Сентябри соли 1990 дар сохтори Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) кафедраи Кимиё таъсис ёфт, ки он барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи саноати хўрокворӣ равона карда шуда буд. Вазифаи мудири кафедра ба дӯши н.и.т дотсент Муродова Ф.А вогузошта шуд. Соли 1991 бо мақсади ташкил додани кафедраи тахассуси тағйироти сохторӣ гузаронида шуд, ки дар он кафедраи Кимиё ба ду кафедра: «Кимиё» н.и.к., дотсент Муродова Ф.А. ва «Технологияи саноати хўрокворӣ» мудири кафедра н.и.б., дотсент Бобоҷонова Х.И. тақсим карда шуд.
Бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 05.12. 1996с. ва фармони ректор таҳти № 250/ОХ аз 25.12.1996с. – Департаменти илм ва технологияи маводи хўрока(сардори Департамент н.и.б., дотсент Бобоҷонова Х.И. таъин шуд) таъсис ёфт, ки ба он кафедраҳои навтаъсиси «Кимиё ва биокимиё» (мудири кафедра н.и.б., дотсент Бобоҷонова Х.И. таъин шуд) ва «Технологияи саноати хурокворӣ» (мудири кафедра н.и.к., дотсент Юсупов Ш.Т. таъин шуд) шомил гаштанд.
Бо мақсади мутобиқ гардонидани ҷузъу сохтори донишгоҳ ба талаботи бозори меҳнат факултети муҳандисӣ-технологӣ бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 05. 09. 2003с. таъсис ёфт ва декани факултет, дотсент Ҳакимов Ғ.Қ. таъин шуд. Худи ҳамун сол дар сохтори факултет кафедраи МДИХ ташкил карда шуд, ки и.в. мудири кафедра худи Ҳакимов Ғ. Қ. таъин шуд. Аз 2004 то 2006 мудири кафедраро н.и.к., дотсент Юсупов Ш.Т. ба ӯҳда дошт. Номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент Қурбонов Ф.Б. аз ноябри соли 2009 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи декан ва аз 01.01.2010 декани факултет таъин гардид.
Маврид ба зикр аст, ки ФМТ сиёсати бисёрҷамъбаи рушдиасос ва шафофро оид ба ташакул ва дастгири донишҷӯёни лаёқатманду ихтироъкору навовар дар чаҳорчӯбаи қонуни ҶТ “Оид ба дарёфт ва дастгирии истеъдотҳо” “Барномаи рушди иноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 2011-2020”, самтҳои стратегии рушди кишвар ба монанди: таъмини бехатарии хӯрокворӣ ва саноатикунонии кишвар, инчунин дар доираи самтҳои афзалиятноки илм, техника ва технология амалӣ мекунаду карда истодааст.
Зикр ба маврид аст, ки дар ФМТ қисмати зиёди ҳайати омӯзгоронро дорои дараҷа ва унвони илмидошта ташкил медиҳанд, алалхусус, масъалаи таъмини кафедра бо омўзгорони ҷавони болаёқат дар мадди аввал аст.
Амалишавии принсипҳои ба донишҷӯ нигаронидашуда ба вазифаҳою фаъолияти омӯзгорон тағйирот ворид кард. Дар чунин шароит омӯзгорони факултет ҳамчун педагог-роҳбар, мушовир ва тарҷумони матнҳои таълимӣ фаъолияти хешро пеш бурда метавонанд.
Дар ФМТ самтгарии омӯзгорон ба вазифаҳои стратегии самаранок-усулҳои муосири таълим: ташкилӣ-фаъолияти муштараки донишҷӯён ва омӯзгорон; комуникативию ҳавасмандкунӣ- фарогирии шаклҳои гуногуни таълимӣ; ислоҳию эҳсосотӣ-тадқиқи шартҳои ҳамкорӣ ва шарикӣ; назорату баҳодиҳӣ – ташкили назорати мутақобила, худидоракунӣ ва худбаҳодиҳӣ равона карда шудаанд.
Садорати ФМТ дар самти фаъолияти илмию тадқиқотӣ тавассути ҳифз ва афзун кардани дастовардҳои илмӣ, омода кардани мутахассисони дараҷаи олӣ тавассути аспирантураю докторантура аз рӯи ихтисосҳо (PhD) ва тадбиқи дастовардҳои зеҳнии олимони факултет дар раванди таълим ва истеҳсолот сурат мегирад.
Масъалаи меҳвариро дар ин самт ҷалби донишҷӯёни аълохон ва болаёқати майли ихтирокорию навоваридошта ташкил медиҳад, ки онҳо таввасути семинару маҳфилҳои илмӣ ва муаррифӣ дар озмунҳою олимпиадаҳои фаннии донишгоҳиву ҷумҳуриявӣ амалӣ карда мешавад. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар “Озмуни ихтирокорони ҷавони ДТТ”, ки ҳамасола дар донишгоҳ ду маротиба гузаронида мешавад, донишҷӯёну омӯзгорони ҷавони факултет иштирок карда, сазовори ҷойҳои 1,2,3 ва фахрӣ мешаванд.
Инчунин, натиҷаи КИТ ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён дар семинару конференсияҳои илмию амалии донишгоҳиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мавриди барасӣ қарор мегиранд. Бо мақсади муарифии КИТ омӯзгорон, натиҷаи КИТ дар маҷаллаҳои байналмилалии иқтибосии дорои “импакт – фактор” ( Скопус, Шпрингер, Томсон ва ғ.) нашр карда мешаванд.
Нишондодҳои фаъолияти ихтирокориву омӯзгорону донишҷӯёни хурсандибахш арзёбӣ мешаванд. Тайи фаъолияти иллмию тадқиқотӣ ва ихтирокории хеш ҳайати омӯзгорон тавонистанд ба якчанд мувафақиятҳои назарас ноил гарданд. Ба монанди сазовори ҷоизаи давлатӣ дар соҳаи илмию техника ба номи А.Сино шудани д.и.т., проф. Азизов Б.С, сазовори медали тиллоӣ Ташкилоти умумиҷаҳонии ихтирокорон соли 2007, дониста шудани н.и.т, дотсент Хушматов А.Т ва ҷоизаи АИ ҶТ дар соҳаи илму техника ба номи С. Умаров (соли 2011); Соҳиби медали ихтирокории Тоҷикистон шудани омӯзгорон н.и.т, дотсент Ҳакимов Ғ.Қ., н.и.к проф. Икромӣ М.Б., н.и.и. Ҳабибов А., саромӯзгор Ишматов И.Х. (с.2007).
Хурсандибахш аст, ки омӯзгорон, олимони ҷавони факултет дар ҷодаи КИТ ба дастовардҳои назарас ноил шуда, сазовори ҷоизаи давлатӣ байни олимони ҷавони ҷумҳурӣ дар соҳаи техника ва технология ба номи И. Сомонӣ дониста шудаанд: Шарифова М.Б. н.и.к., дотсент мудири кафедраи кимиё, Раҳимова Ф – н.и.б., директори институти ғизоии назди ВСТН ҶТ, Мирзозода Г.Х – н.и.т., мудири кафедраи мошин ва дастгоҳои истеҳсоли маводи хӯрока.
Инчунин, олимони ҷавони ФМТ Ниятбекзода Ф.Л. н.и.м Ҳабибов А.Ҳ., н.и.т Мирзозода Г.Х., н.и.т Назаров Ш.А., саромӯзгорон н.и.к., Тураева Г.Х., сазовори “Ифтихорнома”-и ММПИ ВРИС ҶТ дониста шудаанд.
Садорати ФМТ тамоми шароити созгоро ба омӯзгорону донишҷӯён муҳаё сохтааст, ки онҳо баҳри тадбиқи дастовардҳои зеҳнии хеш пайваста фаъолияти самаранок мебаранд. Механизми ҳавасмангардонӣ ҳамеша мавриди истифода қарор дорад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳайати омӯзгорони факултет пайваства масъалаи такмили ихтисос ва сайқали маҳорати касбӣ диқати ҷиддӣ медиҳанд. Тайи даҳсолаи охир онҳо таввасути барномаи GIZ “Ҳамкориҳои Тоҷикистон – Олмон” Лоиҳаи “Таълимоти касбӣ дар Осиёи Миёна” дар муассисаҳою таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии Олмон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз курсҳои кӯтоҳмудати соҳавӣ гузашта сазовори “Сертификат”-ҳо дониста шудаанд.
Ҳамзамон, омӯзгорон н.и.т., дотсент Ҳакимов Ғ.Қ., Абдуллоева М.А. ва саромӯзгор Ниятбекзода ФЛ. дар силсилакурсҳои тренингӣ вобаста ба тадбиқи стандартҳои байналмилалии ISO 22000 “ХАССП”, ки намоянда мумайизи ширкати байналмилалии “Бритиш Эксперт” бо ҳамоҳангии Асотсиатсиаи корхонаҳои хурд ва миёнаи Тоҷикистон бархурдор намудаанд, ширкат карда соҳиби “Сертификат”-ҳо шуданд. н.и.т Абдуллоева М.А дар ш. Бишкеки Ҷ.Қирғизистон баъди имтиҳонсупорӣ дорои “Сертификати аудиторӣ” дар самти бехатарии хӯрокворӣ дониста шуд. Инчунин, сазовори сетификати “Clobal GAP”- дар соҳаи таъмини бехатарии озуқаворӣ гардидаанд. н.и.т., дотсент Ҳакимов Ғ.Қ. – дар силсила семинари аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази милли акредетатсияи Тоҷикистон” бо иштироки мумайизон (экспертон)-и байналмилалӣ аз РТВ-и Олмон ташкил карда, иштирок карда сазовори “Сертификат”-и татбиқи силсила стандардҳои ISO 17025 ва ISO 15189” дониста шуд.
Ҷонишини декан Мехринигори Б оид ба илм ва инноватсия дар Форуми Байналлмиллалии занҳои ихтироъкори ш. Сеули, Ҷумҳурии Корея сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Гузаштан аз силсила семинар – тренингҳои сатҳи ҷумҳурявию байналмилалӣ дар фаъолияти омӯзгорон ба диверсификатсияи раванди гузаронидани таълим ва татбиқи усулҳои муосири таълим водор сохт тамоми синфхонаю озмоишгоҳҳо бо воситаҳои техникию ҷиҳози замонавӣ таҷҳизонида, ки ба сатҳи сифати таълим саҳми муассир расонд.
Қобили қайд аст, ки омӯзгорони ФМТ дар барномаи байналмиллалии таълимии Итиҳоди Аврупо TAMPUC Еразиус ва Еразмус иштирок карда, карда муассисаҳои бонуфузи халқҳои Аврупо аз бозомӯзии касбӣ гузаштанд.
Бо мақсади ташкили оқилонаи раванди таълиму тарбия ва таъсисёбии ихтисосҳои нав, рушди мақсадноки пояи озмоишгоҳии факултет ба сохтори он кафедраҳои мазкур шомил шуданд:
1. Кафедраи мошин ва дастгоҳҳои истеҳсоли маводи хӯрока
2. Кафедраи технологияи истеҳсоли маводи хӯрока
3. Кафедраи Кимиё

 

Кафедра аз рӯи самтҳо ва ихтисосҳои зерин мутахассис тайёр мекунад:
1-360901- «Мошинҳо ва дастгоҳҳо барои истеҳсоли хӯрокворӣ»;
1-36 09 01 01 — «Тачхизоти корхонахои хурокворй»;
1-36 09 01 04 - «Таҷҳизоти корхонаҳои истеҳсоли нонпазӣ, макарон ва маҳсулоти консентратӣ»;
1-36 09 01 05 — «Тачхизот барои саноати вино»;
1-36 09 01 06 — «Тачхизот барои саноати гушту шир»;
1-54010105 – «Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия».
Кафедра дорои 4 лаборатория барои дарсҳои назариявӣ, лабораторӣ ва амалӣ мебошад. Машгулиятхо ба забонхои точикй ва руей мегузаранд.
Донишҷӯёни кафедра имкон доранд, ки дар асоси шартномаҳои дуҷониба бо корхонаҳои саноати хӯроквории ҷумҳурӣ, ки бо техника ва технологияи муосир муҷаҳҳаз шудаанд, таҷрибаомӯзӣ гузаронанд.
Кори факултети муҳандисӣ-технологӣ аз он иборат аст, ки мутахассисони соҳаи бозори меҳнатро барои:
1-360901- «Мошинҳо ва дастгоҳҳо барои истеҳсоли хӯрокворӣ»;
1-36 09 01 01 — «Тачхизоти корхонахои хурокворй»;
1-36 09 01 04 - «Таҷҳизоти корхонаҳои истеҳсоли нонпазӣ, макарон ва маҳсулоти консентратӣ»;
1-36 09 01 05 — «Тачхизот барои саноати вино»;
1-36 09 01 06 — «Тачхизот барои саноати гушту шир»;
1-54010105 – «Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия».
1-490101 – Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маводи растанӣ;
1-49010102 – Технологияи истеҳсоли маҳсулоти нонпазӣ, макарон ва қаннодӣ ва маҳсулоти хӯроквории махсус хушк;
1-49010103- Технологияи консервбарорї;
1-49010104 - Технологияи истеҳсоли ферментатсия ва виносозӣ;
1-49010106 – Технологияи равғанҳои растанӣ;
1-49010108 - технологияи ғизои кӯдакон ва функсионалӣ;
1-490102 – Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ҳайвонот;
1-49010201 – Технологияи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ;
1-49010202 - Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ
1-910101 – Истехсоли махсулот ва ташкили хуроки умумй.
1-54-01-01-05 - Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати хӯрокворӣ);
M360901 - Мошинҳо ва дастгоҳҳо барои истеҳсоли хӯрокворӣ;
M49010202 - Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ;
M54010105 - Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати хӯрокворӣ).

