
Ҳасанов А.Р
номзади илмҳои иқтисодӣ
Сардори идораи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ
Мақсаду вазифаҳои асосии идораи корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ташкил, назорат ва танзими фаъолияти илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалии сохторҳои дахлдори донишгоҳ, ташкил, татбиқ ва назорати иҷрои нақшаҳои ҷорӣ ва дарозмуҳлати фаъолияти илмии факултетҳои донишгоҳ дар асоси талабот ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Самтҳои асосии фаъолияти идора:
-ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ;
-таъмини иштироки олимон, омӯзгорон, докторантон, унвонҷӯён, аспирантон, магистрон ва донишҷӯён дар конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва озмунҳо, семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва муҳокимаи корҳои илмӣ, анҷуманҳо ва чорабиниҳои илмии сатҳи донишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
-ташкили раванди пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи самараноки онҳо дар истеҳсолот;
-такмил ва назорати пайвастаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии воҳидҳои сохтории донишгоҳ, маҳфил ва семинарҳои илмии донишҷӯён;
-такмил ва назорати фаъолияти марбут ба таҳриру тасҳеҳи таълифоти илмӣ;
-ташкил ва ҳамоҳангсозии иртиботи дастовардҳои илмии донишгоҳ бо истеҳсолот ва ғайра.
Идораи корҳои илмӣ-таҳқиқотии Департаменти илм ва татбиқот аз воҳидҳои сохтории зерин иборат мебошад:
-Шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;
-Шуъбаи магистратура;
-Шӯрои диссертатсионӣ;
-Шӯрои олимони ҷавон;
-Идораи маҷаллаи «Паёми ДТТ».

