Занон дар тарғиби арзишҳои муқаддам оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ҳисси муносиб гузошта  ба ин восита мақоми зан-модарро, ки пешбарандаи ҳаёти ҷамъият ва асоси бахту нишот мебошад, боз ҳам баланд мебардоранд.

Бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Комилова Нилуфар ба уҳда дорад, фаъолияти хешро тибқи Қонунҳои амалкунанда нисбати занон ба роҳ мондаанд. Дар назди бахш Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ  таъсис дода шудааст, ки  вазифаҳои он  ба занону духтарон шинос намудани қонунҳое, ки ба онҳо тағироту иловаҳо ворид карда мешаванд, инчунин баланд бардоштани  ҳуқуқ ва ҳимояи онҳо дар асоси баробарии гендерӣ ва паҳн намудани иттилоот оид ба вазъи занон, тарғиби ҳаёти солим, камолоти маънавӣ, масъулияти баланди ҷавонон ҳангоми бунёди оила мебошад.

Чорабиниҳо

Конференсияи илмӣ назариявӣ дар мавзўи Ҳунарманд заминаҳои омӯзиш ва рушди он дар оила

Фестивали байналмилалӣ – анъанавӣ, ҳунар ва муди Тоҷикистон