 

 

 

Кабиров Фирдавс Одилшоевич

муовини декан оид ба таълим

Tел.: +992915480348

E-mail: firdavskabir@mail.ru

 

 

 

 

Рахматова Гулнора Анваровна

муовини декан оид ба тарбия

Tел.: +992938805745

E-mail: rakhmatova.1967@mail.ru

 

 

 

 

 

 

Меҳринигори Булбулназар

муовини декан оид ба илм ва инноватсия

Tел.: +992938254466

E-mail:  mehrinigor.63@mail.ru

 

 

    Вазифаи факултети муҳандисӣ-технологӣ ин тайёр намудани мутахассисони ҷавобгуи бозори меҳнат  барои ихтисосҳои:     

    • 1-36090101 – Таҷҳизоти корхонаҳои маҳсулоти хўрокворӣ;

    • 1-36090102 – Таҷҳизоти корхонаҳои коркарди маҳсулоти ғаллагӣ;

    • 1-36090104-Таҷҳизоти корхонаҳои маҳсулоти нонӣ, макаронӣ, ва маводи ғизоии консентронидашуда;

    • 1-36090105 – Таҷҳизоти саноати шароббарорӣ;

    • 1-36090106 – Таҷҳизоти саноати гўштию ширӣ;

    • 1-490101 – Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди ашёи хўрока аз растанӣ;

    • 1-49010102 - Технологияи истеҳсоли маҳсулотҳои нонӣ, макаронӣ ва қаннодӣ ва ғизоӣ бо роҳи махсус хушконидашуда;

    • 1-49010103- Технологияи консервакунонӣ;

    • 1-49010104 – Технологияи маҳсулоти туршаванда ва шаробпазӣ;

    • 1-49010106 – Технологияи равғани растаниҳо;

    • 1-49010108-Технологияи ғизои кӯдакона ва функсионалӣ;

    • 1-490102 – Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди ашёи чорво;

    • 1-49010201 - Технологияи гўшт ва маҳсулоти гўштӣ;

    • 1-49010202 - Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ

    • 1-910101 – Истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хўроки омма.

    • 1-54-01-01-05 – Метрология,  стандартизатсия ва сертификатсия (саноати хўрокворӣ);

    • М360901 – мошин ва таҷҳизоти истеҳсоли маводи хўрока;

    • М49010202 – Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ;

    • М54010105- Метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия(саноати хўрокворӣ).

Ширкат варзидани командаи футболистони факултети муҳандисӣ-технологӣ дар мусобиқаи байни факултетҳои донишгоҳ оиди футболи хурд бахшида рўзи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар нимсолаи якуми соли хониши 2017-2018. Ба командаи футболистони факултети-муҳандисӣ муяссар гашт, ки ҷои аввалро ишғол намоянд.


Ширкат варзидани командаи волейболистони духтарони  факултети муҳандисӣ-технологӣ дар мусобиқаи байни факултетҳои донишгоҳ оиди волейболи духтарона бахшида рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли хониши 2017-2018. Ба командаи волейболистони духтарони факултетӣ-муҳандисӣ муясар гашт, ки ҷои аввалро ишғол намоянд.

Ширкат варзидани командаи волейболистони писарони факултети муҳандисӣ-технологӣ дар мусобиқаи байни факултетҳои донишгоҳ оиди волейболи писарона бахшида рўзи «Ваҳдати милли» дар нимсолаи дуюми соли хониши 2017-2018. Ба командаи волейболистони писарони факултети-муҳандисӣ муясар гашт, ки ҷои дуюмро ишғол намоянд.

Чорабиниҳои варзишӣ

Иштироки донишҷўи курси 3-юми ихтисоси 1-910101 дар мусобиќаи ҷумҳурияви оиди “волейбол” ва ишѓол намудани ҷои аввал. Сазовор гардидан бо медали тилло.

 

 

 

 Фаъолияти худро садорати  ФМТ аз рўи чунин сохтор амалӣ менамояд.

Донишҷӯёни факултет дар корхонаҳои зерин таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ гузашта,аз озмоишгоҳҳои онҳо дар дарсҳои амалӣ истифода бурда метавонанд.Инчунин баъди хатми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ин корхонаҳо ба кор рафта метавонанд.

    • ҶСП «Комбинати шири Душанбе»

    • ҶСП «Комбинати гӯшту консерва»

    • ҶСШК «Ширин», ҶС «Равғани тоҷик»

    • ҶММ «Илмӣ-истеҳсолии Тоҷикматлубот»

    • ҶСК «Заводи шароббарории Душанбе»

    • ҶСК «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон»

    • ҶСШК «Комбинати панир»

    • ҶСШК «Марҳабо» ва ҶСК «Сим-сим»)

Иштироки донишҷуёни курси сеюми ихтисоси 1_910101 дар  театри «Опера ва балет»-и шаҳри Душанбе

Иштироки донишҷуёни факултети муҳандисӣ-технологӣ дар шамбеги аз тарафи донишгоҳ дар гирду атрофии ноҳияи Фирдавси.

