HiEdTec-МОДЕРНИЗАТСИЯИ СИСТЕМАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАВАССУСИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар самти фаъолияти берунмарзӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар, дарёфти лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ ва фондҳои дастгирии таълимот дар байни тамоми муассисаҳои таълимии кишвар пешсаф буда, таҷрибаи хеле ғанӣ касб намудааст. Ҳамасола ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ дар озмунҳои гуногуни барномаҳои байналмилалӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб оид ба рушди таҳсилот ва таҳкими заминаҳои таълимӣ  ширкат намуда, соҳиби грантҳо ва бурсияҳои таҳсилӣ мегарданд. Соли таҳсили 2017/2018 маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимии донишгоҳ дар озмуни барномаи ЕРАСМУС+ ширкат намуда, дар ба даст овардани гранти ин барнома дар самти рушди иқтидори муассисаҳои таҳсилоти олӣ муваффақ гардид.

Лоиҳаи HiEdTec – “Модернизатсияи системаи таҳсилоти олӣ дар осиёи марказӣ тавассуси технологияҳои нав асосан ба татбиқи технологияҳои навини иттилоотиву коммуникатсионӣ дар системаи таҳсилоти олӣ равона гардида, барои мусоидат дар азнавсозии низоми таҳсилоти олӣ тавассути сохтани портали захираҳои таҳсилотии кушода марбут ба  азхуднамоии малакаҳои рақамӣ, усулҳои омӯзиш ва сафарбарнамоии саҳмдорон, аз он ҷумла, омӯзгорон, таълимгирандагон ва шарикони иҷтимоию иқтисодӣ роҳандозӣ мегардад.

Кадом омилҳо барои тавлиди лоиҳаи мазкур сабаб гардиданд:  

- Интиқоли технологияҳои рақамӣ ба соҳаҳо (дар асоси талаботи таҳавуллоти 4-уми саноатӣ), ки он иттилоотикунонии системаи таҳсилоти олиро  бо суръати баланд тақозо мегардад, ки дар асоси он консорсиум консепсияҳои мутобиқгардонии системаи таҳсилоти олиро  ба насли рақамӣ бо назардошти шароити мушаххаси ҳар як аъзо-давлатҳо таҳия менамояд.

- талаботи имконият додан ба ҲАМА барои таҳсил дар ДИЛХОҲ вақт ва дар ДИЛХОҲ ҷой бо ёрии ДИЛХОҲ лектор, бо истифода аз ДИЛХОҲ таҷҳизот – компютер, ноутбук, планшет, смартфон ва ғайра, ки консорсиум дар назди донишгоҳҳои аъзо-давлатҳо марказҳо барои технологияҳои инноватсионии таълимӣ таъсис медиҳад.

Натиҷаҳо ва маҳсули лоиҳа чунин хоҳад буд:

- ба миён омадани шабакаи устувори академӣ барои мукаммалгардонии методология, мубодилаи таҷриба ва таҷрибаи беҳтарин дар соҳаи технологияҳои инноватисонии таълимӣ;

- таҳияи панҷ консепсияи мутобиқгардонии системаи таҳсилоти олӣ ба насли рақамӣ – барои ҳар як аъзо-давлатҳо яктогӣ;

- даҳ марказҳо барои технологияҳои инноватсионии таълимӣ – барои ҳар як аъзо-давлатҳо яктогӣ;

- даҳ озмоишгоҳҳои фаъоли таълимӣ;

- таҳияи захираҳои озоди таълимӣ дар низоми абрӣ;

- таҳияи дастур барои татбиқи технологияҳои инноватсионии таълимӣ дар донишгоҳҳои аъзо-давлатҳо;

- ташкил намудани курсҳо барои тренерҳо оид ба азхуд намудани малакаҳои рақамӣ ва усулҳои таълим;

- ташкил намудани курсҳо барои омӯзгорон оид ба азхуд намудани малакаҳои рақамӣ ва усулҳои таълим;

Дар натиҷаи амалигардонии 16 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос дар давлатҳои аврупо гузашта соҳиби сертификатҳои махсус мегарданд.

