Факултети “Технология ва дизайн” собиқ факултети “Саноати сабук”, соли 1990 дар як вақт бо таъсис ёфтани донишгоҳ (он вақт Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон) ташкил шудааст. Баъдан он дар ҳайати факултети “Муҳандисӣ-технологӣ” фаъолият мебурд. Бо фармони ректор №69 аз 5.09.2003 с. аз нав ба сохтори мустақили донишгоҳ табдил дода шуд. Аз 02 феврали соли 2014 сарварии факултетро мутахассиси соҳаи коркарди маснуоти нассоҷӣ ва ашё, доктори илмҳои техникӣ, профессор Иброҳимов Холназар Исломович, аз 01. 12.2021 муовини декан оид ба таълим, номзади илмҳои техникӣ Набиев Абдуғафор Ғиёсович, аз 01. 12.2021. муовини декан оид ба илм ва иноватсия Назарова Анушабону Хайруллоевна, муовини декан оид ба тарбия Абдуллоев Субҳон, котиб – коргузор Азимова Ф, танзимгари факултет Абдуллоева Фотима фаъолият менамоянд. Шумораи донишҷӯёни факултет имрӯз 348 нафарро ташкил мекунад. Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бо мутахассисони варзидаи соҳаи саноати сабук таъмин намудани корхонаҳои соҳавии мамлакат, садорати факултети “Технология ва дизайн” дар асоси иҷозатномаи нави Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти АУ№0001646 аз 07.07.2014 мутахассисонро аз руи ихтисосҳои зерин тайёр менамояд:
1-19 01 01 05 – «Дизайни костюм ва газвор»;
1-19 01 01 02 02 – “Дизайни интерер”
1-50 01 01 01 - «Ресидани нахҳои табиӣ»;
1-50 01 01 07 - «Лоиҳакашии ороиши матоъҳои нассоҷӣ»;
1-50010108 - «Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти нахҳои табиӣ”;
1-50010109 – “Технологияи маснуоти нассоҷӣ”
1-50 01 02 - «Тарҳрезӣ ва технологияи маснуоти дӯзандагӣ»;
1-54 01 0104 - «Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати сабук)».
Сохтори факултет аз се кафедра иборат аст:
- Технологияи маснуоти нассоҷӣ – мудири кафедра н.и.т., и.в., дот. Ҷалилов Фирӯз Раҷабалиевич.
Кафедраи технологияи маснуоти нассоҷӣ барои гузаронидани машғулиятҳои фанҳои тахассусӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва роҳбарии корҳои курсию лоиҳаҳои дипломӣ барои ихтисосҳои 1-50 01 01 01 - «Ресидани нахҳои табиӣ», 1-50010108 –технологияи коркарди нахҳои нассоҷӣ ва 1-54010104 – метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати сабук) масъул аст. Мудири кафедра номзади имҳои техникӣ, хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Ҷалилов Ф.Р. мебошад. Дар кафедраи мазкур доктори илмҳои техникӣ профессор Ишматов Аскаралӣ Бозорович, доктори илмҳои техникӣ профессор Иброгимов Холназар Исломович, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Яминзода Заррина Акрам ва омӯзгорони собиқадор ва мутахассисони ҷавон дарс меомӯзанд. Саноати нассоҷии ватанӣ, ки қаблан соҳаи пешбари хоҷагии халқи мамлакат буду имрӯз дар рушд аст, ба миқдори зиёди муҳандисон-технологҳои дараҷаи касбиашон баланд ниёз дорад. ФТваД, ки бо тайёр намудани бакалаврҳо (кадрҳои муҳандисӣ) барои соҳа машғул аст, дар ҳалли ин масъалаи таъхирнопазир саҳм мегузорад.
