Шуъбаи равобити хориҷӣ ва масоили иҷтимоӣ
Департаменти равобити хориҷӣ дар соли 1992 баҳри танзиму таҳкими равобити хориҷӣ ва рушди фаъолияти байналмилалии ДТТ таъсис дода шудааст.
Шуъбаи равобити хориҷӣ аз замони таъсис бар дӯши кормандони ботаҷриба ба мисли Наҷмиддинов Х. (1992-1993), профессор Исмоилов А.А. (1993-1994), д.и.и Ашуров С.Б., Абдуллоева М. (1994-1996), д.и.и. Усмонова Т.Ҷ., Бобоҷонова Х.И (2000-2001), д.и.ф-м. Каримов Ф.Ҳ. (2001-2004), доктори илмҳои техникӣ Азизов Б.С. (2004-2006), д.и.ф. Хоҷамуродов О.Ҳ. (2006-2009) вогузор шуда буд. Аз соли 2010 то инҷониб департаменти муносибатҳои байналхалқӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ таҳти роҳбарии д.и.т., проф. Х. Бобоев қарор дорад.
Самтҳои асосии шуъба:
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар;
- кор бо сафоратхонаҳо, созмонҳо ва фондҳои байналмалалӣ дар ш. Душанбе;
- таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо ҷиҳати ба даст овардани грантҳои Иттиҳоди Аврупо;
- таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома, созишнома ва протоколҳои байнидонишгоҳӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм;
- таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома ва созишномаҳо оид ба ҳамкории байни созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишвар;
- назорати татбиқи созишномаҳои байнидонишгоҳӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо кишварҳои хориҷӣ;
- назорати раванди таҳсили донишҷўён, коромўзон, аспирантон ва устодони хориҷӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
- таъмини назорати риояи реҷаи раводид ва қоидаҳои иқомати донишҷўён, аспирантҳо, коромўзон ва устодони хориҷӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ;
- таъмини ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таълимӣ ва коршиносони соҳа ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти байналмиллалӣ дар соҳаи маориф ва роҳҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба;
- Ҳамкориҳои зич дар доираи лоиҳаи барномаҳои Эрасмус+, FP7 ва Горизонт 2020-и Иттиҳоди Аврупо.
- ҷустуҷў ва дарёфти барномаҳо, лоиҳаҳо ва фондҳои байналмилалие, ки грантҳои соҳаи маориф ва илм;
- таҳияи барномаҳои муштарак оид ба фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи таҳсилот, таълиму тарбия, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон дар заминаи технологияҳои муосир;
- муаррифии лоиҳаҳои инноватсионии байналмилалии грантӣ;
- таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи инноватсионии байналмилалии грантӣ.
Тибқи созишномаҳои ҳамкорӣ, як қатор лоиҳаҳои илмӣ амалӣ карда шуданд, ки донишҷӯён ва устодон бо мақсади таҷрибаомӯзӣ ва иштирок дар симпозиумҳо ва конфронсҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд. Дар ин муддат 1280 донишҷӯи тоҷик аз ҷумлаи донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия, кишварҳои ИДМ ва дигар кишварҳои хориҷӣ таҳсил карданд.
Дар доираи як созишномаи дуҷонибаи ДТТ ва Донишгоҳи давлатии Полотски Ҷумҳурии Беларус, аз 1 сентябри соли 2019 дар Донишгоҳи Технологияи Тоҷикистон як факултаи муштарак фаъолият мекунад, ки дар он мутахассисон дар ду соҳа таълим мегиранд: 1360701-Мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати кимиёӣ ва корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ ва 1700501-Тарроҳӣ, сохтмон ва истифодаи қубурҳои газу нафт ва иншооти нигоҳдории газу нафт. Таҳсил дар ин факултет дар ду марҳила сурат мегирад: ду соли аввал дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ду ё се соли дигар дар Донишгоҳи давлатии Полотски Ҷумҳурии Беларус.
Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар ва иштироки фаъолона дар лоиҳаҳои грантӣ беш аз 200 нафар омўзгорону кормандон ва 50-нафар донишҷўён курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисосро аз худ намуда, соҳиби сертификатҳову дипломҳои байналмилалӣ гаштанд. Инчунин аз буҷети лоиҳаҳои грантӣ барои донишгоҳ таҷҳизот ва маводи дарсӣ харидорӣ шудааст, ки дар раванди таълим самаранок истифода мегарданд.
Мубодила
Шуъбаи равобити хориҷии Донишгоҳои технологии Тоҷикистон дар доираи Барномаи Erasmus + аз рӯи самти KA1 – International Credit Mobility мубодилаи донишҷӯён, устодон ва кормандони донишгоҳро бо муассисаҳои таҳсилоти оли касбии Иттиҳоди Аврупо ба роҳ мондааст. Дар доираи барномаи мазкур бо муассисаҳои таҳсилоти оли касбии зерини Иттиҳоди Аврупо созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст:
Донишгоҳи технологии Силесия, Лаҳистон
http://www.polsl.pl/en/strony/0_welcome.aspx
Донишгоҳи Лас Палмас де Гран Канария, Испания
Донишгохи техникии Рига, Латвия
Донишгоҳи техникии Вилнюс, Литва
http://www.vgtu.lt/index.php?lang=2
Донишгоҳи техникии Карадениз, Трабзон, Туркия (Karadeniz Technical University, Trabzon, TURKEY)
http://ec.europa.eu/education/opportunities/higher-education/study-mobility_en.htm
Донишгоҳи Аҳи Эвран, ш. Кирсехир, Туркия
Донигоҳи Беут оид ба фанҳои дақиқ, Берлин, ҶФ Олмон
Донишгоҳи Ангел Канчев,Булғористон
ДАСТОВАРДҲОИ ДТТ ДАР РАВАНДИ АМАЛИШАВИИ ЛОИҲАҲОИ ГРАНТИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ(2010-2019)
Теъдоди умумии донишҷўён, омўзгорон ва кормандони ДТТ, ки аз тарафи лоиҳахои Барномаи Темпус, Эрасмус Мундус ва Эрасмус+ барои тахсил ба хорича сафарбар гаштаанд (нафар)