- Таърих
- Деканат
- Кафедраҳо
- Ихтисосҳо
- Низомнома
- Варзиш
- Сохтор
- Ҳамкориҳо
- Корҳои тарбиявӣ
- Хатмкунандагон
- Озмоишгоҳи иқтисодӣ
Факултети иқтисодиёт ва молия факултети калонтарин ва мақоми яке аз беҳтарин сохторҳои донишгоҳро соҳиб шудааст.
Айни замон дар шӯъбаи рӯзонаи факултет зиёда аз 900 нафар донишҷӯён аз рӯи 6 ихтисос дар зинаи бакалавр ва магистратура таҳсил намуда истодаанд. Инчунин дар факултет 8 нафар дар аспирантура ва 3 нафан дар доктаратура аз рӯи ихтисос (Ph.D) корҳои илми-тадқиқотии худро ба итмом расонида истодаанд.
Дар факултет зиёда аз 70 нафар омӯзгорону профессорон машғулиятҳо мебаранд, ки аз он ҷумла 1 нафар академики Академияи ванҳои ҶТ, як нафар аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии ҶТ, 7 нафар д.и.и, профессор, 3 нафар н.и.и. профессорон фаъолият ва 13 н.и.и. дотсентон мебошанд.
Факултет фаъолити худро дар чор самт амали менамояд: таълим, тарбия, тадқиқотҳои илмӣ ва инноватсионӣ. Саҳми факултет дар татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар донишгоҳ арзанда мебошад. Ҳайати профессорону омӯзгорони факултет дар дарсҳои худ усулҳои интерактивии таълимро роҳандозӣ намуда дар ин самт чандин маротиба семинар-тренингҳоро барои кормандони донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таълимии олии касбии Тоҷикистон гузаронидааст.
ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТ
Таърихи факултети иқтисодиёт ва молия ҳанӯз аз даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.
Сохтори таълимии мазкур дар соли таҳсили 1991-1992 таҳти номи кафедраи фанҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ арзи вуҷуд намуда, нахустин сарвари он номзади илмҳои иқтисодӣ К.А.Николаев буд. Пас аз як сол К.А.Николаевро дар вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент А. Эргашев иваз намуд. Ҳамзамон номи кафедра дигар карда шуд ва он акнун кафедраи иқтисодиёт ва идора ном гирифт ва ин ном то соли 1996 бетағйир монд. Сарварии кафедраи мазкур сипас банавбат ба ӯҳдаи дотсентҳо Ҳ. Муҳадбердиев (1993), Р. М. Бобоҷонов (1993-1994) ва М. Шобеков (1994-1996) вогузошта шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар донишгоҳ ҳанӯз соли 1993 факултети маркетинг ва менеҷмент ва дар сохтори он кафедраи иқтисод ва идора таъсис ёфта буд. Вале бинобар танқисии кадрӣ сарварии факултетро мутахассисони дигар соҳа иҷро мекарданд, мудири кафедраи номбурда бошад ҳамасола иваз мешуд. Факултет бо номи маркетинг ва менеҷмент то 7 феврали соли 1995 фаъолият намудааст ва вазифаи декани факултетро номзади илмҳои физикаю-математика Г.Д. Негматова иҷро намудааст.
Дар оғози соли таҳсили 1996-1997 дар асоси кафедраи иқтисод ва идора ду кафедраи мустақил таъсис дода шуданд: кафедраи иқтисод ва ҳуқуқ (мудир н.и.и, дотсент Р.М. Бобоҷонов) ва кафедраи иқтисоди корхона ва фаъолияти соҳибкорӣ (мудир н.и.и., дотсент М.Н.Тошматов). Ҳамон соли таҳсил дар Донишгоҳи технолгии Тоҷикистон, бо назардошти таҷрибаи фаъолияти донишгоҳҳои ИМА, қарор шуд, ки факултет ва кафедраҳоро пароканда намуда ба ҷои онҳо шаш департаменти таълимӣ ташкил карда шаванд ва яке аз он департаментҳо департаменти иқтисодиёт ва бизнес буда сардори он н.и.и., дотсент М.Н.Тошматов таъин гардид. Бояд зикр намуд, ки маҳз баъд аз сардори департамент таъин гардидани М.Н. Тошматов, гузашти айём нишон дод, ки ин иқдом дуруст ва саривақтӣ будааст. У пеш аз ҳама фаъолияти худро аз таҳияи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои иқтисодӣ бо назардошти мукаммал намудан ва ба талаботи иқтисоди бозоргонӣ човобгӯ будани онҳо оғоз намуд. Дар муддати кӯтоҳ ба кори омӯзгорӣ ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон олимони номдори соҳаи иқтисодиёт таклиф гардиданд, ба монанди академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми иқтисод, профессор Р.К. Раҳимов, доктори илми иқтисод, профессор Т.Ҷ. Усмонова ва ғайра. Инчунин ба кормандони департамент муяссар гардид, ки аз тамоми фанҳои таълимии равияи иктисодӣ барномаи кориро бо назардошти талаботи иқтисодиёти воқеъии кишвар таҳия намуда онро дар ҷараёни таълим татбиқ намоянд.