Бакалаврҳои (муҳандисони) саноати нассоҷӣ бояд дар самтҳои тарҳрезии ресмонҳо ва матоъҳои таъиноташон гуногун, истеҳсоли онҳо дар шароити саноати муосир, тарҳрезӣ намудани фабрикаҳои нассоҷии бунёдшаванда, такмил додани истеҳсолоти мавҷуда ва ташкили истеҳсолоту меҳнат соҳибмалака бошанд. Машғулиятҳо дар озмоишгоҳи технология ва масолеҳшиносии нассоҷӣ, ки бо асбобҳои санҷишию дастгоҳҳои истеҳсолӣ таҷҳизонида шудаанд, мегузаранд. Таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ва қисман машғулиятҳои амалию озмоишӣ аз фанҳои тахассусӣ дар ҶММИИ «Нассоҷи тоҷик», ки дар пойтахт калонтарин корхонаи нассоҷӣ ба ҳисоб меравад ва корхонаи Ваҳдат- текстайл гузаронида мешаванд.
Кафедраҳои факултет дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо корхонаҳои саноатии ҶТ, аз ҷумла бо ҶММ “Истиқлол” ш. Ҳисор, ҶММ “Хима-Текстил”, ҶММ “Рамзи Аминҷон”, ҶММ ИТС НФР “Катон”-и н. Ёвон, ҶММ “Ҳосилот” н. Рӯдакӣ, ҶММ “Дунёи Нав” коргоҳи истеҳсолӣ-и ш. Душанбе корхонаҳои дӯзандагии “Гулистон”, Ёқут, Суман, шартномаҳои тарафайнро ба имзо расонидааст.
- Кафедраи “Дизайни либос ва санъати мӯд” – мудири кафедра н.и.таъ., и.в.,дотс. Соҳибназаров М. Солҳои зиёде роҳбарии кафедраро рассоми халқии Тоҷикистон, профессор Зуҳуриддинов ба ӯҳда дошт.
Дизайни либос ва санъати мӯд аз соли 1991 фаъолият дошта, масъули ташкили раванди таълим барои ихтисосҳои 1-50 01 02 ва 1-19 01 01 05 мебошад. Дар ҳайати кафедра номзади илми санъатшиносӣ, профессор, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон марҳум Муродов Рауф Муродович, солҳои зиёд фаъолият намуданд, номзади илми меъморӣ, дотсент Ғанизода Ҷамшеди Сиҷоат ва н. илмҳои санъатшиносӣ Умарова Г.А., дар якҷоягӣ бо дигар омӯзгорони собиқадор ва мутахассисони ҷавон дар тайёр кардани дизайнерон ва тарроҳон барои хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд. Айни ҳол бошад дар кафедраи “Дизайни либос ва санъати мӯд” муаллими калон, номзади илмҳои таърих- Содиқова С.А, муаллими калон, номзади илмҳои таърих Сафарова З.Н, муаллими калон, номзади илмҳои техникӣ- Олимбойзода П.А кору фаъолият менамоянд.
Хатмкардагони ихтисоси 1-50 01 02 – Тарҳрезӣ ва технологияи маснуоти дӯзандагӣ соҳиби дараҷаи касбии бакалаври истеҳсолоти дӯзандагӣ мегарданд ва хатмкунандагони ихтисоси 1-19 01 01 05 – Дизайни сару либос ва газвор ба дараҷаи касбии бакалаври соҳаи дизайн соҳиб мегарданд. Тадриси фанҳои тахассусӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои номбурда дар синфхонаҳои махсусгардонидашуда – студияҳои таърихи санъат, қаламқашӣ, рангкашӣ, дизайн, инчунин озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ-истеҳсолии дӯзандагӣ сурат мегирад. Дар давоми таҳсил онҳо қоидаю усулҳои таҳияи тамсилаҳои (моделҳои) нави асосашон таърихӣ, анъанавӣ ва муосир, шаклбурӣ (пора) намудани масолеҳ барои либоси шакл ва андозааш гуногун, дар шароитҳои хонаю ателйе (ба таври супоришӣ) ва саноатӣ (бисёрададӣ) дӯхтани онҳоро меомӯзанд.
Дастовардҳои факултет