 

Куратори беҳтарин дар факултети муҳандисӣ – технологӣ дар курси 1-уми ихтисоси 1-54 01 01 05А Ҳусайнова Гулҷаҳон ва дар курси 2-юми ихтисоси 1-49 01 01А Зияводинов Суҳробҷон ба ҳисоб  мераванд. Ин гуруҳҳо дар факултет гурўҳҳои намунавӣ буда, тамоми супоришҳои аз ҷониби раёсати донишгоҳ ва факултет мешавад, сари ваќт ба сомон мерасонанд ва дар маъракаҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд. Дар давоми соли таҳсил байни гуруҳҳои академии факултет аз ҳама дарсшикании кам дар ин гурўҳҳо ба назар мерасад. Аз ин лиҳоз ба хулосае, омадем, ки донишҷўёни гуруҳҳои 1-54010105А (курси 1-ум) ва 1-490101А(курси 2-юм) беҳтарин гурўҳҳо дар факултет дониста шуда, кураторои ин гурўҳҳо Ҳусейнова Г. ва Зияводинов С.С. беҳтарин кураторони факултет ҳисобида шаванд.

  –  Иштирок дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ

Донишҷӯи курси 2-юми ФМТ ихтисоси 1-54-01-01-05 Тешаева Маъмура дар семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Мавқеи ҷавондухтарону занон дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат” дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид. Иштироки фаъоли Тешаева М. аз ҷониби раиси Кумитаи зикршуда бо Гувоҳнома қадрдони карда шуд.

Иштироки донишҷўёни курси 1-юми гурӯҳи академии 1 – 490101т, дар ҷашни иди “Меҳргон”  бо ҳамроҳии декани факултет Ќурбонов Ф.Б

Иштироки кормандон ва донишҷўёни факултет дар Боѓи «Ҷавонон» дар маросими

ҷашни иди «Садда»

13 ноябри соли 2018 курси якуми гурўҳи 1-49010201т ба намоишномаи    театри давлатии тамошобини ҷавон “Аҳорун ” ба номи Муҳаммадҷон Ќосимов иштирок намуданд. Намоишнома оид ба ватандорӣ,    буд.

Донишҷўён аз тамошои намоишнома баҳраманд шуданд ва оиди он  як тассуроти нек гирифтанд.

Санаи 16. 05. 2019 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маҳфили илмии “Шамъи маърифат”-и Факултети муҳандисӣ - технологӣ бахшида ба бузургдошти устод Лоиқ Шералӣ дар мавзӯи “Лоиқ ва худшиносии миллӣ” бо иштироки олимон, адабиётшиносон, устодону донишҷӯёни факултет ва донишгоҳ, инчунин намояндаи радиои тоҷик  баргузор гардид.

Санаи 16. 05. 2019 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маҳфили илмии “Шамъи маърифат”-и Факултети муҳандисӣ - технологӣ бахшида ба бузургдошти устод Лоиқ Шералӣ дар мавзӯи “Лоиқ ва худшиносии миллӣ” бо иштироки олимон, адабиётшиносон, устодону донишҷӯёни факултет ва донишгоҳ, инчунин намояндаи радиои тоҷик  баргузор гардид.

Санаи 20-уми июни соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон «Шамъи маърифат» дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ – пойдории миллат” бахшида ба рўзи «Ваҳдати миллӣ» семинари илмӣ гузаронида шуд. Дар семинар мувофиқи барнома гузориш ва таҳлили илмии доктори филологӣ, профессор, академики Академияи иҷтимоӣ-педагогии Федератсияи Россия, аъзои Шўрои марказии «Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» Восиев Қ.В. ба нақша гузошта шуда буд.

 Сухани ифтитоҳиро н.и.т., дотсент Ҳакимов Ғ.Қ. оғоз намуда, қироати сухани табрикотии ректори донишгоҳро ба муовини ректор оид ба тарбия н.и.ф., дотсент Юсупова З.Р. доданд. Мавсуф ҳозиринро бо 22-юмин солгарди ҷашни «Ваҳдати миллӣ» табрику таҳният намуда, пойдории сулҳу Ваҳдати миллиро ба ҳозирин таманно дошт. Сипас суханро ба боргоҳи сухан Устод д.и.ф., профессор Восиев Қ.В. супорид. Устод Восиев Қ.В. дар баромади худ моҳияти Ваҳдати миллӣ ва пойдории он дар кишвари азизу маҳбубамонро таманно намуд.

 

     

ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМӮЗ!

Лексияи тахассусӣ

Бо ибтикори Садорати Факултети муҳандисӣ - технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мувофиқаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Агентии Тоҷикстандарт) ва 15 марти соли 2020 бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултет Лексияи тахассусӣ (гостьевая лекция) гузаронида шуд. 

Дар раванди баргузаронии Лексияи тахассусӣ (гостьевая лекция)” дар мавзӯи “Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” мутахассисони пешбари Агентии Тоҷикстандарт ва зерсохторҳои он:

1. Султонов Исмоншоҳ – сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар маҷмааи агросаноатии Агентии “Тоҷикстандарт”

2. Шерализода Суҳроб  роҳбари гурӯҳӣ нШоҳмансур дар назорати савдо.

3. Нуруллоев Сироҷиддин  роҳбари гуруҳӣ нФирдавсӣ дар назорати савдо.

4. Зарифов Фирдавс – роҳбари гурӯҳӣ нРудакӣ дар назорати савдо.

5. Қодиров Амонулло  роҳбари гурӯҳи нСино дар нозироти савдо, ширкат варзиданд. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар мавзӯи зикргардида Султонов Исмоншоҳ – сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар маҷмааи агросаноатии Агентии “Тоҷикстандарт” бо маърӯзаи саҳеҳ оид ба санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ, роҳҳою василаи таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва тақвиятбахшӣ ба фарҳанги истеъмолкунандагон баромад кард.

Баъд аз маърӯзаи асосӣ дар музокираҳою мубоҳиса Шерализода Суҳроб, Нуруллоев Сироҷиддин, Зарифов Фирдавс, Қодиров Амонулло ва Топченко Диана нозукиҳои баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва роҳҳои ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро аз рӯи таҷрибаҳои амалии хеш ба донишҷӯёну ҳозирин фаҳмонида доданд.

