Шуъбаи равобити хориҷӣ
Шуъбаи равобити хориҷӣ дар соли 1992 баҳри танзиму таҳкими равобити хориҷӣ ва рушди фаъолияти байналмилалии ДТТ таъсис дода шудааст.
Шуъбаи равобити хориҷӣ аз замони таъсис бар дӯши кормандони ботаҷриба ба мисли Наҷмиддинов Х. (1992-1993), профессор Исмоилов А.А. (1993-1994), д.и.и Ашуров С.Б., Абдуллоева М. (1994-1996), д.и.и. Усмонова Т.Ҷ., Бобоҷонова Х.И. (2000-2001), д.и.ф-м. Каримов Ф.Х. (2001-2004), доктори илмҳои техникӣ Азизов Б.С. (2004-2006), д.и.ф. Хоҷамуродов О.Ҳ. (2006-2009) вогузор шуда буд. Аз соли 2010 то инҷониб департаменти муносибатҳои байналхалқӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ таҳти роҳбарии д.и.т., проф. Х. Бобоев қарор дорад.
Шуъбаи равобити хориҷӣ воҳиди мустақил дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки тавассути он фаъолияти байналмилалии донишгоҳ ҳамоҳанг гардонида мешавад. Инчунин, шуъба масъалаҳои барқарор намудани робитаҳои Донишгоҳро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар раванди мубодилаи донишҷўён ва устодон дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, таълиму тарбия, такмили ихтисос ва тадқиқотҳои илмии муштарак низ ҳаллу фасл менамояд.
Вазифаҳои асосии шуъба
1. Таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома, созишнома ва протоколҳои байнидонишгоҳӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо кишварҳои хориҷӣ;
2. Таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома ва созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ байни созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишвар;
3. Назорати татбиқи созишномаҳои байнидонишгоҳӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо кишварҳои хориҷӣ;
4. Назорати раванди таҳсили донишҷўён, коромўзон, аспирантон ва фаъолияти устодони хориҷӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
5. Таҳияи лоиҳаҳои грантӣ ва иштирок дар озмунҳои грантии байналмилалӣ;
6. Вусъат бахшидан ба раванди мубодилаи байналмилалии донишҷўён;
7. Дарёфти грантҳо барои таҳсили донишҷўён, коромўзӣ ва такмили ихтисоси омўзгорон;
8. Дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ таъмин намудани назорати риояи реҷаи раводид ва қоидаҳои иқомати донишҷўён, аспирантҳо, коромўзон ва устодони хориҷӣ дар ДТТ;
9. Муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва роҳҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таълимӣ ва коршиносони соҳа;
10. Масъулияти танзим, ҳифзу бойгонии асноди меъёрӣ, фармонҳо, мукотибот ва дигар маводи марбути шуъба;
11. Пешбурди корҳои дафтардорӣ ва чопу танзими онҳо;
12. Ба танзим овардани санадҳо ва кӯмак дар гирифтани раводид ба донишҷўёни барои таҳсил ба хориҷа сафаркунанда;
13. Ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии ҶТ барои ба танзим овардани санадҳо, гирифтани раводиди таҳсил ва бақайдгирии донишҷўёни хориҷӣ;
14. Тайёр намудани маълумоти муффасал барои ҳар як донишҷӯе, ки аз хориҷи кишвар дар ДТТ таҳсил менамоянд;
15. Қабули ҳисоботи донишҷўён, кормандону устодони ДТТ, ки барои таҳсил, сафари хидматӣ, таҷрибаомўзӣ, давраҳои омўзиши илмӣ ва ҳамоишҳои (конфренсияҳои) илмӣ ба кишварҳои хориҷӣ сафар кардаанд;
16. Ба қайдгирӣ ва нигоҳдории асноди донишҷўён ва устодони хориҷие, ки дар ДТТ таҳсил ва кор мекунанд;
17. Назорати раванди таҳсили донишҷўён, коромўзон, аспирантон ва устодони хориҷӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
18. Пазироӣ аз меҳмонони хориҷие, ки ба ДТТ ташриф меоранд;
19. Дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои равобити хориҷии мактабҳои олии ҶТ эълон намудани Бурсияиҳои таҳсилӣ барои донишҷўён ва омўзгорон дар доираи созишномаи баимзорасонидашудаи байнимуассисавии Барномаҳои ERASMUS+, GIZ, JICA, DAAD;
20. Дар ҳамкорӣ бо Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати Маориф ва илми ҶТ дастрас намудани маълумоти аниқ оиди барномаҳои байналхалқӣ барои таҳсил, таҷрибаомўзӣ ва корҳои илмӣ дар хориҷи кишвар ва ба саҳми донишҷўён, муаллимон ва кормандон расонидани онҳо;
21. Бо кормандон ва донишҷўёне, ки аз хориҷи кишвар баъди таҳсил бармегарданд, ташкил намудани вохўриҳо оид ба дастовардҳои мактабҳои олии хориҷи кишваре, ки онҳо таҳсил намудаанд.
Тибқи созишномаҳои ҳамкорӣ, як қатор лоиҳаҳои илмӣ амалӣ карда шуданд, ки донишҷӯён ва устодон бо мақсади таҷрибаомӯзӣ ва иштирок дар симпозиумҳо ва конфронсҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд. Дар ин муддат 1280 донишҷӯи тоҷик аз ҷумлаи донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия, кишварҳои ИДМ ва дигар кишварҳои хориҷӣ таҳсил карданд.
Дар доираи як созишномаи дуҷонибаи ДТТ ва Донишгоҳи давлатии Полотски Ҷумҳурии Беларус, аз 1 сентябри соли 2019 дар Донишгоҳи Технологияи Тоҷикистон як факултаи муштарак фаъолият мекунад, ки дар он мутахассисон дар ду соҳа таълим мегиранд: 1360701-Мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати кимиёӣ ва корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ ва 1700501-Тарроҳӣ, сохтмон ва истифодаи қубурҳои газу нафт ва иншооти нигоҳдории газу нафт. Таҳсил дар ин факултет дар ду марҳила сурат мегирад: ду соли аввал дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ду ё се соли дигар дар Донишгоҳи давлатии Полотски Ҷумҳурии Беларус.