Шарифов Раҷабалӣ Сафарович
Cармуҳаррири Рӯзномаи “Фановар”-и ДТТ
Рӯзномаи “Фановар”, ки муассисаш Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад, аз соли 2008 фаъолият дорад. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 0136/рз ва баъдан 4 июли соли 2017 таҳти рақами 007/рз-97 аз нав ба қайд гирифта шудааст.
Вазифаи сармуҳарририи ҳафтаномаро аз давраи таъсисёбиаш то имрӯз аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсари интернатсионалист Шарифов Раҷабалӣ Сафарович ба уҳда дорад.
Аввалин шумораи “Фановар” 19-уми марти соли 2008 ба табъ расид, ки аксар маводҳои он ба ҷашни “Наврӯз” бахшида шуда буд. Рӯзнома аз рӯзи таъсисёбиаш то ба имрӯз аз ҳаёти устодону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ, инчунин дастовардҳои илмию фарҳангӣ, варзишӣ ва навоварию ихтирооти донишҷӯёну устодон, магистрону аспирантон хабару мақола ва лавҳаю гузоришҳои зиёдро чоп намудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки рӯзнома имрӯз низ дар тарѓибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат, бахусус сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо ному кори ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ марбут аст, инчунин тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ифтихор аз ватану ватандорӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, роҳҳои пешгирӣ ва шомил нагардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро, бегонапарастӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб нақши пешоҳангиро иҷро карда, дар саҳифаҳои худ вобаста ба ин мавзӯъҳо маводҳои зиёдро рӯи чоп оварда истодааст.
ФАНОВАР 24-уми декабри соли 2022
ФАНОВАР 12 феврали соли 2021
ФАНОВАР июн (2019)
ФАНОВАР январ (2019)