Аз 1 сентябри соли 2000 дар заминаи департаменти иқтисодиёт ва бизнес факултети иктисодӣ таъсис дода шуд (декан М.Н.Тошматов). Сипас аз 1 сентябри соли 2001 факултети иқтисодӣ ба факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ табдил дода шудааст (декан М.Н.Тошматов). Аз 1 сентябри соли 2007 бо назардошти ҳамоҳангсозии фаъолияти факултет оид ба тайёр намудани иқтисодчиён ва менеҷерон ба соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ номи факултет ба факултети иқтисодиёт ва менеҷмент иваз карда шуд (декан М.Н.Тошматов).
Дар асоси қарори Шӯрои олимони ДТТ аз 1 феврали соли 2009 дар заминаи факултетҳои иқтисодиёт ва менеҷмент ва факултети байналмилалӣ факултети «Идоракунии маъмурӣ ва иқтисодиёти инноватсионӣ» («Делового админстрирования и инновационной экономики») таъсис дода шуд. Баъд аз зиёда аз як моҳ, яъне, 26 марти соли 2009 дар заминаи факултети «Делового админстрирования и инновационной экономики» ду факултет: менеҷменти молиявӣ ва инноватсинӣ ва «Делового админстрирования и инновационной экономики» таъсис дода шуд. Ба вазифаи декани факултети менеҷменти молиявӣ ва инноватсинӣ н.и.и., дотсент К.П. Дарингов таъин гардид.
Аз 1 сентябри соли 2010 то 1 феврали соли 2019 декани факултетро н.и.и., дотсент А.Р. Ҳасанов ва аз 1 феврали соли 2019 то инҷониб вазифаи декани факултетро н.и.и., дотсент Сатторов А.А. ба ӯҳда дорад. Дар айни замон дар сохтори факултет се кафедра: назарияи иқтисодиёт ва рушди иқтисодӣ (мудири кафедра д.и.и., профессор Т.Ҷ. Усмонова), молия ва қарз (мудири кафедра н.и.и., дотсент Р.Ҳ. Содиқов), иқтисодиёт ва идора (н.и.и., дотсент Н.М. Дадоҷонова) барои тайёр намудани мутахассисони иқтисоддон аз рӯи 5 ихтисос мутасаддӣ мебошанд.
Дар тӯъли фаъолияти худ факултет зиёда аз 2800 нафар мутахассисони соҳаи иқтисодиётро ба камол расонидааст, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он фаъолият менамоянд. Хатмкардагони факултет то дараҷаи ходимони давлати, вазир, сарвари корхонахои азими бонкию-моливӣ, роҳбарони шӯъба ва департаментҳои ташкилотҳои бонуфузи молиявии иқтисодии ҷаҳонӣ ба монанди Бонки умумиҷаҳонӣ, Бунёди асрори байналмилалӣ, донишгоҳҳо ва ғайра фаъолият менамоянд. Факултет метавонад бо чунин хатмкардагони худ ифтихор намояд: Каҳоров Ф.С., Мирзоев Ш.Т., Холматов М., Колчин В., Сатторов А.А., Муродов Ф.Д., Султонов А.Н., Муҳитдинова Ф., Рачабов А., Сангинов И., Саидов М., Ҳасанов С., Тошматова З.М., Шокаримов Б., Арбобов С.
Дастовардҳои донишҷӯёни факултет дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои олии касбӣ дар бахши иқтисодиёт дар донишгоҳ беназир мебошад. Солҳои 2005 (Муҳитдинова Ф), 2006 (Муҳитдинова Ф), 2010 (Шокаримов Б.), 2013 (Эвазов С.), 2015 (Давлатова З.А.) сазовори ҷойи якум ва солҳои 2007 (Муҳитдинова Ф), 2009 (Шокаримов Б.) ва соли 2014 (Давлатова З.) сазовори ҷойи дуюм гаштаанд.
Пояи моддӣ-техникии факултет ҷавобгӯи талаботҳои муосир буда сннфхонаҳо бо воситаҳои электронӣ, компютерҳо, проекторҳо, тахтаи электронӣ, трибунаи электронӣ ҷиҳозонида шудаанд. Инчунин синфхонаи махсусгардонидашуда барои гузаронидани дарсҳои интерактивӣ, маркази инноватсинии ҷавонон фаъолият менамоянд. Инчунин курсҳои сертификатсионӣ дар самти баҳисобгири муҳосибот фаъолият менамояд, ки онро зиёда аз 520 нафр хатм намуда соҳиби сертификат гардидаанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти факултет ин тадқиқотҳои илмӣ мебошад. Ҳайати профессорону омӯзгорони факултет 3 кори илмӣ тадқиқотие, ки аз ҳисоби буҷети давлати маблағгузорӣ шудааст ба итмом расонидаанд: «Инвестиционная политика и проблемы инвестиционного комплекса РТ» (2001-2005, науч. руководитель к.э.н., доц. М.Н.Тошматов), «Управление инвестиционным потенциалом в РТ» (2006-2010, науч. руководитель к.э.н., доц. М.Н.Тошматов) ва «Финансовое обеспечение ускоренного развития национальной экономики РТ» (2009-2013, науч. руководитель к.э.н., доц. А.Р.Хасанов).
Дар айни замон факултет оид ба мавзӯъҳои «Масъалаҳои рушди иқтисоди гузариш дар ҶТ», «Масъалаҳои ташаккул ва инкишофи бозори меҳнат дар ҶТ», «Сиёсати сармоягузори ва ҷалби сармоя дар ҶТ», «Финансовое обеспечение развития экономики и устойчивость государственных финансов РТ», «Управление хозяйственными рисками в промышленных предприятиях РТ», «Бехатарии озуқоворӣ дар ҶТ», «Хусусият, замина, мушкилот ва роҳҳои ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ дар ҶТ» ва ғайра корҳои тадқиқоти бурда шуда истодааст.
Самти муҳими фаъолияти факултет ин иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ мебошад. Ҳайати профессорону омӯзгорони факултет дар барномаҳои Тempus, Erasmus+,CAEP (Central Asia Education Platform), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва GIZ (Олмон) фаъолона иштирок варзида дар тренингу семинарҳо иштирок намуда малака, дониш, касбияти худро такмил медиҳанд. Бо ҳамоҳангсозии профессор М.Н.Тошматов мутобиқи барномаи Тempus 4 лоиҳаи SWAN: Sustainable Water Resources Management татбиқ гардидааст, ки дар натича барномаи магистратура аз рӯи ихтисоси «Экономика и управление водными ресурсами» амали шуда, инчунин Маркази тадқиқотҳои захираҳои обӣ ташкил карда шудааст. Айни замон лоиҳаи MIND: Management Innivation Development дар доираи барномаи Erasmus+ «Баланд бардоштани иқтидори маълумоти олӣ» амали шуда истодааст. Бо дастгирии лоиҳа Маркази инноватсионии ҷавонон бо мақсади омӯзиш ва рушди малакаи соҳибкорӣ ва инноватсонии донишҷӯён ташкил карда шудааст. Марказ бо таҷҳизотҳои муосири электонию таълимӣ ҷиҳозонида шудааст.
Дар ташаккул ва рушди факултет дар солҳои гуногун саҳми деканҳои факултет Негматова Г.Д., Тошматов М.Н., Дарингов К.П., Усмонова Т.Ҷ, Ҳасанов А.Р. ва Сатторов А.А. бузург мебошад. Хусусан саҳми профессор Тошматов М.Н., ки факултетро 13 сол сарвари кардааст назаррас мебошад.
Дар равнақи таълиму тарбия, амали намудани нақшаҳои таълим, таъмин намудани ҷараёни таълим бо маводҳои таълимӣ дар факултет саҳми мудирони кафедраҳо Николаев К, Эргашев А., Мухатбердиев Р., Бобоҷонов Р., Шобеков М., Дарингов К.П., Қиёмиддинов Ҳ., Наҷмиддинов Б., Бегмуродов С., Сангинов С., Сатторов А., Содиқов Р., Додоҷонова Н. ки дар солҳои гуногун вазифаи мудири кафедраро иҷро намудаан арзанда мебошад.
Узви роҳбарикунанда, ташкилкунанда ва ҳамоҳангсози ҳамаи кори факултет деканат мебошад. Вай ҳамчунин - як воситаи пайвасткунанда байни кафедраҳо, ректорат ва тамоми шуъбаҳои Донишгоҳ ва донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Деканат миқдори зиёди корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявиро анҷом медиҳад, банақшагирии дарозмуддат ва ҳозираи корҳоро дар факултет амалӣ мекунад, кори кафедраҳоро ҳамоҳанг мекунад ва инчунин кори Шӯрои олимони факултетро роҳбарӣ мекунад. Кормандони деканат аз болои тайёр намудани донишҷӯён, ҳолати нақшаи таълимӣ ва барномаи корӣ назорат мебаранд. Деканат корҳоро оид ба муайяни намудани идрорпулӣ барои донишҷӯён, тартиб додани ҷадвали машғулиятҳо ва имтиҳонҳо, ташкил ва назорати аз болои фаъолияти КАД ва ғайра мебарад.
Сатторов Абдурасул Абдуғафорович
Декани факултет
Номзади илмҳои иқтисодӣ, (2013)дотсент
Хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз руйи ихтисоси иқтисодчии байналмиллалӣ
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012)
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016)
E-mail: s_rasul3131@mail.ru
тел: (+992 37) 2344987
Султонов Абдураҳмон Неъмонович
Муовини декан оид ба таълим
sultonov.abdurahmon@mail.ru
тел: (+992 37) 2349431
Қаландаров Илҳомиддин Эмомназарович
Муовини декан оид ба илм ва инноватсия
E-mail:K.ilhomjon-84@mail.ru
тел: (+992 37) 2349431
Муродов Зеваршо Талбакович
Муовини декан оид ба тарбия
E-mail:Zevar1995@mail.ru
Тел: (+992 37) 2344987
Иматова Розия Давлатшоевна
котиб - коргузор
E-mail:imtova.roziya@mail.ru
тел: (+992 37) 2349431
Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисонро дар зинаи бакалавриат ва магистратура тайёр карда мешаванд:
Кафедраи назарияи иқтисодӣ ва иқтисодиёти рушд
1-25010104 – иқтисодиёти рушди илмӣ-технологӣ;
1- 25010201 – иқтисодиёти таҳлилӣ.
Кафедраи молия ва қарз:
1-25010410 – менеҷменти молиявӣ
1-25011024- таъмини иттилоотии бизнес
Кафедраи иқтисодиёт ва идора
1-25010711 – иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ;
1-25010707 – идораи лоиҳаҳо.
1-7405010501-идора ва дипломатияи истифодабарии захираҳои оби
Деканати факултети «Иқтисодиёт ва молия» дар давоми соли таҳсили 2017 – 2018 зиёда аз 70 маротиба чорабиниҳои тарбиявӣ, тарғиботӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва илмиро гузаронидааст, ки аз он 6 маротибааш, чорабиниҳои варзишӣ ташкил медиҳад.
Варзиш таҷасумгари саломати ва руҳияи инсон ба ҳисоб рафта барои обу тоби бадан ва саломатии бардавом инсон бояд ба варзиш машғул шавад. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдат, пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон барои дастгирии ҷавонони варзишгари мамлакат, бахшида ба Рузи ҷавонон мусобиқаҳои варзиши байни донишҷӯёни факултетҳо гузаронида шуд ба монанди Футбол, Валейбол, Баскетбол, ва Шохмот ки дар онҷо донишҷӯёни факултети мазкур фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Деканати факултети «Иқтисодиёт ва молия» дар давоми соли таҳсили 2018 – 2019 зиёда аз 70 маротиба чорабиниҳои тарбиявӣ, тарғиботӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва илмиро гузаронидааст, ки аз он 6 маротибааш, чорабиниҳои варзишӣ ташкил медиҳад.
