Факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ 1 феврали соли 2019 бо фармони Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти №5/ҲУ, дар заминаи ду факултети иқтисодӣ: факултети иқтисоди ҷаҳон ва маркетинг ва факултети менеҷменти байналмилалӣ ва инвеститсионӣ таъсис дода шудааст.
Таърихи факултет аз соли 1995 бо ташкили Коллеҷи байналхалқии амрикоӣ оғоз мегардад.
30 августи соли 2007 бо мақсади тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои 060600.01 «Иқтисодиёти ҷаҳон бо назардошти маркетинг ва менеҷменти байналмилалӣ» ва 060600.00 «Иқтисодиёти ҷаҳон», факултети байналхалқӣ таъсис ёфта буд, ки роҳбарии ин факултети навтаъсис ба зиммаи номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Юсупов Мирзо Чулиевич вогузор гардид. Аз 21 январи соли 2009 тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои 060600.01 «Иқтисодиёти ҷаҳон бо назардошти маркетинг ва менеҷменти байналмилалӣ» ва 060600.00 «Иқтисодиёти ҷаҳон» аз 21 январи сол 2009 дар доираи факултети идоракунии маъмурӣ ва иқтисоди инноватсионӣ ба роҳ монда шуд, ки сарварии онро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Усмонова Тӯҳфа Ҷумаевна ба зимма доштанд.
Факултети идоракунии маъмурӣ ва иқтисоди инноватсионӣ 1 сентябри соли 2011 ба факултети иқтисоди ҷаҳон ва маркетинг табдили ном кард, ки роҳбарии ин факултет 3 январи соли 2013 ба зиммаи номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Негматова Гавҳар Деҳқоновна вогузор гардид.
1 сентябри соли 2014 ба сифати декани факутети иқтисоди ҷаҳон ва маркетинг номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сатторов Абдурасул Абдуғаффорович таъин гардиданд, ки он кас ба ин сифат то 1 феврали соли 2019 пурмаҳсул фаъолият карда, шумораи зиёди мутахассисонро бо таҳсилоти олии иқтисодӣ ва малакаи кофии кордонӣ омода намуданд.
1 феврали соли 2019 ба сифати декани факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Имомназаров Музаффар Аҳмадҷонович таъин гардиданд, ки он кас ба ин сифат то 1 апрели соли 2021 фаъолият намуданд.
Имрӯз факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ ҳамчун сохтори таркибии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар омода кардани мутахассисони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисосҳои 1-26020305 «Маркетинги байналхалқӣ», 1-25010301 «Идораи фаъолияти иқтисодиёти берунӣ», 1-25010304 «Идоракунии сармоягузории хориҷӣ», 1-26020202 «Менеҷменти байналмилалӣ», 1-26020208 «Менеҷменти инвеститсионӣ» саҳми худро мегузорад.
Дар сохтори факултет таҳти сарварии н.и.и., дотсент Бегмуродов Сангинмурод Шамсуддинович кафедраи менеҷменти инвеститсионӣ ва маркетинг, таҳти сарварии н.и.и., дотсент Азимова Мадина Турдиевна кафедраи иқтисодиёти байналхалқӣ ва таҳти сарварии н.и.ф. дотсент Носиров Сабур Музаффарович кафедраи забонҳои хориҷӣ фаъолият менамоянд, ки раванди мунтазами ҷараёни таълимро таъмин мекунанд.
Кафедраи менеҷменти инвеститсионӣ ва маркетинг ҳамчун кафедраи пешбар мутасаддии тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисоси 1-26 02 03 05 «Маркетинги байналмилалӣ», 1-26020202 «Менеҷменти байналмилалӣ», 1-26020208 «Менеҷменти инвеститсионӣ» ва кафедраи иқтисодиёти байналхалқӣ ҳамчун кафедраи пешбар мутасаддии тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисоси 1-25 010301 «Идораи фаъолияти иқтисодиёти берунмарзӣ» ва 1-25010304 «Идоракунии сармоягузории хориҷӣ» ба ҳисоб мераванд.