Факултети мазкур тули чанд солаи фаъолияташ ба дастовардҳои намоёне сазовор шудааст, аз чумла дар ҷодаи таълим, тарбия, илм ва инноватсия. Пас аз ҳар як нимсолаи таҳсил дар сатҳи факултет намоиши корҳои семестрӣ баргузор карда шуда, аз рӯи натиҷаи он ба малакаи касбии донишҷӯён баҳои воқеӣ гузошта мешавад. Ҳар ду-се моҳ дар толори асосии донишгоҳ намоиши сару либос аз ҷониби донишҷӯёни ихтисосҳои марбут ба кафедраи “Дизайни либос ва санъати мӯд” баргузор мегардад. Бахусус ҷараёни ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ ва корҳои ниҳоии хатмкунандагон басо дилангез сурат мегирад. Донишҷӯёни алоҳида бо сарварии ҳайати омӯзгорони факултет ҳанӯз дар рафти таҳсил ба таври фардӣ берун аз донишгоҳ намоишҳои эҷодӣ доир менамоянд ва ба ин васила донишҷӯ малакаи соҳибгаштаи худро тарғиб мекунанд. Теъдоди зиёди хатмкардагони факултети мазкур имрӯзҳо ба ҳайси дизайнер ва моделер, муҳандис-технолог, метролог дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он шӯҳрат пайдо кардаанд. Фаъолияти инноватсионии омӯзгорони факултет нисбати таҳияи муаррифномаҳо аз фанҳои таълимӣ, татбиқ ва истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ дар ҷараёни таълим, аниматсияи ҷараёни технологии таҷҳизотҳои коркарди маҳсулот шакли электронии курси лексияҳои фанҳо, силлабус аз ҳар як фанни таълимӣ, слайдҳо барои мавзӯъҳои лексионӣ, дастуру супоришҳои таҳияшуда барои иҷрои корҳои мустақилонаи семестрӣ мавҷуд аст ва ғайр аз он тамоми маводҳои мавҷуда дар компютери факултет ҷамъоварӣ карда шуда, барои дастраси донишҷӯён гардонидан монеае эҷод намекунад.
Барои гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ синфхонаҳои махсусгардонидашуда бо тахтаи интерактивӣ, проектор, ТВ ва DVD таъминанд. Барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ бошад, садорати факултет дар якҷоягӣ бо райёсати донишгоҳ дар истеҳсолотҳои ватанию-хориҷие, ки дар кишвари маҳбубумамон фаъолият доранд, шартномаи тарафайн баста донишҷӯён дар як маврид таҳти роҳбарии омӯзгорони мутасаддишуда машғулиятҳоро мегузаронанд. Ҳамчунин барои баргузор намудани машғулиятҳои фанҳои «Қаламкашӣ» ва «Рангакашӣ» аудиторияҳои алоҳидаи 3/201 ва 3/204 махсус гардонидашуда шудаанд.
ИШТИРОК ВА ДАСТОВАРДҲОИ ОМУЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТ ДАР КОНФРОНСҲО, СИМПОЗИУМҲО, СЕМИНАРҲО ВА ОЗМУНХО
Омӯзгорони факултет бо маърӯзаҳои илмӣ, ихтироотҳои худ дар маъракаҳои зерини илмӣ-амалӣ ширкат варзида ба якчанд дастовардҳо ноил гардидаанд:
Иброгимов Х.И.
1. Медали тиллоии Созмони байналмиллалии моликияти зеҳнӣ (ВОИС) ва ихтирокори беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2019.
2. Дорандаи ҷоизаи ба номи академик С.Умаров дар соҳаи илм (2016).
3. Ифтихонамаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони Президенти ҶТ аз 23 июли соли 2021,№213
4. Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илмӣ ҶТ
5. Дорандаи ҷоизаи АМИҶТ оид ба ихтирокорӣ -2019
Яминзода З.А.
1. Ҷоизаи давлатии ба номи И. Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи техника ва технология (2019);
2. Медали тиллоии В.И. Блинников барои саҳми худ дар фаъолияти ихтироъкорӣ аз ҷониби Муассисаи патентии Авруосиёгӣ (Медали №081 аз апрел соли 2019);
3. Медали нуқра KIWIE-2016 (Кореяи Ҷануби);
4. Дипломи дараҷаи 1 Вазорати маориф ва илми ҶТ байни ихтироъкорони ҷавони ҷумҳурӣ “Навовари беҳтарин-2014”;
5. Дипломи дараҷаи II дар озмуни “Беҳтарин кори илмӣ” дар бахши техникӣ. 2017. ш. Прага, Ҷумҳурии Чехия
6. Ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон .

Декани Факултети технология ва дизайн Маълумотномаи Иброгимов Холназар Исломович

Иброгимов Холназар  Исломович

н.и.т.  (2004), дотсент (2008), доктори илмҳои техникӣ (2010), , и.в. профессор (аз 2011) 

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

E-mail:kholms78@list.ru

Тел: +(992) 987829671,  (8-37) 2-345689

 

 

 

Муовини декан оид ба таълим

Набиев Абдуғаффор Ғиёсович,

к.т.н.

E-mail:nagz66@mail.ru

Тел: (+992) 918625393

 

 

 

 

 

 

Ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсия

Назарова Анушабону Хайруллоевна

E-mail: anushabonu55@gmail.com

Тел: +992 558 88 76 88

 

 

 

Факултети технология ва дизайн аз рўи равия ва ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр мекунад:

 1-19 01 01 05 – «Дизайни костюм ва газвор»;
 1-1901010501-«Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ»
 1-1901010504 - «Дизайни маҳсулоти бофандагӣ»
 1-50 01 01- «Технологияи ресмонҳо, матоъҳо, масолеҳи кешбофт ва бебофт»
 1-50 01 01 01 - «Ресидани нахҳои табиӣ»;
 1-50 01 01 04 - «Технологияи матоъҳо»;
 1-50 01 01 05 - «Технологияи трикотаж»;
 1-50 01 01 07 - «Лоиҳакашии ороиши матоъҳои нассоҷӣ»;
 1-50010108 - «Технология Ва таҷҳизоти истеҳсолоти нахҳои табиӣ”;
 150010109 – “Технологияи маснуоти нассоҷӣ”
 1-50 01 02 01 - «Технологияи маснуоти дӯзандагӣ»;
 1-50 01 02 02 - «Тарҳерезии маснуоти дӯзандагӣ»;
 1-54 01 0104 - «Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати сабук)».

Санаи 05 2018, соати 08: 00   бахшида ба “Дави  Миллӣ”  дар  н.Сино, назди муҷассамаи “Товус” бозињои варзишӣ аз қабили: “Волесипедронӣ” баргузор  гардид,  ки  дар  он ҷо  ду нафар донишҷўписарони  бахши 1-ум   ширкат варзида сазовори      ҷойи  3-юм  гаштанд.

Бахшида ба “Рўзи Президент”, санаи 14.11.2016, соати  13:30  намуди бозиҳои варзишӣ байни факултетҳои донишгоҳ гузаронида шуд. Факултети мазкур бо  номи дастаи  “Дизайн”     бо факултети менеҷменти  байналмилалӣ ва инвеститсионӣ  бо номи дастаи  “Санам”  валейбол, футбол бозӣ намуданд.

 

Донишҷӯёни факултет дар корхонаҳои зерин таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ гузашта,аз озмоишгоҳҳои онҳо дар дарсҳои амалӣ истифода бурда метавонанд. Инчунин баъди хатми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ин корхонаҳо ба кор рафта метавонанд.

ҶСК ПО “Нассочии Точик”

ш.Душанбе

Суроға. куч.С.Шерози, 6

Телефон (992 37) 221 36 73

Факс (992 37) 221 33 55

E-mail anvar_text@tajnet.tj

Веб-сайт www.textil.tj

Директор Анвар Курбонов

 


ҶСП “Гулистон”

ш.Душанбе

Суроға куч. Техрон, 21

Телефон (992 37) 227 56 83

Факс (992 37) 227 56 83

E-mail: info@guliston.tj

Веб-сайт www.guliston.tj

Директор Дилшод Бегов

 

 

 


ҶСК “Кулоб Текстайл”

ш.Душанбе

Суроға  Шохтемур

 Телефон (992 338) 72 60 37

 Факс (992 37) 222 10 01

 Эл.-почта siic_somonien@mail.ru

 Директор Хабибулло Джураев


Ресандаи Кургон-Теппа

ш.Қурғонтеппа

Суроға куч. Айни, 2 а

Телефон (992 3222) 2 73 64

Факс (992 3222) 2 73 63

Веб-сайт www.resanda.tj

 Директор Нусратулло Файзуллоев


ҶСК “Ёкут - 2000”

ш.Душанбе

Суроға куч. Валаматзаде, 52

Телефон (992 37) 221 87 95

Факс (992 37) 221 48 06

Эл.-почта interservice@inbox.ru

Веб-сайт www.yoqut2000.tj

Директор Абдухалим Кадыров


ҶСП“Олим Текстиль”

ш.Душанбе

Суроға куч. Шотемура, 36

Телефон (992 37) 223 42 42

Факс (992 37) 251 01 89

E-mail: olimtextile@mail.ru

Веб-сайт www.olimtextile.com

Директор Валичон Набиев

Корҳои тарбиявӣ ба иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷа дар раванди иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми ҳамасола зимни суханронӣ бахшида ба Рўзи дониш баён намуданд, татбиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, алалхусус “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”,  дастур ва тавсияҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ  дар ҷодаи тарбия намудани мутахассисони замони нав барои хоҷагии халќи кишвар тибқи технологияи кредитӣ, равона шуда буд.

Таҳти назорати қатъӣ гирифтани иҷрои барномаи ягонаи тарбиявӣ зимни гузаронидани корҳои тарбиявие, ки аз ҷониби омўзгорон, кафедраҳо, шўъбаҳо ва дигар сохторҳо гузаронида мешаванд ва дар ин раванд татбиқ намудани низоми ҳукумати электронӣ дар факултети технология ва дизайн ҷойи намоёнеро ишғол намудааст.

Факултети технология ва  дизайн  дар  ҳамаи чорабиниҳои фарҳанги донишгоҳи ва  береун аз донишгоҳ фаъолона  иштирок  мекунанд

Бо супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳама сола  дар  моҳи  октябр  Иди  Меҳргон  ҷашн гирифта мешавад,ки  ҳама бо  либосҳои  идона ва  маҳсулотҳои  истеҳсол кардаи  худ  ба  намоиш гузошат иди меҳргонро ҷашн  мегирад,  ки  дар  онҷо  донишҷуёни факултет иширок карда  барои худ як  манфият  хуби трабияви  мегиранд.

Ҷашни Наврўзи хуҷастапай ҳама  сола дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  бо омодагии ҳамаҷониба ва шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, ки  дар  он ҷо   дастархони  наврузи, шеъру  суруд ва  ин чунин  пухтани  суманакро  пешниход  гардониданд, инчунин  бозиҳои варзишӣ  гузаронида шуд аз ҷониби  донишҷуёни факултет иштирок мекуннад.

Ҳама сола   бахшида  ба иди  Наврўзи аҷам дар  Наврузгоҳи  пойтахт ҳамаи  донишҷўёни факултет фаъолона  иштирок  мекунанд

Дар факултет     мўди «Тобон»    фаъолият  дорад, ки  дар ҳама  чорабиниҳои  донишгоҳ ва берун аз  донишгоҳ,  доншҷуёни факултет  либосҳои тайёр карда худро  намоиш медиҳанд

Соли ҷориро  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли “Рўшди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудааст.

Бинобар сабаби дар боло қайдшуда гурўҳҳои академӣ таҳти роҳбарии кураторони гурўҳҳо ба шаҳри Ҳисор сафар доштанд. Барои баланд бардоштани завқи ҷавонон ба меҳанпарастӣ, ватандўстӣ, ифтихори тоҷикона бо ҳунарҳои қадимаи хеш  ва пайравӣ ба қаҳрамон ва фидоиҳои халқи куҳанбунёди тоҷикон сафари саёҳӣ ба қалъаи Ҳисор  ва  дигар ҷойҳои таърихи  сафар карда аз  наздик  шинос  гардиданд.

 

 

Хатмкардаи кафедраи дизайни либос ва санъати мӯд

Ғанизода Ҷамшед

Ректори донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн