Маркази рушди касбият ва инноватсия дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон як механизм ва василаи муҳими стратегӣ дар самти бо ҷойи кор таъминкунии донишҷӯён ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар бозори меҳнат мебошад. Аҳамияти баланди Марказ дар он аст, ки давлат ба кадрҳои босалоҳият, дорои дониш, малака ва маҳорати зарурӣ барои пешбурди фаъолияти касбии худ эҳтиёҷманд мебошад.

Фаъолияти Марказ дар шакли ташкили семинару тренингҳои гуногун ва дарсҳои маҳорат дар якҷоягӣ бо корхонаю ташкилотҳое, ки дар бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо мешаванд, ифода меёбад. Инчунин, дар байни вазифахое, ки ба зиммаи Марказ гузошта шудаанд, ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ(омӯзишӣ), истехсолй ва пешаздипломии студентонро кайд кардан лозим аст.

 

Сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия

Ашурова Нодирабегим Эркиновна

Тел: (+992) 88 887-15-17

E-gmail: nodirabegim0485@gmail.com

 

 

 

 

 

 

 

 

Холикова Нозанин

Мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия

Тел: (+992)

E-gmail:

Мақсади асосии Маркази рушди касбият ва инноватсия

  1. Дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷуён ва хатмкунандагон дар соҳаи рушди таълимии онҳо;
  2. Пешниходи хизматрасониҳои гуногун барои банақшагирӣ ва рушди касбият;
  3. Мусоидат дар ба даст овардани ҳадафҳои касбии донишчуён ва хатмкунандагон;
  4. Ташаккули навгогит малакаи донишчуён ва хатмкунандагон бо максади баланд бардоштани ракобатпазирии онхо дар бозори мехнат;
  5. Гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холи бо максади бо чои кор таъминкунии донишчуен ва хатмкунандагон дар бозори меҳнат.

Марказ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

  1. Барои дониҷӯён ва хатмкунандагон курсҳои такмили ихтисос ташкил ва баргузор менамояд;
  2. Дар ҷустуҷӯи макони таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисос мусоидат менамод;
  3. Барои донишҷӯён ва хатмкунандагон ҷойҳои муваққатии корӣ ташкил менамояд;
  4. Донишҳои касбӣ - тaxассусии донишҷӯён ва хатмкунандагонро ба корфармоён муаррифӣ менамояд.

 

 

 

дар самти - бо ҷои кор таъминкунӣ

  1. Ташкил ва нигоҳ доштани алоқаи доимии ҳамкорӣ бо корфармоён дар омода намудани мутахасиссон барои бозори мехнат;
  2. Пешниҳоди хизматрасониҳои таълими тавасути барномаҳои таълимӣ (тренингхо, семинарҳо ва курсҳои таълимӣ) ҷиҳати дарёфти ҷои кори мувофиқ;
  3. Чамъ, коркард ва пахн кардани миттилооти алокаманд бо идомаи тахсил, кортаъминкун, коромузӣ ва таҷрибаомузӣ дар асоси барномаҳои иҷтимоӣ ва лоиҳаҳои итимоӣ;
  4. Мусоидат намудан дар мутобикшавии хатмкунандагон ба талаботҳои касбии корфармоён.

 

 

дар самти - худмтакмилдиҳӣ

  1. Гузаронидани чорабиниҳо ба монанди ярмаркаҳо, рӯзҳои имкониятҳои рушди касбият, муаррифии ширкатҳо ва ихтисосҳо;
  2. Ташаккули касбияти донишҷӯён ва магистрон оиди ҷавобгӯ будан ба талаботи касбии бозори меҳнат;
  3. Сохтани манбаи иттилоотӣ оиди таъмини фаъолияти самарабахш;
  4. Таъмини имкониятҳо барои рушди касбият, аз ҷумла коромӯзӣ, таҷрибаомӯзӣ, корҳои ҷамъият ва фаъолияти ихтиёрии (волонтерии) донишҷӯён ва хатмкунандагон.

 

 

дар самти - роҳнамоӣ ва такмили ихтисос:

  1. Гузаронидани мониторинг дар бозори меҳнат оиди талаботҳои касбӣ аз рўи ихтисос ва тахассусҳои гуногун;
  2. Пешниҳод намудани маҷмуи хизматрасониҳо оиди гирифтани малакаҳои зарурӣ барои рушди касбият;
  3. Ташкили манбаи маълумот дар бораи хатмкунандагон ва корфармоён вобаста ба имкониятҳои рушди касбият;
  4. Ташкили хизматрасониҳои таълимӣ ба монанди семинарҳо, тренингҳо ва курсҳои омӯзишӣ бо мақсади пайдо кардани мавқеи арзанда, рушди касбият ва такмили ихтисoc.

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 калонтарин ширкатҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳое, ки донишҷӯёнро ба таҷрибаомӯзӣ фаъолона ҷалб намуда, хатмкунандагони донишгоҳҳоро ба кор даъват намуда, дар рушди бомуваффақияти касбии онҳо саҳм мегузоранд, бомуваффақият ҳамкорӣ мекунад.

Имкониятҳои ҳамкорӣ

Ҳамкории расмии ДТТ ва ширкатҳо барои ташкили таҷрибаомӯзӣ мусоидат наменамояд дар раванди бо ҷойи кор таъминшавии  донишҷӯён ва хатмкунандагон  дар барномаҳои таълимӣ ва чорабиниҳои касбӣ интирок варзидани онҳо имкон медиҳад.

Муошират бо донишҷӯён:

  1. Огоҳиҳо дар бораи чорабиниҳои касбӣ, барномаҳои таҷрибавӣ ва таҷрибаомӯзӣ, ҳакатонҳо, экскурсияҳо ва ғайра. дар шабакаҳои иҷтимоӣ, лавҳаҳои иттилоотӣ ва дар вебсайти расмӣ ;
  2. фиристодани иттилооти ахбор ба донишҷӯён ва хатмкунандагон, кураторҳо, мураббиён;
  3. ҷойгир намудани плакатҳои иттилоотӣ дар лавҳаҳои таблиғотӣ дар биноҳои таълимии ДТТ;
  4. таълими иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ва маълумотдиҳӣ ҳангоми банақшагирии стратегияи касбии касбӣ.

Иштирок дар чорабиниҳои касбӣ: Рӯзҳои касб, ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ва дигар чорабиниҳо.

Баргузории чорабиниҳои ширкати шарик дар ДТТ:

  1. дарсҳои маҳорат;
  2. тренингҳо;
  3. семинарҳо;
  4. бозиҳои тиҷоратӣ;
  5. лексияҳои менеҷерони боло;
  6. чемпионати парвандаҳо;
  7. Намоишгоҳҳо;
  8. конференцияхо ва гайра.

Барномаҳои стипендиявии ширкатҳо барои донишҷӯёни ДТТ як роҳи олии таҳкими бренд ва баланд бардоштани шиносии ширкат дар омма мебошад. Ширкат меъёрҳои интихоби донишҷуёнро дар зиммаи  худ ва маблағи стипендияро муқаррар мекунад ва раванди ташкилии минбаъдаро Маркази рушди касбият ва инноватсия ба ӯҳда мегирад.

Ҷалби донишҷӯён ба корҳои лоиҳавӣ барои ширкат: ҳалли парвандаҳо, гузаронидани тадқиқот, навиштани корҳои курсӣ, тадқиқотӣ ва корҳои ниҳоии тахассусӣ дар мавзӯъҳои ширкат.

Хамкориҳо

ВОХӮРИИ СУДМАНДИ КОРФАРМОЁН БО ХАМТКУНАНДАГОН

Дар доираи амалигардонии нақша чорабиниҳо вохӯрии навбатии корфармоён бо хатмкунанадгони донишгоҳ баргузор гардид.
Зимнан намояндагони ҶСК “Алиф Бонк” барои гузаронидани озмуни ҷойҳои холии корӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, бо хатмкунандагони равияҳои технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодии он вохӯрии судмандро доир намуданд. Сараввал муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ Ғафоров Ф.М. меҳмононро аз номи раёсати донишгоҳ хайрамақдам гуфта, изҳор намуданд, ки ҳамкориҳои донишгоҳ бо ширкатҳои ватанӣ, махсусан ширкатҳои мобилӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ сол аз сол рушд меёбад. Қайд карда шуд, ки донишгоҳ дар доираи шартномаи ҳамкорӣ бо ҶСК “Алиф Бонк” ҳамкориҳои судманд дошта, бонки мазкур дар чорабиниҳои дохилидонишгоҳӣ, аз ҷумлаи баргузории мизҳои мудаввар, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, тарғиботи ихтисосҳои он ва ғайраҳо фаъол мебошад. Баъдан намояндагони ҶСК “Алиф Бонк” барои донишҷӯёни курсҳои 3-юм ва 4-уми ихтисосҳои тахассусӣ бо мақсади пешкаш намудани маълумот доир ба имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ, бо таъмини ҷойи кор ва ҳамкориҳои минбаъда намоиш - презентатсия гузаронида шуд. Мақсади асосии ташкили ин чорабинӣ дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо мебошад.


Пас аз намоиш - презентатсия дар байни донишҷӯён барои ҷалби хатмкунандагон дар самтҳои молия, қарз ва бонкдорӣ тест - санҷиш гузаронида шуд. Аз натиҷаи тест - санҷиш барои ба кор қабул кардан бо донишҷӯёни фаъол сӯҳбат - машварат гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ ҶСК “Алиф Бонк” ба донишҷӯён барои иштироки фаъолашон изҳори сипос намуданд.муфассал

Чорабиниҳои касбӣ ва лоиҳаҳои Маркази рушди касбият ва инноватсия

Мақсади асосии баргузории чорабиниҳои касбомӯзӣ ин шиносоӣ бо донишҷӯён ва хатмкунандагон бо ширкатҳое, ки ҳамкорӣ бо ДТТ дорад, нақл  кардан дар бораи салоҳиятҳои дар бозори меҳнат зарурӣ, ҷойҳои холии корӣ ва мусоидат дар ташаккул ва мусоидати рушди касбият мебошад.

Чорабиниҳои касбӣ дар якчанд шакл гузаронида мешаванд:

Ширкати орзудоштаи ман — лоиҳа, якчанд чорабиниҳоро дар бар мегирад: шиносоӣ бо ширкатҳо ва корхонаҳо, ки дар раванди он донишҷӯен  дар бораи имкониятҳои ширкат тасаввурот ва фаҳмиш пайдо мекунанд, дида баромадани тарзи кор бо таҷҳизот ва раванди истеҳсолот. Ҳамчунин дар доираи ин лоиҳа гузаронида мешаванд хакатонҳо, вохӯриҳо, машваратҳо ва бисер дигар чорабиниҳо оид ба рушди касбият якҷоя бо ширкатҳо, ки  донишгоҳ ҳамкорӣ дошта.

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бузургтарин чорабинии касбист, ки дар он намоишгоҳи ширкатҳо, дарсҳои мастер-класс ва тренингҳо, мубоҳисаҳо бо коршиносони ширкатҳо, бозиҳои гуногун, квестҳо, бозии бурд аз ҷониби ширкатҳо ва бисёр чорабиниҳои дигарро дар бар мегирад.

Мақсад аз баргузории «Мизи мудаввар» баланд бардоштани самаранокии мусоидат дар таъмини рушди касбият донишҷӯён ва хатмкунандагони ДТТ мебошад. Вазифаи иштирокчиёни мизи мудаввар аз муайян намудани мушкилот дар бо ҷойи кор таъминшавӣ ва мутобиқсозии хатмкунандагони  ДТТ дар бозори меҳнат, инчунин паҳн намудани таҷрибаи пешқадам оид ба масъалаҳои рушди касбият иборат аст.

Санҷиш ва маслиҳати коршиносон

Кормандони Маркази Карера бо донишҷӯён ва хатмкунандагон оид ба навиштани резюмеи бомуваффақият машварат мекунанд, барои таҳлил ва бартараф кардани хатогиҳо кӯмак мекунанд ва ба мусоҳиба бо корфармо омода мешаванд. Мусоҳибаи озмоишӣ гузаронида мешавад, ки қобилияти муаррифии худ дар донишҷӯёнро инкишоф медиҳад.

Донишҷӯён аз 3 намуди таҷрибаомӯзӣ мегузаранд:

1.Таҷрибаомӯзии таълимӣ – таҷриба оид ба гирифтани малака ва маҳорати ибтидоии касбӣ мебошад. Вай аз таълимоти амалии мутахассиси оянда иборат буда, донишҳои назариявии гирифтаашро мустаҳкам менамояд.

Мақсади амалияи таълимӣ ба даст овардани таҷрибаи ибтидоии касбӣ мебошад.

2.Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ – ин дар амалия аз худ кардани маҳорати касбӣ ва пайдо намудани таҷриба дар раванди фаъолияти касбӣ.

Мақсади таҷрибаомӯзӣ таҳким ва амиқ гардонидани донишҳои дар раванди таълим аз худ кардаи донишҷӯён; омӯзонидани маҳорат ва малакаҳои зарурӣ барои кор аз рӯи ихтисоси интихобкарда ва аз худ намудани таҷрибаи ибтидоии касбӣ мебошад.

3.Тачрибаомӯзии пешаздипломӣ — дар тамоми комплекси фаъолияти амалии университет мархилаи охирин аст. Таҷрибаи пешазинтихоботӣ ҷузъи муҳими раванди таълим буда, ба донишҷӯ имкон медиҳад, ки ба навиштан ва ҳимояи кори ниҳоии тахассусии худ хуб омода шавад.

Макони таҷрибаомӯзӣ

 

Рузномаи таҷрибаомӯзӣ

 

Дастури методӣ барои гузаштани таҷрибаомӯзии донишҷӯён

Кафедраи физика, телекоммуникатсия ва фанҳои техникӣ

Методические указания по прохождению производственной практики дла студентов 1 43 010601

 

Методические указания по прохождению производственной практики дла студентов 1 45 010301

 

Кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ

Дастури таълмии тачрибаомузии таълими ихтисосхои 1 40010102, 1 40010104, 1 25011024

 

Дастури таълмии тачрибаомузии пеш аз рисолаи хатм барои ихтисосҳои 140010202,1 40 010104, 125011024

 

Дастури таълмии тачрибаомузии истехсолии ихтисосҳои 1 40 010202, 1 40 010104, 1 25 011024

 

Кафедраи технологияи маснуоти нассочӣ

Дастури методӣ барои ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимии ихтисосҳои 1 50010201 1 50010202 1 50010107

 

Кафедра молия ва карз

Дастури таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пеш аз рисолаи хатм барои ихтисоси 1 25010410

 

Яке аз масъалаҳои муҳими таҳсилоти муосир ин таъмини сифати он мебошад, ки мафҳуми системавӣ буда, тамоми фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбиро фаро мегирад.

Мониторинги фаъолияти таълимии хонандагон ин мониторинги доимии раванди таълим бо максади назорати татбиқи унсурҳои таълим, аттестатсияи фосилавии хонандагон ва баъд аз таҳлили натиҷаҳо мебошад.

Мониторинги донишҷӯён дар охири ҳар семестр гузаронида мешавад. Назорати донишчӯён дар асоси Дафтарчаи мониторинги рақобатпазирии донишҷӯ гузаронида мешавад. Мақсади таҳия ва дар амал татбиқ намудани Дафтарча аз он иборат аст, ки бо истифода аз сомоаи махсус рақобатпазирии донишҳои касбӣ тахассуии донишҷӯёни мо ба корфармояндагони дохили кишвар ва берун аз он зина ба зина муаррифӣ карад шавад, то дар оянда ҳар яки доонишҷӯ имкон пайдо кунад, ки дар бозори озоди меҳнат мавқеи сазоворро дарёбад.

7 ТАЛАБОТИ МУҲИМИ

рақобатпазирии донишҷӯи донишгоҳи технологии тоҷикистон

Шартҳои рақобатпазирӣ

Боодоб, хоксор ва нексиришт будан, яъне зоҳир намудани эҳтиром нисбати устодону ҳамсабақон ва пайваста тартиб дода тавонистани модели мақсадноки худтакмилдиҳии касбӣ дар раванди таҳсил ва ҳамкорӣ бо корфармояндагон
Дар ҳар нимсолаи таҳсил таҳия намудани лоиҳаи инноватсинӣ ё муаррифии ихтироот дар соҳаи эҷодиёти техникӣ ва ё навоварии тахассусӣ
Зоҳир намудани малакаи муқотиботи расмӣ ва омода будан ба фаъолияти “Ҳукумати электронӣ” дар раванди иштирок ва натиҷагирӣ дар чемпионати тез, зебо ва бехато навиштани иттилооти расмии иборат аз 100 ва зиеда калима
Ба забони тоҷикӣ;
Ба забони русӣ;
Ба забони англисӣ.
Ба яке аз забонҳои хориҷӣ озодона муошират кардан (дар ҳолати идеалӣ - ба 2 ва зиёда забонҳо):
Зоҳир намудани донишҳои баланди касбӣ аз технологияи компютерӣ, алахусус:
1.     Истифода бурда тавонистан аз шабакаҳои Интернет;
2.     Истифода бурда тавонистани суроғаи электронии фардӣ барои мукотиботи расмӣ ба омӯзгор ҷиҳати иҷрои  корҳои мустақилона;
3.     Дар як дақиқа ҳуруфчинӣ карда тавонистан на кам аз 150 аломат.
Дар асоси мақсадҳои гузошташуда тартиб дода тавонистани бизнес-нақшаи лоиҳа, алахусу, барои ҳалли масъалаҳо оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ё ин ки баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолот дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доништани малакаи шохмотбозӣ
Натиҷагирии иҷрои талаботҳои  рақопатпазирӣ
Доштани сертификати донандаи забони хориҷӣ
Доштани сертификат оид ба забонҳои барномасозӣ
Доштани сертификати баҳисобгирии муҳосибӣ (1С)
Доштани шаҳодатномаи дастовардҳои зеҳнӣ ва ё эҷодиёти тахассусӣ
Доштани сертификат оид ба малакаи шаҳмотбозӣ

КАРИМЗОДА Мансур Тағой

 

Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат

 

Ғафоров Ф

 

Олимҷонзода Уктам Олимҷон

 

Раҳимзода Музафар Иди

 

САТТОРОВ Абдурасул Абдуғаффорович

 

Яминзода Заррина Акрамовна

 

Назарзода Рустам Саидмурод

 

Абдуллоев Умарҷон Ҳабибуллоевич

 

Бегмуродов Сангинмурод Шамсидинович

 

Мирзозода Гулаҳмад Хол

 

Ҷалилов Фирӯз Раҷабалиевич

 

Шарипова Мавзуна Бахриддиновна

 

Ҷафаров Аҳрор

 

Ашурова Нодирабегим Эркиновна

 

ШОГУРЕЗОВ Худоёр Алушиевич

 

Шоҳзода Назира Изатуллоевна

 

ЯҚУБЗОДА Маъруф Садруддин

 

Абдуҳаминов Мунъим Абдумамадович

 

Бозорова Нозанин Эшонқуловна

 

Гудименко Егор Худойбердиевич

 

ДАВЛЯТОВА Меҳрангез Меликовна

 

КАБИРОВ Фирдавс Одилшоевич

 

Қличев Зоҳиб Раҳматуллоевич

 

Мулоҷонов Баҳодур Абдуҷаборович

 

НИЁЗБОҚИЕВ Обидҷон Сафарбоқиевич

 

Ниятбекзода Фариза Лалбек

 

Нураков Тоҷиддин

 

ОЛИМБОЙЗОДА ПАРВИНАИ АҲМАДБЕК

 

Ризвонова Умеда

 

Самадов Исломиддин

 

Тошматова Зулфия Маҳмудовна

 

Тураева Гульноз Нормаматовна

 

Халиқова Мавзуна Масруровна

 

Бойматова Насиба Исраиловна

 

Валишина Алина Рафаиловна

 

Гафурова Ганчина Ҷурабековна

 

Зайнидинов Дилшод Рустамович

 

Садикова Сайёра Абдурақибовна

 

Хамидова Дилором Насруллоевна