Дар мубоҳисаҳо донишҷӯёни факултет Гудменко Игор, Муҳамадиев Ю., Назиров Баҳодур, Мадина Зуҳурова ва Тешаева  Маъмура фаъолона иштирок карда, аз ҷониби мутахассисони соҳа посухҳои аниқ гирифтанд.

СИПОСНОМА!

Боиси ифтихор аст, ки дар  факултети  мухандисӣ - технологӣ  дар  гурӯҳҳои академи ихтисосҳои  1-91-01-01 ва 1-49-01-02  бо  барномаи   “Standard   course    HSK 1”    омӯхтани   забонӣ    Чинӣ  ба  роҳ  монда  шудааст,  ки он таҳти  роҳбари  омузгори  ниҳоят  ҷавон ва умедбахш  шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумӣ  Чин,  ҳамзамон, корманди  маркази таълими  “Конфуций” ДМТ    Зоу  Чян Чян  нозукиҳои  забони Чиниро   омўзонида   истодааст.

Нигоҳе аз афкори донишҷўёни ФМТ:

1.Саидзода Алиҷон:  Имрӯз мо  бисёр  хушнуд  ҳастем,  ки забони  Чиниро  меомўзем ва дар  оянда мехоҳам,  ки  робитаи  Тоҷикистону Чин боз  ҳам мустаҳкамтар  шаваду, саҳми худро дар он гузорам.

Студенты  группы 1-910101 огромное  спасибо руководству факультета!

Сипосгузорем!

НАМУНАИ ИБРАТ ВА ШАМЪИ МАЪРИФАТ!

Бо амри тақдир ва доираи фаъолияти касбӣ бо яке аз инсони комилу бофарҳанг ва мутахассиси нодири соҳаи саноати хӯрокворӣ корманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи якчанд медалу орденҳои РСС Тоҷикистон ва ҳамзамон, Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон Қурбонов Икром Иноятович оғози солҳои 90-ум, аниқтараш соли 1992 дар Донишкадаи саноати хӯрокворӣ ва сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи технолгии Тоҷикистон), ки дар он фаъолият доштам, шиносоӣ пайдо кардам. Дар солҳои зикршуда Икром Иноятович дар яке аз вазорати калонтарину стратегӣ ва калидӣ ба ҳайси Вазири саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон  адои вазифа мекарданд.

Борҳо аз забони бисёр мутахассисони варзидаи касбии соҳа дар бораи Икром Иноятович ҳамчун роҳбари сахтгир, поквиҷдону, покдоман, нексиришту хушбин, ростқавлу меҳнатдӯст, хоксору фарҳангсолор шунавида будам. Маврид ба зикр аст, ки бе ягон  муҳобот мавсуфро ҳамчун яке аз поягузори рушди саноати хӯроквории ҶТ номем ҳам ғалат намекунем. Чун тамоми заводу комбинатҳои иқтидорашон хурду бузург оғоз аз нимаи асри XX то охири он маҳз дар даврони вазирии Икром Иноятович сохта ба истифода дода шудаанд (ба монанди: комбинати равғанбарории ш.Конибодом, Душанбе, Қурғонтеппа (ҳозира Бохтар), комбинати консервабарории ш. Исфара, комбинати  нонбарории ш. Конибодом, Исфара ва Хуҷанд, заводи спиртбарории Исфара, заводи машруботбарории ш.Душанбе.

 Новобаста аз сарбории ниҳоят зиёд дар соҳаи калидии кишвар – саноати хӯрокворӣ доштанашон, Икром Иноятович иртиботи ниҳоят зиёд бо Донишгоҳи технолгӣ доштанд ва ҳоло ҳам доранд. Бо меҳри хоса барои рушди Донишгоҳ диққат дода маслиҳатҳои муфид медоданду медиҳанд.

Хело хуб дар хотир дорам, ки ҷаласаҳои васеи сайёри Вазорати хӯроквории ҶТ маҳз бо ибтикори Икром Иноятович дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон гузаронида мешуданд, ки дар кори онҳо камина иштирок мекардам. То ҳатто, ҳар ҷаласа ба роҳбарони корхонаҳои истеҳсолии соҳа вазифагузорӣ мекарданд, ки онҳо барои тақвиятбахшии пояи моддию техникии донишгоҳ алалхусус, озмоишгоҳҳои факултети муҳандисӣ-технологӣ, ки аввалин факултет буду, дар сохтораш ихтисосҳои соҳаи саноати сабук низ фарогир буд, супориши мушаххас медоданду, ҳамон замон муҳлати иҷрои онро муқаррар карда, баҳри иҷроиши онҳо дастурҳо медоданд. Яъне, бо ҳамин васила ба масъалаи омодасозии мутахассисони ватанӣ диққати ҷиддию хоса медоданд ва боз ҳис карда мешуд, ки бо тамоми вуҷудашон масъулиятро ба души хеш мегирифтанд.

Ҳакимон гуфтаанду олимон исбот кардаанд, ки ақлу фаросат, ростқавливу ҳақиқатпарварӣ ва покдоманӣ нишонаи ирсист. Бе ягон муҳобот гуфта метавонам, ки Икром Иноятович эталон  (маҳак)-и “намунаи ибрат” барои кули мардуми кишвар ва “шамъи маърифат” барои ҷавонону насли наврас мебошанд.

Қобил ба зикр аст, ки Устоди гиромиқадр И.И.аз рӯзи ифтитоҳи ДТТ то ҳол дар кафедраи ТПП-и ФМТ кору фаъолият доранду аз фанни “Муққадимаи ихтисос” барои курсҳои 1-уми тамоми ихтисосҳои факултет дарс мегӯянд. Мавсуф ба сину солашон нигоҳ накарда, ба донишҷӯёни курсҳои  аввал оид ба нозукиҳои ихтисоси интихобкардаашон бо як илҳоми хоса мефаҳмонданд ва ба дили шогирдон меҳри хосаро оид ба соҳаашон ҷойгир мекунанд, ки онҳо аз касбӣ интихоб кардаашон ифтихор кунанд. Инчунин, аз таҷрибаи амалии бойи хеш вобаста ба созмондиҳию рушди соҳаҳои мухталифи саноати хӯроквории кишвар нақлҳои ҷолиб мекарданд.