Варзиш таҷасумгари саломати ва руҳияи инсон ба ҳисоб рафта барои обу тоби бадан ва саломатии бардавом инсон бояд ба варзиш машғул шавад. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдат, пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон барои дастгирии ҷавонони варзишгари мамлакат, бахшида ба Рузи ҷавонон мусобиқаҳои варзиши байни донишҷӯёни факултетҳо гузаронида шуд ба монанди Футбол, Валейбол, Баскетбол, ва Шохмот ки дар онҷо донишҷӯёни факултети мазкур фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Хатмкардагони факултети иқтисодиёт ва молия дар муассисаҳои бонуфузи кишвар ба монанди Вазорати молияви Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК “Ориёнбонк”, “Амонатбонк”, “Бонки Эсхатта”, “Комерсбонк”, ТАҚХ “Хумо”, “Имон Интернейшнл” ва дигар бонкҳои байналмилалию минтакавӣ фаъолият менамоянд.
Дар соли таҳсили 2018 – 2019 аз ҷониби Факултети Иқтисодиёт ва молия, дар якҷоягӣ бо Департаменти тарбияи Донишгоҳ, як қатор чорабиниҳо, шанбегиҳо, намоишҳои илмию амалӣ, конфронсҳо ва дигар ҷашнвораҳои чи дохилидонишгоҳӣ ва чи умуми ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо донишҷӯёни факултети молия ва қарз фаъолона иштирок намуданд.
Дар санаи 14.04.2019с. кормандон ва донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва молия, дар боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ дар ҳаммоиши “Сайри гули лола” иштирок намуданд.
Дар санаи 04.05.2019с. донишҷӯ–духтарони факултети иқтисодиёт ва молия, дар боғи Нишони шаҳри Душанбе, дар чорабинии “Сад ранги чакан” иштирок намуданд.
Дар санаи 19.05.2019с. як гурӯҳ донишҷӯён ва кормандону устодони факултет, дар чорабинии “Дави миллӣ”, ки бо ташабусси ҳукумати маҳаллии шаҳри Душанбе баргузор гардида буд иштирок намуда, аз давраи Товус то Наврӯзгоҳи пойтахт дав анҷом доданд.
Дар санаи 02.10.2018с. дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати ҳакамон аз Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҶТ “Озмуни донишҷӯ – духтари ҳунарманд” гузаронида шуд, ки дар чорабинии мазкур донишҷӯи курси чоруми факултет Шабнами Қудрат иштироки фаъолона намуд.
Рӯзи байналмилалии нобиноён дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳ бо баргузории як консерти фарҳангӣ – фароғатӣ, дар санаи 26.10.2018с. баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва кормандони факултет иштирок намуданд.
Дар санаи 24.11.2018с. донишҷӯёни ФММ ва И дар якҷоягӣ бо омӯзгорону дигар кормандони факултет дар чорабинии умумиҷумҳуриявии «Рӯзи парчами миллӣ» фаъолона ширкат варзиданд.
Дар таърихи 30.01.2018с. бошад донишҷӯёни мо дар маъракаи умумиҷумҳуриявии «Ҷашни Сада» иштирок намуда, маҳсулотҳои хусусию миллии худро ба намоиш гузоштанд.
Ҳамин тариқ факултети иқтисодиёт ва молия, дар давоми соли таҳсили 2018 – 2019, тибқи нақша – чорабиниҳои муайян, дар зиёда аз 400 ҷамъомаду чорабиниҳо, семинару конфронсҳо ва вохӯриву ҳаммоишҳо иштирок намуда, дар ҳама самтҳои сиёсиву иҷтимоии мамлакат саҳми худро гузоштааст.
Хатмкунандагони соли 2016 аз руи ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ дар ҳузури мудири кафеда н.и.и Додоҷонова Н.М. ва и.в. проф. Шобеков М.Ш.
