- Шуъбаи КИТ ва ОКИП
- Докорантура (PhD)
- Маҳфилҳои илмӣ-эҷодӣ ва маърифатии донишҷӯён
- Чорабиниҳои илмӣ
- Маҷаллаҳои ДТТ
Ҳасанов Абдураҳим Раҳмонович
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент,
сардори шуъба
Мақсаду вазифаҳои шуъбаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташкил, назорат ва танзими фаъолияти илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалии сохторҳои дахлдори донишгоҳ, ташкил ва назорати иҷрои нақшаҳои ҷорӣ ва дарозмуҳлати фаъолияти илмии факултет ва кафедраҳои донишгоҳ дар асоси талабот ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
Самтҳои асосии фаъолияти шуъба:
-ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ;
-таъмини иштироки олимон, омӯзгорон, докторантон, унвонҷӯён, аспирантон, магистрантон ва донишҷӯён дар анҷуманҳо, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва муҳокимаи корҳои илмӣ, чорабиниҳои илмӣ, озмун ва олимпиадаҳои сатҳи донишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
-ташкили раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот;
-такмил ва назорати пайвастаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии воҳидҳои сохтории донишгоҳ, маҳфил ва семинарҳои илмии донишҷӯён;
-такмил ва назорати фаъолияти марбут ба таҳриру тасҳеҳи таълифоти илмӣ;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии татбиқи дастовардҳои илмии донишгоҳ дар истеҳсолот ва ғайра;
- омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогии сатҳи баланд.
Дар назди шуъба бахшҳои зерин фаъолият менамоянд:
- докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD);
- маҳфилҳои илмӣ-эъҷодӣ ва маърифатии донишҷӯён;
- чорабиниҳои илмӣ;
- маҷаллаи “Паёми ДТТ” ва маводи конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ.
Ҳоло дар 19 кафедраи донишгоҳ 208 омӯзгор фаъолияти илмӣ-педагогӣ анҷом медиҳанд, ки аз ин шумора 10 нафар дорои дараҷаву унвонҳои илмии доктор, профессор ва 94 нафар дорои дараҷаву унвонҳои илмии номзади илм, доктор аз рӯйи ихтисос (PhD), дотсент мебошанд.
Дар миёни профессорону устодони донишгоҳ мутахассисони маъруфи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, дорандагони мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии соҳаи илму маориф фаъолият менамоянд.
ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮЙИ ИХТИСОС (PhD)
Докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ин шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва муассисаҳои илмӣ бо додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос барои шаҳрвандоне, ки дараҷаи академии магистр доранд, мебошанд.
Докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD)-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон раванди тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогиро мувофиқи Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, № 93 тасдиқ гардидааст ва талаботи байналмилалӣ ва принсипҳои раванди Болонӣ таъмин менамояд.
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мувофиқи Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон АУ № 0002786 аз 07.05.2019 № 3506 таҳсил дар докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) аз рӯйи 8 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Шакли таҳсил дар докторантура рӯзона мебошад ва муҳлати таҳсил 3 солро ташкил медиҳад.
Ихтисосҳои докторантура аз рӯи ихтисос (PhD):
- 6D072400 – Мошин ва таҷҳизоти технологӣ (аз рӯйи соҳаҳо);
- 6D072410 - Мошинҳо, агрегатҳо ва равандҳо (саноати хӯрокворӣ);
- 6D072411 - Мошинҳо, агрегатҳо ва равандҳо (саноати сабук);
- 6D072700 – Технологияи маҳсулоти хӯрока (аз рӯйи соҳаҳои татбиқ;
- 6D073300 - Технология ва лоиҳакашии маснуоти нассоҷӣ;
- 6D070500- Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ;
- 6D050601- Назарияи иқтисод;
- 6D050701- Иқтисод ва идораи хоҷагии халқ (бо нишон додани ришта ва соҳаҳои фаъолият, аз ҷумла иқтисод, ташкил ва идораи корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо; иқтисоди аҳолӣ ва демография; иқтисоди соҳибкорӣ).
Номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки барои дохилшавӣ ба докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) бояд пешниҳод гарданд:
- ариза ба номи ректор;
- нусхаи шиноснома;
- анкетаи дохилшаванда ба докторантура;
- нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои онҳо (дипломи бакалавр ва магистр);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);
- сертификати супоридани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);
- мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
- рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати пешниҳод накардани реферат аз рӯйи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);
- маълумотномаи тиббии шакли 086-У;
- 6 расми андозаи 3х4;
Ҷадвали дарсии нимсолаи 1-уми соли таҳсили 2021-2022
Ҷадвали дарсии нимсолаи 2-юми соли таҳсили 2021-2022
Ҷадвали дарсии нимсолаи 1-уми соли таҳсили 2022-2023
Ҷадвали дарсии нимсолаи 2-юми соли таҳсили 2022-2023 Ҷ
Ҷадвали дарсии нимсолаи 1-уми соли таҳсили 2023-2024
Ҷадвали дарсии нимсолаи 2-уми соли таҳсили 2023-2024
МАҲФИЛҲОИ ИЛМӢ-ЭҶОДӢ ВА МАЪРИФАТИИ ДОНИШҶӮЁН
Дар донишгоҳ бо мақсади рушди қобилияти зеҳнӣ, тадқиқотӣ, навовариву ихтироъкорӣ ва эҷодкории донишҷӯён, ки ҷузъи муҳимми низоми тайёр намудани мутахассисони баландихтисос мебошад, дар назди кафедраҳо 19 маҳфилҳои илмӣ-эҷодӣ ва маърифатии донишҷӯён фаъолият доранд: “Илм дар истеҳсолот”, “Ихтироъкорон”, “Барги сабз”, “Бофандаи ҷавон”, “Фарҳанги либоси миллӣ”, “Сиёсатшиноси ҷавон”, “Фалсафа - меҳр ба хирад”, “Математика барои муҳандисон”, “Иқтисоди рақамӣ ва интеллекти сунъӣ”, “Фарҳанги алгоритмӣ ва интеллекти сунъӣ”, “Менеҷери ҷавон”, “Иқтисодчиёни асри нав”, “Иқтисодчиёни ҷавон”, “Иқтисодчии байналмилалӣ”, “Менеҷер ва маркетологи ҷавон”, “Эҷодиёти техникӣ”, “Собеседник”, “Суханвар”, “POLYGLOT”, ки аз онҳо 9-тоашон ба самти илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ дахл доранд: “Илм дар истеҳсолот”, “Ихтироъкорон”, “Барги сабз”, “Бофандаи ҷавон”, “Фарҳанги либоси миллӣ, “Математика барои муҳандисон”, “Иқтисоди рақамӣ ва интеллекти сунъӣ”, “Фарҳанги алгоритмӣ ва интеллекти сунъӣ”, “Эҷодиёти техникӣ”.
Мақсади асосии фаъолияти маҳфилҳо ҷалб намудани донишҷӯёни майл ба корҳои илмӣ-амалӣ, ихтироъкорию навоварӣ ва эҷодидошта маҳсуб мегардад. Ин ҳадаф дар раванди ҳамкорӣ ва аз худ намудани усулҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва навовариву эҷодкорӣ дар мисоли тайёр намудани маърузаҳо, навиштани мақолаҳо, муаррифиномаҳо, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ихтироъкорӣ амалӣ карда мешавад.
Фаъолияти маҳфилҳо дар асоси нақшаи кории маҳфилҳо, ки аз ҷониби роҳбарони маҳфилҳо тартиб дода шуда, дар кафедра муҳокима ва тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.
Ҳуҷҷатгузорӣ тибқи талаботи ВМ ва И ҶТ тартиб дода шуда, дар кафедраҳо ба роҳ монда шудааст. Нақшаи кори маҳфилҳо барои соли таҳсили 2021-2022 омода ва тасдиқ шудааст. Баъд аз ҷамъомадҳои маҳфил суратҷаласаҳо тартиб дода шуда, ҳисобот бо аксҳо ба шуъбаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ пешниҳод мегардад.
Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ (24-25 ноябри соли 2023) ҚИСМИ 1
Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ (24-25 ноябри соли 2023) ҚИСМИ 2
Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ (24-25 апрели соли 2023) Қисми 1
Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ (24-25 апрели соли 2023) Қисми 2
Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ (18-19 ноябри соли 2022) ҚИСМИ 1
Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ (18-19 ноябри соли 2022) ҚИСМИ 2
Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ Кисми 1 (22-23 апрели соли 2022)
Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ Кисми 2 (22-23 апрели соли 2022)
Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ Қисми 1 (15 - 16 октябри соли 2021)
Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ Қисми 2 (15 - 16 октябри соли 2021)
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (27-феврали соли 2021)
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (23-24 апрели соли 2021) ҚИСМИ 1
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (23-24 апрели соли 2021) ҚИСМИ 2
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (20-21 ноябри соли 2020) ҚИСМИ 3
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (20-21 ноябри соли 2020) ҚИСМИ
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (20-21 ноябри соли 2020) ҚИСМИ 1
Конференсия байналмилалии илмӣ-амалӣ (ноябри 2019) Қисми 1.
Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ (ноябр 2019) Қисми 2.
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (28 апрели соли 2018) Қ 1
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (28 апрели соли 2018) Қ 2
Маводи конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ (17-18 - ноябри соли 2017)
Маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ (23-24-уми ноябри соли 2018)
Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (28-29 - апрели соли 2017)
Маводҳои Аввалин Форуми байналмилалӣ (15-17 майи соли 2015)
Маводҳои конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ (18-19 декабри соли 2015)
Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (13 - июнии соли 2015)
Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (13 - июнии соли 2015
Конф. апрел. Илм ва мухити инноватсиони
Маводҳои 5-умин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ (7-8 ноябри соли 2014)
МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ 3-ЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ
МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ 4-УМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ
Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (26-27 апрели соли 2013)