Дониши қавӣ доранд, чун мактаби олии муктадири соҳаи саноати хӯрокворӣ дар ш. Ленинград (ҳозир Санкт-Петербург)-и Федератсияи Россия дар Донишгоҳи технологияҳои ҳарорати паст ва хӯрокаи Санкт-Петербургро аз рӯи ихтисоси “Технологияи маҳсулоти туршшаванда” дар соли 1959с, ки он яке аз муасисаи таҳсилоти олии бонуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ шуморида мешуд, то ҳол низ байни муассисаҳои таълимии Федератсия Россия ва берун аз он нуфузу мақоми хоса доранд, бо муваффақият хатм кардаанд.

Фаъолияти меҳнатии хешро пас аз хатми донишгоҳ соли 1962 аз заводи спиртбарории ш.Исфара ба ҳайси технологи сехи истеҳсоли спирт оғоз намудаанд.

Ҳолнома!!!

Рӯзҳое, ки Устод дар факултет фарогири тадрис мешаванд, барои ҳайати омӯзгорон, кормандону донишҷуён дарк мекардем, ки ба ҳамаи онҳо рӯзи хурсандист ва аз худи даромади донишгоҳ то ворид шуданашон ба факултет дар роҳраву долонҳо ҳама “Салом Устод” гӯён истиқболашон мегиранд. Ба фикрам ҳамин аст нишонаи “хушбахтию хурсандӣ”-и Инсони комил, ки тавонистаанд солҳои тӯлонӣ фаъолияти софдилона бурда, соҳиби обрую нуфуз ва эътибор пайдо карда, ба дили ҳар яки онҳо ҷой гиранд.

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи Акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Борҳо бо ин Инсони комил муносибату иртиботи касбӣ ва ҳар гаҳе бо чунин Инсони хоксору хушмуомила фарогири сӯҳбат дар бобати фаъолияти касбию соҳавӣ мешавам, такрор ба такрор меҳри шогирдӣ афзунтар мешавад, ҳамқадами замон ҳастанд ва бевосита дарк карда мешавад, ки чӣ тавр ба касби интихобкардаашон ба соҳаи саноати хӯрокворӣ тарбияи мутахассисон меҳру муҳаббати хоса доранд.

Алалхусус, нисбати самтҳои стратегии рушди ҶТ таъмини “Бехатарии озуқаворӣ” ва “Саноатикунонии кишвар” назардиди ҷадид доранд.

Агар ба формулаи зиндагии Устоди гиромиқадр Икром Иноятович нигарем фикр мекунам ба панди А.Ҷомӣ рост меояд:

Рост ҷӯ, рост нигар, рост гузин,

Рост ҷӯ, рост шав, рост нишин.

Пайваста ба иттилооти илмию навовариҳои соҳаи саноати хӯрокворӣ бархӯрдор ҳастанду, ҳис карда мешавад ҳадиси Муҳаммад Пайомбар (с.а.в.)-ро  “Талаби илм фарз аст барои ҳар як мусулмон”-ро ба хубӣ дарк кардаанд.

Одами наҷиб. Наҷибияти устоди меҳрубон Қурбонов И.И. фаъолияти пурсамару пурбаракати меҳнатии бисёрсолаашон намунаи нишонаи фазилати пурфайзи умрашон мебошад. Дурандешанд, ҳатто дар раванди тарҳрезии барномаҳои таълимии кории фанҳои ихтисосҳои технологӣ маслиҳатҳои муфиди ҳакимона медиҳанд, ки аз дониши мукаммалашон шаҳодат медиҳад.

Дар мақолаи фишурдаи хеш андаке бошадҳам оид ба Мисоли барнодил ва хоксор Ҳоҷа Икром Иноятович Қурбонов навардиду андешаамро рӯи қалам биёрам ва месозад, ки чунин Инсонҳоро “Намунаи ибрат ва шамъи марифат” гӯем, чун Инсони пур аз меҳр ва равшановару созанда мебошанд. Тамоми хислатҳои неку хизматҳои шоёни Шуморо ба назар гирифта ДТТ соли 2015 кафедраи технологияи истеҳсоли маводи хӯрокаро ба унвони Қурбонов Икром Иноятович номгузорӣ кард, ки ҳадаф пойдор гузошт, ки номи некӣ Шумост Устод.

ИЛМ – ИСТЕҲСОЛОТ

Санаи 06 феврали соли 2020 бо мақсади тақвиятбахшии ҳамкориҳо бо корхонаҳои истеҳсолии соҳаҳои хӯрокворӣ, амалишавии талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳамоҳангии “илм – истеҳсолот” садорати ФМТ бо раиси ҶДММ “Дӯсти Амирхон” – и Хуҷанд Мухторов Амир Қодирович ва дар чорчӯбаи шартномаи аз ҷониби раёсати ДТТ ба имзо расонида оид ба ҳамкориҳои судманд дар омода кардани мутахассисони ҷавобгӯи бозори меҳнат бо коллеҷи техникии ш.Хуҷанд намояндагони он, муовини директор Носиров Маъруфҷон Рустамович ва мушовири директор Охунов Осимхон вохӯрӣ оид ба фаъолияти минбаъда мулоқот гузаронид.

Конференсияи илмии Факултети муҳандисӣ-технологӣ дар мавзӯи “Рушди саноати хӯрокворӣ дар ҶТ

Натиҷагири аз конференсияи илмии Факултети муҳандисӣ-технологӣ дар мавзӯи “Рушди саноати хӯрокворӣ дар ҶТ: истеҳсоли ғизои функсионалӣ ва аҳамияти он дар шароити глобалӣ” бахшида ба амалисозии Ҳадафи чоруми Стратегияи рушди миллӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” ва эълон шудани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Санаи 25 декабри соли 2019 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) садорати факултети муҳандисӣ-технологӣ (ФМТ) баҳри амалигардонии Ҳадафи чоруми Стратегияи рушди миллӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” ва инчунин, эълон шудани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мутобиқ ба қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, анҷуманҳо, ҳамоишҳо ва мизи мудаввар”, ҳамзамон, Нақшаи чорабиниҳои ҲҶТ, вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ (ВС ТН ҶТ), вазорати маориф ва илми ҶТ (ВМИ ҶТ), ДТТ ва ФМТ бо ҷалби олимони варзидаи кишвар ва пажуҳишгоҳҳои мухталифи АИ ҶТ, пажуҳишгоҳи чорводории АИК, ФТИС, ФТД конференсияи илмӣ дар мавзӯи “Рушди саноати хӯрокворӣ дар ҶТ: истеҳсоли ғизои функсионалӣ ва аҳамияти он дар шароити глобалӣ” доир намуд.

Дар кори ҳамоиши илмии имрӯза намояндагони ВС ТН ҶТ, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Солеҳзода Умед Абдулло; олимони варзида аз АИ ҶТ ва сохторҳои он: директори пажуҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Кобулиев З.В., аз пажуҳишгоҳи кимиё ба номи В.Никитин д.и.к., проф. Исобоев М., н.и.к. Валиев Ю., Ниёзӣ Ансор ва н.и.к. Ҷонмуродов А.; аз Институти чорводории АИК - д.и.к., проф Эргашев Д., директори КВД “Хӯрокворӣ” Одиназода Д., муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот н.и.и., и. в. проф. Тошматов М.Н., муовини ректор оид ба инноватсия н.и.ф.-м., дотсент Юсупов М.Ч., сардори Раёсати илми департаменти илм ва татбиқот н.и.и, дотсент Рабиева Т.М., декани ФТИС д.и.и., проф. Ашӯров С.Б. ва декани ФТД д.и.т., проф. Иброҳимов Х.И., н.и.т., и.в. проф. Мироқилов В.М., мудири кафедраи мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсоли хӯрока н.и.т. Мирзозода Г.Х., и.в. мудири кафедраи технологияи истеҳсоли хурока ба номи Қурбонов И.И., н.и.т., и.в. дотсент Хушматов А.Т., мудири кафедраи кимиё н.и.к., и.в. дотсент Шарипова М.Б., мудири кафедраи технологияи нассоҷӣ н.и.п., и.в. дотсент Ниёзбоқиев С.Қ.., ҳайати омӯзгорону профессорони ва донишҷӯни ФМТ, факултети технология ва дизайн (ФТД) ширкат варзиданд.

Конференсияи илмиро декани ФМТ, н.и.т., дотсент Ҳакимов Ғ. Қ. ифтитоҳ карда, қайд карданд, ки хело рамзист ва хурсандибахш аст, ки конференсияи илмӣ дар мавзӯи “Рушди саноати хӯрокворӣ дар ҶТ: истеҳсоли ғизои функсионалӣ ва аҳамияти он дар шароити глобалӣ” дар арафаи Паёми навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуда истодааст. Инчунин, зикр карданд, ки бешубҳа Паёмҳо - баёнгари рушди устувори бесобиқаи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд ва соҳаҳои саноат бошанд, заминагузори пешрафти устувори иқтисодёти кишвар маҳсуб ёфта, рушди дигар соҳаҳо иртиботи бевосита аз он доранд.

Сухани ифтитоҳии ректори ДТТро муовини ректор оид ба таълим ва сифати таҳсилот н.и.и., и.в. проф. Тошматов М.Н. қироат карданд.
Баъд бо сухани табрикотӣ Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Солеҳзода У.А. баромад намуда, қайд карданд, ки соҳаҳои саноат яке аз соҳаи калидии рушди устувори иқтисодёти кишвар мебошад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш бо мақсади баррасӣ кардани масъалаҳои мубрами соҳаҳои мухталифи саноати кишвар ва дарёфти роҳҳои рушди он тавассути воридоти технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чорум эълон намуданд. Инчунин, аз Паёми Президенти ҶТ иқтибос оварданд: “Дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад”. Дар фарҷоми суханронӣ зикр карданд, ки ВС ТН ҶТ ҳамеша омода аст, ки дар амалигардонии ҳадафҳои стратегии кишвар бо муассисаҳои таълимии зерсохтори вазорат, алалхусус бо ДТТ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.

Зимни муаррифии гузориши илмӣ узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.т, проф. Кобулиев З.В. аз тадқиқоти бисёрсолаи хеш оид ба шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ, истифодаи оқилонаи оби дарёҳои байнисарҳадӣ, обшавии пиряхҳо, болоравии ҳарорати муҳит ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст ва Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Алалхусус, тадқиқоти олимони Пажуҳишгоҳ аз соли 1932 вобаста ба обшавии пиряхи Федченко бо гирд овардани аксҳои кайҳонӣ, диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.

Ҳамзамон қайд карданд, ки масъалаҳои рушди гидроэнергетика ва ҳифзи манбаъҳои захираҳои обӣ ба рушди соҳаҳои мухталифи саноати кишвар иртиботи бевосита доранд.

Зимни баромади хеш директори КВД “Хӯрокворӣ” Одиназода Д. асосан ба масъалаи омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноати хӯрокворӣ вобаста аз ниёзи бозори меҳнат бахшида шуд. Ҳамзамон, ба масъалаи ворид кардани тағйирот ба Барномаҳои таълимии соҳаҳои саноати хӯрокворӣ бо ҷалби намояндагони корхонаҳои саноатӣ бамаврид ҳисобида, қайд карданд, ки ба сатҳу сифати донишҳо ва салоҳиятҳои касбии донишҷӯён бояд диққат дод. Инчунин, барои ворид кардани фанҳои махсус бо омӯхтани талаботи системаи сифати маҳсулот тибқи талаботи GMP, ХАССР, Glоbаl GAP ва ISO 22000-2017 ба маврид мубрам ҳисобиданд.

Декани ФТИС д.и.и., проф. Ашӯров С.Б. ба иштирокчиёни конференсия гузориши илмиро дар мавзӯи “Масъалаҳои таъминоти кадрии раванди саноатикунонӣ” пешниҳод карданд. Мавсуф зикр карданд, ки омили асосии модели рушди кишвар дар чунин ҳолатҳо сармояи инсонӣ ва ҷузъи асосии он бошад - маорифу илм мебошанд, ки мақоми калидиро иҷро мекунанд. Ин ду самти калидӣ ҳамчун шарти ниҳоят муҳими тақвиятбахшидаи рақобатпазиршавии кишвар, заминагузори ҳалли ҳадафи 4-уми самти стратегии рушди кишвар - саноатигардонии он мебошанд.

Қобил ба қайд аст, ки дар кафедраи ТМИХ ба номи Қурбонов И.И. мавзӯи илмии аз буҷети давлат маблағгузоришавандаи аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии АИ ҶТ тасдиқшуда, дар мавзӯи “Коркарди навъи маҳсулотҳои алкоголӣ, ғайриалкоголӣ ва консерваҳо бо истифодаи растаниҳои маҳаллӣ” бо ҷалби олимон аз Пажуҳишгоҳи кимиё ба номи В.Никитин д.и.к., проф. Исобоев М., н.и.к. Ҷонмуродов А. таҳти роҳбарии н.и.т., и.в. дотсент Хушматов А.Т. тадқиқот гузаронида шуда, натиҷаҳои он дар гузориши илмии “Технологические аспекти безотходной переработки неконденционированной части урожая винограда” муаррифӣ карда шуд. Технологияи бепартови коркарди маҳсулоти боқимондаи ангур ва аз шираи ангур барои тайёр кардани нӯшокиҳои витаминдор ва шароб мавриди тадқиқ қарор гирифтааст.

Бо истифода аз технологияи мазкур пусти меваи ангурро метавон тавассути истихроҷи рангҳои табиӣ бо роҳи ҷавҳарполо (экстраксия) ва истифодаи онҳо дар маҳсулоти хӯрокворӣ таҳти тадқиқ қарор гирифтааст. Технологияи мазкур имкон медиҳад, ки бо коркарди донаи ангур равғани махсуси косметикиро ба даст оварадан мумкин аст. Дар раванди коркарди ангури боқимонда моеъи полифенолӣ ҷудо карда, аз маводи боқимондаи хушк шуда, маҳлули рангкунӣ маҳсулоти хӯрокаро ҳосил карда шуд. Дар охирсухан проф. Исобоев М. қайд карданд, ки чунин ҳамоишҳои илмии муштарак бо ФМТ дар доираи Ҳадафи чоруми стратегии кишвар “саноатикунонии бомуръати кишвар” бамаврид аст.

Н.и.т. Абдуллоева М.А. гузориши илмиро дар мавзӯи “Масъалаҳо ва дурамои рушди саноати хӯрокворӣ дар мисоли соҳаи консервабарорӣ” муаррифӣ карданд. Мавсуф қайд карданд, ки корхонаҳое, ки солҳои охир ба фаъолият шурӯъ кардаанду, бо ҷиҳози замонавӣ муҷаҳҳазанд, бояд ба масъалаи мумбрами рӯз - масъалаи истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд.
н.и.к., и.в. проф. Мирзораҳимов Қ..К. оид ба мавзӯи “Натуральные красители в пищевой промышленности” маърӯзаи илмиро дар бобати ҳосил намудани рангҳои табиии ғизоӣ аз растаниҳои шифобахш бори аввал моддаҳои фенолӣ аз решаҳои чормағз ва ширинбия ҷудо карда шуда, истифодабарӣ ва аҳамияти онҳо дар саноати хурокворӣ ва омўхтани хосиятҳои физикивию кимиёвии онҳо қайд карда шуд.
Докторанти (PhD) Булбулзода М. гузориши илмиро дар мавзӯи “Получение красителей из хлопчатника” дар асоси корҳои тадқиқотии бобҳои рисолааш пешниҳод кард.

Дар фарҷоми конференсия корманди хизматнишондодаи ҶТ ва Иттиҳоди Шӯравӣ Қурбонов И.И. доир ба рушди соҳаҳои мухталифи саноати хурокворӣ ва роҳҳои ворид кардани техникаю технологияи навоваридошта (инноватсияҳо) ва масъалаи пешниҳоди имтиёзҳо (аз андозҳо озод кардан)ба онҳо баромад карданд.
Дар музокираю муҳосиба ва бо пешниҳодҳо д.и.т., проф. Иброҳимов Х.И., н.и.т., и.в. проф. Мироқилов В.М., д.и.к., проф. Исобоев М., н.и.т. Мирзозода Г.Х., н.и.к. Шарипова М.Б., Одиназода Д. ва иштирокчиёни конференсия фаъолона ширкат варзиданд.

ПЕШНИҲОДҲО
аз гузоришҳои илмии олимони варзидаи пажӯишгоҳҳои АИ ҶТ, профессорону омӯзгорони ФМТ ва КВД “Хӯрокворӣ”
Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари конференсияи илмии ФМТ дар мавзӯи “Рушди саноати хӯрокворӣ дар ҶТ: истеҳсоли ғизои функсионалӣ ва аҳамияти он дар шароити глобалӣ” бахшида ба амалисозии Ҳадафи чоруми Стратегияи рушди миллӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” ва эълон шудани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, роҳбари КВД “Хӯрокворӣ”, олимони варзидаи пажӯишгоҳҳои АИ ҶТ, АИК, профессорону омӯзгорон чунин пешниҳодҳо иброз карда шуданд:

1. Бо истифода аз нерӯи зеҳнии ФМТ – тағйирот ворид кардан ба барномаи таълимӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва таҳияи Дурнамои омода кардани мутахассисони рақобатпазир.
2. Дар доираи талаботи Ҳадафи чоруми Стратегияи рушди ҶТ “Саноатикунонии босуръат” ва ҳамзамон, таъмини “Амнияти озуқаворӣ” бо дарназардошти ба Барномаҳои таълимӣ соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ворид кардани фанҳои вобаста ба Glоbаl GAP, ХАССР ва ISO 22000, корҳои муассир ба анҷом расонида шаванд.
3. Тақвият бахшидан ба истеҳсоли маҳсулоти функсионалию табобатӣ аз партовҳои меваю сабзавоти маҳаллӣ, ки ивазкунандаи ҳалли масъалаи воридотӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза бошанд.
4. Ба низоми омодасозии мутахассисон дар самти ҳамкориҳои судманд бо кордиҳандагон (корхонаҳои истеҳсолӣ, ширкатҳо ва ғайра) тақвият бахшидан. Аммо, дар сатҳи корхонаҳои истеҳсолӣ ба чунин ҳамкорӣ омода нестанд, ки ВС ТН ҶТ барои ҳамкорӣ ба роҳбарони онҳо бевосита дастур диҳанд.
5. Ба фарҳанги донишомӯзӣ дар тамоми сатҳи зинаҳои таҳсилот омодакардани мутахассисон бояд таваҷҷӯҳ зоҳир кард, алалхусус вобаста ба соҳаҳои мухалифи саноат ва таҳия кардани барномаи махсус.
6. Ҷалби донишҷӯёни болёқат, магистрон ва омӯзгорони ҷавони факултет ба корҳои илмию тадқиқотии самтҳои афзалиятноки илм ва вобаста ба талаботи Ҳадафҳои стратегии заминагузор ба рушди кишвар.