Дар мумият лоиҳаи мазкур метавонад дар баланд бардоштани сифати таълим тавассути роҳандозии усулҳо ва технологияҳои муосир дар ҷараёни таълим, саҳмгузор бошад.

 

Аҳрор Ҷафаров

Ҳамоҳангсози лоиҳа аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Ҷамъбасти курсҳои қӯтоҳмуддат оид ба роҳандозии усулҳои нави таълим тариқи технологияҳои нав

13.01.2021 дар доираи лоиҳаи “Такмили маълумотӣ олӣ дар Осиёи Марказӣ ба воситаи технологияҳои нав HiEdTech”, бо маблағгузории барономаи ERASMUS+ барои мауллимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, аз курси такмили ихтисоси муаллимон оид ба татбиқи технологияҳои таълимии инноватсионӣ дар ҷараёни таълим сертификатҳо супорида шуд.

Мувофиқи нақшаи таълимии тасдиқшуда барои муаллимон оид ба такмили малакаи истифода бурдани воситаҳои ТИК дар вақти гузарондани машғулиятҳо ва коркарди материалҳои таълимӣ-методӣ курсҳо гузаронда шудаанд. Аз ҷумла, оид ба принсипҳо ва технологияҳои кор дар тахтаи интерактивӣ, проектори интерктивӣ, сохтани намоишҳо (презентатсияҳо) ва видеолексияҳо, истифода бурдани платформаи LMS Moodle, курсҳои фосилавӣ ва ҷойгир кардани материалҳои таълимӣ дар контенти ин платформаҳо гузаронда шудаанд.муфассал

Рӯзи иттилоотӣ

Санаи 15.10.2020 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, дар Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ рузи иттилоотии барномаи “Erasmus +”-   Иттиҳоди Аврупо  баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони сохторҳои донишгоҳ ширкат доштанд ва аз ҷониби ҳамоҳангсозони лоиҳаҳои амалкунандаи ин барнома ва намояндагони шуъбаи равобити хориҷии донишгоҳ маълумоти муфассал пешкаш карда шуд. Ҳозирин зимни баргузории чорабинии мазкур оид ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳашон посухҳои мувофиқ гирифтанд. Ҳамчунини маводҳои иттилоотии ин барнома  ба иштирокчиён дастрас буданд.

Дар чорабинии  мазкур нисбати лоиҳаи зерини амалкунандаи донишгоҳ HiEdTec “Modernisation of Higher Education in Central Asia through New Technologies ” маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд

 

 

ЧОРАБИНИҲО ДАР ДОИРАИ АМАЛИГАРДОНИИ ЛОИҲА

СЕМИНАРИ ЯКУМИ КОРИИ  ЛОИҲА аз 12-ум то 15-юми марти соли 2019 дар Донишгоҳи техникии Русе, Ҷумҳурии Булғористон баргузор гардид.

Ширкаткунандагон: ЮСУПОВ Мирзо Чулиевич - аъзои гуруҳи кории лоиҳа, МУЛОҶОНОВ Баҳодур Абдуҷаборович - аъзои гуруҳи кории лоиҳа.

СЕМИНАРИ ДУЮМИ КОРИИ ЛОИҲА аз 01-ум то 05-уми июли соли 2019 дар Донишгоҳи технологии Алмаато, Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Ширкаткунандагон: Аҳрор Ҷафаров – ҳамоҳангсози лоиҳа аз донишгоҳ, Назаров Сайфудин– аъзои гуруҳи кории лоиҳа.

СЕМИНАРИ СЕЮМИ КОРИИ ЛОИҲА аз 02-юм то 07-уми декабри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошкент, Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.

Ширкаткунандагон: Аҳрор Ҷафаров – ҳамоҳангсози лоиҳа аз донишгоҳ, Назаров Сайфудин– аъзои гуруҳи кории лоиҳа.

 

Ҷамъбасти курсҳои қӯтоҳмуддат оид ба роҳандозии усулҳои нави таълим тариқи технологияҳои нав 13.01.21

ш.Душанбе ДТТ 13.01.2021

Рӯзи иттилоотӣ 15.10.2020

ш.Душанбе ДТТ 13.12.2018

ш.Булғория 12-15 марти соли 2019