВА ПЕШБУРДИ ФАЪОЛИЯТИ БИЗНЕС ИНКУБАТОРҲО ВА РУШДИ АКСЕЛЕРАТОРҲО”

Санаи 30.11.2021 бо ташаббуси садорати факултети иқтисодиёт ва молияи ДТТ дар доираи лоиҳаи MIETC – “Таҳияи барномаи магистрӣ оид ба идоракунии соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои дар давраи гузариш” дар толори китобхонаи донишгоҳ семинари омӯзишӣ бо иштироки мутахассисони ташкилоти тиҷоратии «ECBP»  аз ш. Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Алия Ахметова ва Джанаргул Кулмагамедова дар мавзӯи  “Ташкил ва фаъолияти  Бизнес инкубаторҳо ва рушди акселераторҳо” барои омӯзгорони равияҳои иқтисодӣ гузаронида шуд.

Дар семенари мазкур заририяти  самаранокии ташкили бизнес инкубаторҳо ва истифодаи дурусти захираҳо дар  ҳудуди технопаркҳо ва таъсири онҳо барои рушди соҳибкории саноатӣ  мавриди бараси  қарор гирифт. Ҳамчунин истифодаи самараноки усулҳои тафаккури интиқодӣ ва тарҳрези (дизайн)-и  тафаккур зимни таҳия ва коркарди бизнес-лоиҳаҳо, ҷалби мизоҷон  ва пешбурди мол дар бозорҳои истеъмолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.муфассал

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ВА ДАСТГИРИИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ САНОАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Санаи 22.10.2021 бо ташаббуси садорати факултети иқтисодиёт ва молияи ДТТ дар доираи лоиҳаи MIETC – Таҳияи барномаи магистрӣ оид ба идоракунии соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои дар давраи гузариш мизи мудаввар дар мавзӯи “Танзими давлатӣ ва дастгирии рушди соҳибкории саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки  омўзгори факултети иқтисодиёт ва молия ва кормандони  КВД “Клуби соҳибкорони     ҷавон” дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни факултети мазкур гузаронида шуд.

Суханронии ифтитоҳии мизи мудавварро декани факултети иқтисодиёт ва молия н.и.и., дотсент Сатторов А.А. оғоз намуда, ҳозиринро ба мизи мудаввар хайрамақдам намуда қайд карданд, ки фаъолияти соҳибкорӣ  яке аз пояҳои  асосии рушди иқтисоди бозаргонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати кишвар рушди соҳибкории саноатӣ мавқеи аввалиндараҷаро касб менамояд.   Инчунин  соҳибкорӣ  фаоълияти  эҷодкорона  буда,  мақсади асосиаш ба даст овардани фоида мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаоълияти соҳибкорӣ»  соҳибкориро низ чун фаоълияти  ташаббускорона  ва мустақилонаи шаҳрвандон, ки  ба гирифтани  фоида  ё даромади  шахсӣ  нигаронида  шудааст,  муайян менамояд. Аз ин рў соҳибкорӣ  амалиёти  мустақилонаест, ки  дар  асоси  рафтори  таваккалӣ  сурат мегирад.муфассал

МАҲФИЛИ РАҚОБАТИИ САЙҚАЛИ МАҲОРАТИ СУХАНВАРӢ БО ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

(ДАР ДОИРАИ АМАЛИГАРДОНИИ ЛОИҲАИ MIETC)

Дар санаи 16-уми январи соли 2021 дар доираи амалигардонии лоиҳаи MIETC «Developed Master’s Program in industrial business management for countries in transition» бо ташаббуси роҳбари гуруҳи корӣ оид ба ташкил ва пешбурди курсҳои забони англисӣ барои аъзоёни гуруҳи кории лоиҳа Сатторов Абдурасул маҳфили рақобатии дӯстона оид ба сайқали маҳорати  суханварӣ бо забони англисӣ ташкил карда шуд. Дар маҳфили номбурда омўзгорон ва кормандони донишгоҳ, ки ба ҳайси аъзои гуруҳи кории лоиҳа ва ҳамчунин омӯзгорони фанҳои самти иқтисодиёт ширкат намуданд.

Сараввал ҳамоҳангсози лоиҳа Ҷафаров А.С. ҷиҳати рафти татбиқи лоиҳа ва нақшаҳои минбаъдаи он суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи мазкур пеш аз ҳама такмил ва ташаккул додани сатҳи донистани забони англисии омӯзгорону кормандони донишгоҳ ба шумор меравад. Яъне, ин эҳтимолияти иштирок намудани шахсони сатҳи забондониашон баландро дар чорабиниҳои банақшагирифташудаи лоиҳа, ки дар давлатҳои Аврупо баргузор мегарданд хеле зиёд мегардонад.муфассал

РӮЗИ ИТТИЛООТӢ

Санаи 15.10.2020 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, дар Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ рузи иттилоотии барномаи “Erasmus +”-  Иттиҳоди Аврупо  баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони сохторҳои донишгоҳ ширкат доштанд муфассал

СЕМИНАР-ТРЕЙНИНГ ОИД БА ТАРЗИ ИСТИФОДАБАРИИ ПЛАТФОРМАИ ЭЛЕКТРОНИИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Санаи 18.12.2020 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон семинар-трейнинг оид ба тарзи истифодабарии платформаи электронии омӯзиши забони англисӣ (http://dz.ols.kz/) дар доираи лоиҳаи MIETC баргузор гардид.муфассал