ХАТМКУНАНДАГОНИ МУВАФФАҚ
№ |
Ном ва насаб |
Соли хатм |
Чойи кори ҳозира |
1. |
Мирзораҳимов Н.Т. |
2009 |
Мутахассиси пешбар дар ҶСК «Ориёнбонк» |
2. |
Додоҷонов А.Р. |
2009 |
Корманди БДА ҶТ «Амонатбонк» |
3. |
Абдуллоев А.О. |
2009 |
Муҳосиб дар Кимуникс Интернешнл |
4. |
Тоҷиддинова М. |
2009 |
Мутахассиси пешбар дар ҶСК «Ориёнбонк» |
5. |
Назаров И.О. |
2009 |
Директори «Тоҷиккристал» |
6. |
Шокаримов Б.И. |
2009 |
Ассистенти кафедраи молия ва қарзи ДТТ |
7. |
Қодиров А.Т. |
2009 |
Менеҷери ҶММ Авто Тоҷикистон |
8. |
Охунов Д.И. |
Коршиноси қарзии пешбар ҶСК “Бонки Эсхата” |
|
9. |
Султонов А.Н. |
2011 |
Ассистенти кафедраи молия ва қарзи ДТТ |
10. |
Зокиров Ф.И. |
2011 |
Сардори Маркази хизматрасонии бонкии ҶСК “Бонки Эсхата” дар маҳаллаи 82-юми ш. Душанбе |
11. |
Абдуллоев И.М. |
2011 |
Сардори Маркази хизматрасонии бонкии ҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Исфара |
12. |
Шоимов А.Б. |
2011 |
Мутахассиси шуъбаи қарзии ҶСП “Аксесбонк Тоҷикистон” |
13. |
Абдуллоев Д.Т. |
2012 |
Менеҷери минтақавӣ оид ба идораи хавфҳо дар ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл» дар ш. Душанбе |
14. |
Бегмуродов С.Ш. |
н.и.и., мудири кафедраи менеҷменти инвеститсионӣ ва маркетинг ДТТ |
|
15. |
Нарзуллоев Н.Н. |
2013 |
Сардори Маркази хизматрасонии бонкии ҶСК “Бонки Эсхата” дар бозори Султони Кабир |
16. |
Абдулназаров У.Б. |
2013 |
Менеҷери минтақавии ҶСК “Бонки Эсхата” дар ш. Душанбе |
17. |
Хуҷов Т.М. |
2013 |
Мутахассис оид ба қарзҳои мушкилситон дар ҶСК “Бонки Эсхата” |
18. |
Атоев А.А. |
2013 |
Нозири қарзӣ дар ҶСК “Бонки Эсхата” дар ноҳияи Рўдакӣ |
19. |
Раҳимов Ф.О. |
2013 |
Мутахассиси ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл» дар ш. Душанбе |
20. |
Табаров Ф.О. |
2013 |
Сардори Маркази хизматрасонии бонкии ҶСК “Бонки Эсхата” дар ноҳияи Ҳисор |
21. |
Шабнами А. |
Доктори PHD дар ДТТ |
|
22. |
Тоиров Ғ.А. |
2014 |
Сармутахассиси шуъбаи кадрҳои ноҳияи Сино |
23. |
Ҳасанов А.Б. |
2014 |
Корманди шуъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Сино |
24. |
Маъруфҷони Садрудин |
2014 |
Ассистенти кафедраи молия ва қарзи ДТТ |
25. |
Авғонов Н.А. |
2014 |
Ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ ва иқтисодиёти рушди ДТТ |
26. |
Шукуров Н.Ш. |
2016 |
Ассистенти кафедраи молия ва қарзи ДТТ |
27. |
Қурбонов Ф.О. |
2016 |
Сардори шўъбаи пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ дар филиали БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Душанбе |
28. |
Ғоибов А.С. |
2016 |
Эксперти қарзӣ дар филиали ҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Душанбе |
29. |
Маҳмадаминов Ф.Р. |
2016 |
Нозири назорати Раёсати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудити Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
30. |
Мирзоев Ш.Т. |
2013 |
Сардори шӯъбаи таълими ДТТ |
31. |
Қличев З.Р. |
2016 |
Мутахассиси шӯъбаи стандартҳо ва барномаҳои таълимии ДТТ |
32. |
Арбобов С.С. |
2013 |
Главний специалист учебного отделаТУТ |
33. |
Мастонова Н.Т. |
2015 |
Статистик учебного отдела ТУТ |
- Маълумоти асосӣ
- Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
- Чорабиниҳо
- Маводҳои таълимӣ
- Фотогалерия
- Ҳисоботҳо
- Мақолаҳо
- Маводҳои тарғиботӣ
Маълумотнома дар бораи озоишгоҳи иқтисодӣ оид ба рушди соҳибкории саноатӣ, ки дар доираи амалигардонии лоиҳаи лоиҳаи “MIETC - Таҳияи барномаи магистрӣ оид ба идоракунии соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои дар давраи гузариш”- и барномаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шудааст.
Мақсади асосии лоиҳа
тақвият додани тавонмандии илмии мактабҳои олӣ дар соҳибкории саноатӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути таҳия ва амалигардонии барномаи магистрии байнисоҳавӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои устувор байни донишгоҳҳои ҳамшарик ва бозори меҳнат ба шумор меравад.
Озмоишгоҳи мазкур натиҷаи амалӣ аз татбиқи лоиҳа ба шумор рафта, он дар партави сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкиистон оид ба рушди соҳибкорӣ ва ташаббуси Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди сохибкории саноатӣ тариқи тақвият ва такмил додани барномаҳои таълимӣ ва дар ин асос тайёр намудани мутахассиссони соҳавии дорои қобилият ва малакаҳои соҳибкорӣ, ташкил ёфтааст.
Мақсадҳои асосии озмоишгоҳ:
Озмоишгоҳ бояд мусоидат намояд:
- ба фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди фазои соҳибкории саноатӣ;
- ба ташаккул додани заминаҳои рушди соҳибкории саноатӣ;
- ба мутобиқгардонии системаи таҳсилоти олии кишвар ба таълимоти касбии ба соҳибкории саноатӣ нигаронидашуда;
- ба такмил додани заминаҳо оид ба рушди соҳибкории эҷодӣ;
- ба татбиқ ва рушди технологияҳо ва моделҳои муосир дар соҳибкории саноатӣ;
- ба гузаронидани тадқиқотҳои илмиасос оид ба рушди соҳибкорӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба рушди соҳибкории саноатӣ дар шароити гузариш ва татбиқи иқтисодиёти рақамӣ;
- ба роҳандозии системаҳо ва технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим ва тадқиқотҳо.
Вазифаҳои озмоишгоҳ:
Озмоишгоҳ бояд вазифаҳои зеринро иҷро намояд:
- ташхис ва таҳлили контенти барномаҳои таълимии тамоми ихтисосҳо оид ба мутобиқат ба таҳвили малакаҳои соҳибкорӣ;
- гузаронидани экспертизаи фазои мусоиди соҳибкорӣ бо ҷалби донишҷуён ва омӯзгорон;
- макаммал намудани доираи ва салоҳиятҳои касбии ихтисосӣ дар вобастагӣ бо малакаҳои соҳибкорӣ;
- гузаронидани чорабиниҳои гуногуни илмию таълимӣ оид ба рушди соҳибкории саноатӣ;
- барқарор намудани алоқа байни корхонаҳои саноатӣ ва донишгоҳ дар самти рушди соҳибкории гуногунҷабҳа;
- ташкил намудани маҳфилҳо ва чорабиниҳои гуногун оид ба самтҳои нави соҳибкорӣ аз ҷумла соҳибкории технологӣ;
- роҳандозӣ намудани технологияҳои инноватсионии таълимӣ, аз ҷумла моделҳои маҷозии таълимӣ оид ба рушди соҳибкории эҷодӣ ва саноатӣ;
- мусоидат намудан дар таҳияи маводҳои таълимӣ барои фанҳои ихтисосӣ бо истифода аз технологияҳои интерактивии таълимӣ ва иттилоотӣ;
- мусоидат намудан дар тиҷоратикунонии дастовардҳои илмии соҳавӣ;
Муҷаҳҳазоти озмоишгоҳ:
- Таҷҳизоти видеоконфронсии тамғаи Logitech ConferenceCam Rally Plus Ultra HD (960-001224):
- Веб-камера бо иқтидори 3840 x 2160 пиксел;
- Микрофони беруна бо қобилияти муайянкунии автоматии сарчашмаи садо, пайгирӣ ба шахс, воситаи механикии пайгирикунанда.
- Принтери тамғаи HP LaserJet Pro 400 MFP M425dn (Print, copy, scan, fax, walk-up USB, Standard (built-in Gigabit Ethernet), 3.5" (8.89 cm) touchscreen control panel, CGD (Color Graphic Display)
- Телевизори тамғаи TV LED SAMSUNG Full HD ‘43 1080P
- Мизу курсиҳои трансформерӣ барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун барои 12 нафар
- Чевон барои китоб ва маводҳои таълимӣ
- Флипп чарт барои намоиши нақшаҳо ва ангораҳо
- Роллап барои ҷойгир намудани баннерҳои иттилоотӣ
Аксҳо аз озмоишгоҳ: