Факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ – яке аз факултетҳои тозатаъсиси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар давоми мавҷудияти худ мутахассисони соҳаи телекоммуникатсия, менеҷменти энергетикӣ, таълимоти касбӣ ва кормандони техникии ширкатҳои мобилиро барои таъминоти эҳтиёҷоти кишварамон тайёр карда истодааст.

Факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ тибқи қарори Шўрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ( суратмаҷлиси №1 аз 13.09.2011) ҳамчун факултети муштараки тоҷикӣ–россиягӣ “Технологияҳои соҳавӣ ва идораи инноватсияҳо” таъсис дода шуда, аз 1-уми сентябри соли 2012 ба фаъолият шурўъ намуд, ки роҳбарии факултетро доктори илмҳои техникӣ, и.в. профессор Юсупов Шаъбонӣ Тағоевич ба уҳда дошт.

Аз санаи 01.11.2013 то моҳи январи соли 2014 вобаста ба тағйиротҳои кадрӣ дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ҷузъҳои таркибии он Директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб доктори илмҳои техникӣ, профессор Иброгимов Холназар Исломович бо тариқи гузариш роҳбари нави факултет таъин гардид. Баъд аз ба вазифаи дигар гузаштани профессор Иброҳимов Х. И.  аз моҳи январи соли 2014 вазифаи декании факултет ба зиммаи н.и.т., дотсент Самиев Қутбиддин Абдулҳаевич аз моҳи сентябри соли 2014 вазифаи декании факултет ба зиммаи номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Насриддинов Мирзомудин Шамсудинович вогузор гардид.

Мувофиқи қарори Шўрои олимони донишгоҳ (Суратҷаласаи №3 аз 24 октябри соли соли 2016) дар пояи факултети муштараки тоҷикӣ–россиягӣ «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ, дизайни компютерӣ ва таълимоти касбӣ» факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ таъсис дода шуда, ин қарор бо фармоиши ректори донишгоҳ №87/У аз 31 октябри соли 2016 тасдиқ карда шуд

Аз 2 феврали соли 2019 ба вазифаи декани факултет номзади илмҳои физика-математика, дотсент Зарифбеков Мародбек Ширинбекович таъйин гардид.

 

 

Озодбекова Наҷмия Бекназаровна

Декани факултет

Номзади илмҳои физикаю математика, и.в. дотсент

E – mail: najmi8585@mail.ru

 

 

 

 

 

Имрӯз факултет омодасозии мутахассисони соҳаи телекоммуникатсия, менеҷменти энергетикӣ, таълимоти касбӣ ва кормандони техникии ширкатҳои мобилиро аз рӯи 6 ихтисос ба роҳ мондааст. Факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ ҳамчун зерсохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рўи ихтисосҳои  дар тайёр намудани мутахассисон саҳмгузорӣ менамояд:

1-0801010701 – Таълимоти касбӣ(информатика). Система ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, системаҳои мобилӣ, алоқаи маҳворавӣ ва радиотехника;

1-0801010702 – Таълимоти касбӣ (информатика). Дизайни компютерӣ, технологияҳои интернет ва мултимедия;

1-0801011001 – Таълимоти касбӣ (дизайн). Тарҳрезии услуби инсон ва муҳити зист;

1-0801011101 – Таълимоти касбӣ (саноати сабук). Технологияи саноати нассоҷӣ ва саноати сабук;

1-43010601 – Технологияи энергияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ;

1-45010301 – Шабакаҳои телекоммуникатсионӣ фаъолият менамояд.

Деканати факултети «телекоммуникатсия ва таълимоти касбї» дар давоми соли таҳсили  2019 зиёда аз 82 маротиба чорабиниҳои тарбиявӣ, тарғиботӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва илмиро гузаронидааст, ки аз он 8 маротибааш, чорабиниҳои варзишӣ ташкил медиҳад.

Варзиш таҷасумгари саломати ва руҳияи инсон ба ҳисоб рафта барои обу тоби бадан ва саломатии бардавом инсон бояд ба варзиш машғул шавад. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдат, пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон барои дастгирии ҷавонони варзишгари мамлакат, бахшида ба Рузи ҷавонон мусобиқаҳои варзиши байни донишҷӯёни факултетҳо гузаронида шуд ба монанди Футбол, Валейбол, Баскетбол, ва Шохмот ки дар онҷо донишҷӯёни факултети мазкур фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Аз намуди бозиҳои Футбол дар байни факултетҳои донишгоҳ ҷой 2-юм-ро сазовор гаштем.

Аз намуди Баскетбол бошад  факултет дар байни дигар факултетҳои ДТТ сазовори ҷой 1-кум-ро  соҳиб  гардид.

 

Аз намуди Валейбол бошад таи се соли охир аст, ки  факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ сазовори ҷойи  аввал мегардад ин боиси хушҳоллии  ҳайати кормандон ва донишҷўёни факултет мебошад.

Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдат, пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон барои дастгирии ҷавонони варзишгари мамлакат, бахшида ба Рузи ҷавонон мусобиқаҳои варзиши байни донишҷӯёни факултетҳо гузаронида шуд. Донишљўёни факултет њамеша дар самти варзиш фаъол мебошанд ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои муазами милатро дасгири менамоянд.

Дастаи баскетболбозони факултет соли 2018 дар мусобиқаҳои дохилидонишгоҳи сазовори ҷойи 2-юм гаштанд.

Дастаи волейболбозони факултет соли 2018 дар мусобиқаҳои дохилидонишгоҳи сазовори ҷойи 1-ум гаштанд.

СОХТОРИ ТАШКИЛИИ ФАКУЛТЕТИ ТЕЛЕКОММУНИКАТСИЯ ВА ТАЪЛИМОТИ КАСБӢ

Донишҷӯёни факултети Телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ дар корхонаҳои зерин таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ гузашта, аз озмоишгоҳҳои онҳо дар дарсҳои амалӣ истифода бурда метавонанд. Инчунин баъди хатми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон донишҷӯёни факултет дар ин корхонаӽо кор ва фаъолият карда истодаанд.

ҶСК «Шабакаӽои барқии шаӽри Душанбе»

Ширкати мобилии «Tcell»

Ширкати мобилии «Мегафон Тоҷикистон»

Санаи 05 04.2019 дар толори маҷлисгоҳи ДТТ бо ҳуқуқ шиноси вазорати саноат вохӯри дар мавзӯъи танзим ва ҷашну маросимҳо гузаронида шуд.

Санаи 08.05.2019 дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳ чорабинии фарҳанги бахшида ба рӯзи ЧБВ яъне иди ғалаба баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳташам кормандон ва донишҷӯёни факултет бо як руҳияи баланди ватандори ва хештан шиноси иштироки фаъол намуданд

Дар озмуни баргузор гардида донишҷӯи  курси 2-юми факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ Алиев Рустам сазовори ҷои якум гардид ва аз ҷониби ректори донишгоҳ бо туфаҳо қадуодони карда шуд.

23- апрели соли 2019 дар ДТТ озмуни ихтирокорони ҷавон баргузор гардид. Дар ин озмун намояндагони вазорати маориф ва илми ЧТ, намояндаи вазорати сановт ва технологияҳои нави ЧТ иштирок намуданд.

 

01.05.2019 дар толори ДТТ  бо донишҷӯёне, ки тариқи «квотаи Президенти» таҳсил мекунанд вохури гузаронида шуд.

 

26 марти соли 2019 дар толори ДТТ вохури бо кормандони ВКД ва валантиёрони ҷавони вазорат суханрони намуданд, донишҷӯёни ФТ ва ТК иштироки фаъол намуданд.

24.04.2019 дар зали донишгоҳ рузи забони русси гузаронида шуд. Дар ин чорабини омузгорони кафедрои забони руси иштирок ва суханрони намуданд.

 

Санаи 06.04.2019 дар донишгоҳ корҳои ободони ва бунёдкори гузаронида шуд ва кормандони факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ иштиоок намуданд.

Дар маҳфил низ байни донишҷӯён шерхониҳам сароида шу два донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-0801010702р Лайлои Боймурод иштирок намуданд.

Санаи 30 марти соли 2019 дар донишгоҳ  олиҳаи беҳтарин байни дониҷӯ духтарон баргузоргарди, ки дарин чорабини донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-0801010701р Мусоева Ёсуман иштирок намуда ва аз ҷониби аъзоёни ин маъфил, ки бевосита онро раиси  занони ҷумҳури сарпарасти менамуданд сазовори ҷои якум гардид.

Дар санаи 30 марти соли 2019 дар донишгоҳ иди милии тоҷикон «Наврӯз» баргузор гардид. Дар ин ҷашни милли донишҷӯён ва кормандони факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ иштирок намуда ва дар байни арусони сол ҷойи якумро факултет сазовор гашт.

Санаи 25.01.2019 дар толорӣ шурои олимони ДТТ конфренсии илмию амали ҷумҳурияаӣ дар мавзӯъӣ «Масъалаҳои забоншиноси иттилоотӣ, технологияҳои иноватсиони» баргузор гардид.

 

Доир ба ин мавзӯъ  номзади илмҳои фалсафа дотсент мудири кафедраи  фалсафа И.Шарифзода баромад намуданд. Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд