Амонзода Илҳом Темур
Амонзода Илҳом Темур – 8 декабри соли 1970 дар оилаи зиёӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбышев) вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Солҳои 1978-1988 дар мактаби миёнаи рақами №6 ба номи А.Рудакии ноҳияи А.Ҷомӣ таҳсил намудааст; Соли 1989 ба Донишкадаи политехникии Фрунзе (Ҷумҳурии Қирғизистон) ба факултети Технологӣ дохил шуда то сентябри соли 1990 дар он ҷо таҳсил намудааст. Соли 1990 бо сабаби вазъи ноороми сиёсии Ҷумҳурии Қирғизистон ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, факултети Механикию технологӣ, ихтисоси 1201- “Технологияи мошинсозӣ” интиқол ёфта онро соли 1994 бомувафақият хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 аз вазифаи челонгари Колонаи механиконидашудаи махсуси (СПМК-7) Вазорати мелиоратсияи РСС Тоҷикистон оғоз намуда то августи соли 1989 дар он кору фаъолият намудааст. Солҳои 1994-1998 тибқи тақсимот дар вазифаи ассистенти кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ фаъолият намудааст. Солҳои 1998-2001 дар шўъбаи рўзонаи аспирантураи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, кафедраи “Технологияи масолеҳҳои конструксионӣ” таҳсил намуда рисолаи номзадиашро соли 2003 дар шўрои диссертатсионии Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намуда соҳиби дараҷаи “номзадии илмҳои техникӣ” гаштааст. Солҳои 2001-2002- муаллими калони кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ; Солҳои 2002-2003 – Мудири шўъбаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Солҳои 2003-2008-Сардори Идораи таълимию методии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ; Солҳои 2008-2011- Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ; Солҳои 2011-2013- декани факултети Механикию технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ; Сардори Идораи таълимию методии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ; Солҳои 2014-2016 Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ. Аз моҳи июли соли 2016 то ҳол – ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.