Дар ихтисоси 1-25010301 таҳсилот бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарварии факултетро аз 23 апрели соли 2021 н.и.и. и.в. дотсент Раҳимзода Музафар Иди ба уҳда доранд.
Декани факултет
Номзади илмҳои иқтисодӣ
E-mail:muzafarjon@mail.ru
mrahimov24@gmail.com
Тел: (+992 37)234 59 11
ГАДОЕВ Амиршо Ҷурахонович
Муовини декан оид ба таълим
Номзади илмҳои иқтисодӣ
E-mail: amirsho.gadoev@mail.ru
Тел: (+992 37)234 59 11
Абдуллозода Наҷибулло Сайфулло
Муовини декан оид ба тарбия
E-mail: snajibullo93@mail.ru
Тел: (+992 37)234 59 11
Гудименко Егор Худойбердинвич
Муовини декан оид ба илм ва инноватсия
Докторант (PhD)
E-mail: egudimenko011@gmail.com
Тел: (+992 37)234 59 11
Факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ аз рўи равия ва ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр мекунад:
1-25010301 – Идораи фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ
1-25010304 – Идоракунии сармоягузории хориҷӣ
1-26020305 – Маркетинги байналмилалӣ
1-26020202 - Менеҷменти байналмилалӣ
1-26020208 - Менеҷменти инвеститсионӣ
Дастаи волиболи факултет аз тарафи духтарони ФИҶМ дар моҳи майи соли 2018 дар мусобиқаи дохилидонишгоҳии волибол дар байни факултетҳо сазовори ҷои сеюм ва ҷоми мусобиқа гардид.
Дастаи волиболи факултет дар моҳи майи соли 2018 дар мусобиқаи дохилидонишгоҳии волибол дар байни факултетҳо сазовори ҷои сеюм ва ҷоми мусобиқа гардид.
Дар даҳаи дуюми моҳи ноябр бахшида ба 16-ноябр – рӯзи Президент дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиши футбол, баскетбол, волейбол, шоҳмот дар байни донишҷӯписарон ва волейбол байни донишҷӯдухтарон гузаронида шуд.
Дастаи футболбозони факултет дар байни писарон ва дастаи волейболбозони факултет дар байни духтарон сазовори ҷои аввал гардида, бо медалу ифтихорнома сарфароз гардиданд ва ҷомҳои сайёри донишгоҳ оид ба ин намудҳои варзиш ба факултет тақдим карда шуд. Дар байни шоҳмотбозон донишҷӯи курси 3, ихтисоси 1-25010301 Ҷумаев Аҳмадҷон сазовори ҷои сеюм гардид.
Дастаи футболбозони факултет дар моҳи майи соли 2015 дар мусобиқаи дохилидонишгоҳии футбол дар байни факултетҳо сазовори ҷои якум ва ҷоми мусобиқа гардид.
Хатмкардагони факултет дар муассисаҳои бонуфузи кишвар ба монанди Вазорати молияви Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК “Ориёнбонк”, “Амонатбонк”, “Бонки Эсхатта”, “Комерсбонк”, ТАҚХ “Хумо”, “Имон Интернейшнл” ва дигар бонкҳои байналмилалию минтакавӣ фаъолият менамоянд.
Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” баргузор шуд.
Гулдухтарони ҳунарманди Факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ ҳар кадом кӯшиш ба харҷ доданд, ки шартҳои озмунро дар сатҳи баланд иҷро намуда пешкаши аъзоёни ҳакамон гардонанд.
Садорати факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ санаи 27.10.2018 бо ҳамроҳии донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони ФМ ва М дар гулбоғи назди дарвозаи ДТТ шанбеги гузаронида шуд, ки заминҳои гулбоғро нарм намудем.
Донишҷӯдухтарони факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилаӣ дар “Фестивали чакан” дар филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев
Ифтитоҳи Амфитеатр дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт
Дар чорабинии мазкур 30 нафар донишҷӯён ва масъулини корҳои тарбиявии Факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ бо либосҳои миллии атласу чакан иштироки фаъолона намуданд.