Департаменти илм ва татбиқот мутассадии асосии баланд бардоштани нерӯи зеҳнии донишгоҳ, филиал ва дигар ҷузҳои сохтории он аз нигоҳи тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ буда, кафолати  муфиднокии фаъолияти аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра ва факултетҳоро таъмин менамояд, роҳҳои ҳавасмандгардонии дар мӯҳлатҳои нишондодашуда ҳимоя намудани рисолаҳои номзадӣ ва докториро ҷустуҷӯ намуда, онро дар амал татбиқ менамояд ва фаъолияти докторантураи PhD-ро ҳамоҳанг месозад. Консепсияи ташкил намудани технопаркҳо, озмоишгоҳҳои фаннӣ ва гузаронидани корҳои илмӣ-татқиқотиро дар раванди омӯзиши фанҳо ва ҷалб кардани донишҷӯёну омӯзгорон ба фикрронии инноватсионӣ, навоварию эҷодкорӣ, дар сатҳи кафедра ва факултетҳо ташкил намудани маҳфилҳои эҷодии худтакмилдиҳии донишҳои касбиро таъмин менамояд. Дар асоси пешниҳоди факултетҳо барномаи таҷрибаомӯзии техникӣ, технологӣ ва истеҳсолиро ташкил намуда, бо корхонаҳои саноатӣ шартномаҳои ҳамкориро ба имзо мерасонад.

Аз рӯзи таъсисёбии Коллеҷи олии технологии саноати сабук ва хӯрокаи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) дар сохтори он Департаменти илм ва татбиқот таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро Наҷмиддинов С. Ҳ.  соли 1990 бо фармони собиқ ректори коллеҷи олии технологӣ Пӯлодов П.А. ба вазифаи проректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ ба уҳда дошт. Баъдан дар соли 1992 н.и.ф.-м., дотсент Ашӯров С.Б. аввал ба вазифаи проректор оид ба илм ва сипас ба вазифаи проректор оид ба таълим ва фаъолияти илмӣ таъин гардид.

Дар соли таҳсили 1993-94 ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ аллакай соҳиби иқтидори илмӣ гашта, зарурати муаррифӣ намудани ин иқтидор пеш омад. Бо ин мақсад н.и.т., дотсент Шоев Н.Н. ба вазифаи проректор оид ба илм таъин гардида бо пешниҳоди моҳи феврали соли 1994 масъалаи таъсис додани «Маҷмааи корҳои илмии ДТТ» бо баровардани 2 маротиба дар як сол ба миён омад. Ин иқдом ба мақсади баланд бардоштани мақоми илм дар фаъолияти донишгоҳ ва кормандони он равона гашта буд. Акнун омӯзгорон, махсусан мутахассисони ҷавон имкон пайдо карданд, ки дар маҷмааи мазкур мақолаҳои илмии хешро чоп кунанд ва дар рушди касбии худ ҳамчун олимони оянда замина гузоранд.

Солҳои 1995-1997 ба вазифаи проректор оид ба илм н.и.ф.-м., профессор Ли И. Н., таъин гардид.

Тайи солҳои 1997-2000 дар вазифаи проректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ д.и.и., профессор Усмонова Т.Ҷ. фаъолият кардааст.

Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолият дар самти тарбия кардани кадрҳои илмӣ аз 1 ноябри соли 1999 дар назди донишгоҳ шӯъбаи аспирантура кушода шуд. Акнун омӯзгорони донишгоҳ, пеш аз ҳама мутахассисони ҷавон имкон пайдо намуданд, ки дар машғулиятҳои мақсаднок аз фанни «Забони хориҷӣ» ва «Фалсафа» иштирок намуда, имтиҳонҳои минимуми номзадиро аз ин фанҳо бевосита дар донишгоҳ супоранд. Дар тӯли солҳои фаъолияти аспирантура даҳҳо нафар аспирантон ва ӯнвонҷӯён аз чунин имконият истифода бурданд.

Ба вазифаи проректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ аз 16.10.2000 то 2009 д.и.т., профессор Азизов Б. С. фаъолият намудааст.

Тайи солҳои 2009-2019 дар вазифаи проректор оид ба илм ва татбиқот номзади илмҳои техникӣ, и.в. профессор Ҳакимов Ғ.Қ. фаъолият кардааст.

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тибқи Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 барои тайер намудани доктор (PhD) аз рӯи ихтисос, аз рӯи 7 самт ва 10 равия қабули довталабонро ба докторантура (PhD) оғоз намуд.

Аз 01.02.2019 то ҳол доктори илмҳои техникӣ, и.в. профессор, академики Академияи байналмилалии таҳсилоти аграрӣ Ғафоров А.А. ба ҳайси муовини ректор оид ба илм ва татбиқот фаъолият дорад.