Набиев Лангарӣ Холбозорович
Мудири шуъбаи тарғиботию фарҳангӣ
Шӯъбаи тарғиботӣ, ки соли 2010 таъсис ёфта буд, аз 1-уми ноябри соли 2016 тибқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ бо номи шуъбаи тарғиботию фарҳангӣ фаъолият намуда истодааст.
Мудирони шуъба: аз соли 2010 то 2014 – Раҷабова Дилафрӯз; 2014 – 2015 – Мирзоев Шермуҳаммад; 2015 – 2016 – Кабиров Фирдавс Одилшоевич, аз соли 2016 то соли 2019 Гулбекова Наргис Баротовна ва аз январи соли 2019 то ба имрӯз Туроншоев Хуршедшо Шеравзалович мебошанд.
Дар зерсохтори шӯъба рӯзномаи “Фановар” ва ансамбли “Зуҳал” фаъолият менамоянд.
Мақсади асосии шуъба амалӣ гардонидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тарғибу ташфиқи фарҳанги бойи аҷдодӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, тарбияи ҷавонони ватандӯсту худогоҳ ва содиқ ба муқаддасоти кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.